Чанд донистании муфид дар бораи чашми инсон

0

Яке аз узвҳои муҳими инсон чашм мебошад ва бино ба таҳқиқи муҳаққиқони соҳа ҳамарӯза инсон аз 80 то 90 фоизи иттилоъро тавассути чашм дарёфт мекунад. Ин узви ниҳоят нозукро бояд хеле эҳтиёт кард, то солҳои зиёд дар хизмати шумо бошад, вале бояд донист, ки бе доштани дониши кофӣ дар бораи чашм ин кор муяссар намешавад. Аз ин рӯ барои шумо чанд маълумоти муфидро дар ин бора гирд овардем.


Баръакси гӯшу бинӣ андозаи гавҳараки чашми инсон давоми зиндагии шахс тағйир намеёбад.


Чашми инсон қодир аст, ки дар як сония 50 кадр[1] ё худ расмро бубинад.


Ҳангоми бо суръати тез мутолиа кардан чашм дер хаста мешавад ва баръакси он ҳангоми бо суръати суст мутолиа намудан инсон зуд хасташавиро ҳис мекунад.


Чашм узви хеле хурд бошад ҳам, кори онро 6 мушак танзим мекунад.


Чашми бунафшранг
Чашми бунафшранг (24smi.org)

Камёбтарин ранги чашм бунафшранг мебошад. Соҳибони ин намуди чашмро аҳёнан дар Кашмири Шимолӣ дучор шудан мумкин аст. Инчунин танҳо 1%-и инсонҳо дорои чашмони дуранга мебошанд.


Инсон бо чашмҳои кушода атса зада наметавонад.


Дар як чашм тақминан 107 млн ҳуҷайра мавҷуд аст.


10 далели ҷолиб дар бораи инсон
10 далели ҷолиб дар бораи инсон

Диаметри чашми инсон тахминан 2,5 см буда, вазни он 8 грамм аст.


Духтурон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми кор кардан бо телефони мобилӣ ҳар 30 дақиқа таннафус намудан лозим аст, чунки чашм ҳангоми мутолиаи матн аз телефони мобилӣ, ки ҳарфҳои нисбатан хурд дорад, зудтар хаста мешавад.


Дар торикӣ ба экрани ниҳоят равшан нигоҳ кардан ба чашмон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ ҳангоми дар торикӣ истифода намудани телефони мобилӣ, компютер ва ё оинаи нилгун экрани дастгоҳро торик намоед.


Сарбории зиёд чашмро хаста мекунад
Сарбории зиёд чашмро хаста мекунад (wikimedia.org)

Барои беҳтар кардани кори чашм табибон истеъмоли витамини С ва Е-ро тавсия медиҳанд. Ин витаминҳоро бештар дар таркиби меваю сабзавот вохӯрдан мумкин аст.


Сигоркашӣ ва бехобӣ ба қувваи биниши инсон таъсири хеле манфӣ мерасонад.


Дар оянда компютерҳоро на ба воситаи мушак балки ба воситаи чашм идора кардан мумкин хоҳад шуд. Аллакай мутахассисон аз донишгоҳи Лондон (University of London) технологияеро, ки ба воситаи чашм идора намудани компютерро фароҳам месозад, омода намудаанд.


Дар натиҷаи мутолиаи зиёди китоб, муддати дароз нигоҳ кардан ба равзани компютер ва ё оинаи нилгун инсон хастагии чашмҳоро ҳис мекунад. Агар инсон ба ин аҳамият надиҳад, чашмҳо зарари ҷиддӣ мебинанд. Барои эмин мондан аз ин гуна хатарҳо баъд аз ҳар 1 соат чашмҳоро 10-15 дақиқа истироҳат бояд дод. Дар мавриди машқ додани чашмҳо ҳангоми кор бо компютер ин ҷо мутолиа кунед: Тарзи дурусти кор бо компютер 

Хотираи инсон чӣ гуна ва ғунҷоиши он чанд аст?


[1] Кадр – расмҳое, ки навори видеоӣ аз онҳо таркиб ёфтааст. 1 сонияи видео вобаста ба шакли пахш чанд расмро фаро мегирад. (1 сонияи пахши HD = 25/50 кадр)


Сарчашмаҳо: wikipedia.org, 24smi.org, adme.ru
Расм аз wallpapersite.com

Мақолаи қаблӣХотираи инсон чӣ гуна ва ғунҷоиши он чанд аст?
Мақолаи баъдӣЧанд донистанӣ дар бораи интернет

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед