1-Маънои луғавии калимаи тайиба сухани хӯбу покиза ва хушу пок аст, ки он беҳтарини суханҳо бошад.
2-Мурод аз калимаи тайиба “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ”, яъне калимаи иқроркунанда ва тасдиқкунандаи тавҳиди Аллоҳ таоло ва пайғамбарии Муҳаммад (с) аст.
3- Маънои калимаи тайиба чунин аст: Ба ҷуз Аллоҳ таъоло ҳеҷ худои ҳақу ростине нест ва Муҳаммад (с) пайғамбари Аллоҳ аст”.
4- Калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ” бо ду ном маъруф мебошад:
1-Бо “Калимаи тайиба”. Зеро аз ҷумлаи суҳанони поку хушбӯ, мисли калимаи тавҳид, зикри Аллоҳ, тасбиҳу тиловати Қуръон ва ғайра мебошад, ки дар ояти 10 сураи “Фотир” онҳоро Аллоҳ таоло гуфтори покиза ва сухани пок гуфтааст. Чуноне мефармояд:
{إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ})فاطر: 10)
“Сухани пок ба сӯи Ӯ боло меравад”.
2-Бо “Калимаи тақво”: Зеро Аллоҳ таоло дар ояти 26 сураи “Фатҳ” чунин фармудааст:
{وَأَلْزَمَهُمْ كَلِمَةَ التَّقْوَى } (الفتح: 26)
“Ва онҳоро ба калимаи тақво пойбанд кард”.
Дар ривояти “Саҳеҳи Ибни Ҳиббон” бо санади саҳеҳ ҳазрати Абуҳурайра (р) калимаи тақворо чунин тафсир кардааст:
” لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَمُحَمَّدٌ رَسُولُ الله”. (كذا في صحيح ابن حبان – محققا -1/ 452- عن ابي هريرة واسناده صحيح)
“Он, яъне калимаи тақво “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ” мебошад, ки мушрикон аз пазируфтани он дар рӯзи сулҳи байни мусулмонон ва мушрикон дар минтақаи Ҳудайбия такаббурӣ карда буданд”.
Фазилати калимаи Тайиба
Тамоми фазилатҳои калимаи тавҳид ва калимаи шаҳодат калимаи тайибаро низ дар бар мегиранд ва дар ҳадисҳои саҳеҳ фазилатҳои бисёре дар мавриди калимаи тавҳид ва шаҳодат зикр шудаанд ва ба зикри онҳо дар мавзеъи худашон иктифо мекунем. Аммо як чизро ёдоварӣ мекунем, ки ба забон овардану тасдиқ кардани калимаи тайиба ҳамроҳ бо калимаи тавҳид ва шаҳодат барои ғайри мусулмонон ягона роҳи наҷоти аз дӯзах аст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: «وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ، لَا يَسْمَعُ بِي أَحَدٌ مِنْ هَذِهِ الْأُمَّةِ يَهُودِيٌّ، وَلَا نَصْرَانِيٌّ، ثُمَّ يَمُوتُ وَلَمْ يُؤْمِنْ بِالَّذِي أُرْسِلْتُ بِهِ، إِلَّا كَانَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 134/ 240 – 153)
“Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти билокайфи Ӯст, ҳар яҳудӣ ва насроние, ки даъвати манро мешунавад ва дар ҳоле мемирад, ки ба ончи фиристода шудаам имон наовардааст, аз бошандагони дузах хоҳад буд”.
Муфассал >> Шаш калимаи динӣ


