Монеъони закот (шарҳи Чахоркитоб)

0

Закот ҳақи фақирон ва мустамандон дар моли сарватмандон аст ва касоне, ки закотро намепардозанд ва ҳақи фақиронро адо намекунанд ду тоифаанд:

1. Тоифаи аввал касоне ҳастанд, ки ба фарз будани закот ва ба ҳақ будани рӯзи қиёмат имон надоранд. Аллоҳ таоло дар ояти ҳафтуми сураи“Фуссилат”мефармояд:

{الَّذِينَ لَا يُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ} )فصلت: 7(

“Касоне закот намедиҳанд, онон ашхосе мебошанд, ки ба рӯзи қиёмат имон надоранд”.

2. Тоифаи дуввум касоне ҳастанд, ки ба фарз будани закот ва ба рӯзи қиёмат имон доранд, вале ашхоси бахиланд ва адо кардани закотро бар зарарашон мепиндоранд ва ҳақи фақиронро аз молашон адо намекунанд.

Дар бораи чунин ашхос Аллоҳ таоло дар ояти 180 сураи”Оли Имрон”  чунин фармудааст:

{وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَبْخَلُونَ بِمَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ هُوَ خَيْرًا لَهُمْ بَلْ هُوَ شَرٌّ لَهُمْ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُوا بِهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلِلَّهِ مِيرَاثُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ. وَلِلَّهِ مِيرَاثُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ } )آل عمران: 180(

“Касоне, ки ба ончи Аллоҳ таоло аз фазли худаш ба онон додааст бахилӣ мекунанд, гумон накунанд, ки он бахилияшон барои онҳо беҳтар аст, балки бар зиёну зарари онҳост. Фардои қиёмат он моли закоте, ки аз бахилӣ адо накардаанд тавқе дар гарданашон мешавад! Ҳама дороиҳои осмон ва замин аз Аллоҳ аст ва Аллоҳ ба ончи мекунед огоҳ аст”.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) баён кардааст, ки чигуна фардои қиёмат моли пардохтнашудаи  закот тавқ, яъне гарданбанд бар гардани соҳиби мол мегардад. Чуноне мефармояд:

“مَنْ آتَاهُ اللَّهُ مَالًا فَلَمْ يُؤَدِّ زَكَاتَهُ مُثِّلَ لَهُ مَالُهُ شُجَاعًا أَقْرَعَ، لَهُ زَبِيبَتَانِ يُطَوَّقُهُ يَوْمَ القِيَامَةِ،يَأْخُذُ بِلِهْزِمَتَيْهِ – يَعْنِي بِشِدْقَيْهِ – يَقُولُ: أَنَا مَالُكَ أَنَا كَنْزُكَ “ثُمَّ تَلاَ هَذِهِ الآيَةَ: {وَلَا يَحْسِبَنَّ الَّذِينَ يَبْخَلُونَ بِمَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ} إِلَى آخِرِ الآيَةِ  (كذا في صحيح البخاري -6/ 39/ 4565 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،).

“Ба касе Аллоҳ таоло сарват бидиҳад ва Ӯ закоти молашро напардозад, он молро Аллоҳ таоло фардои қиёмат ба шакли мори бузургу каллони соҳиби ду неш мегардонад ва он аждаҳо ба гардани соҳиби мол мепечад ва ду тарафи чеҳраашро мекашад ва мегӯяд: Ман моли туям! Ман ганҷи андухтаи туям! Сипас Пайғамбар (с) ояти “Касоне, ки ба ончи Аллоҳ таоло аз фазли худаш ба онон додааст бахилӣ мекунанд, гумон накунанд, ки он бахилияшон барои онҳо беҳтар аст, балки ба зиёну зарари онҳост. Фардои қиёмат он моли закоте, ки аз бахилӣ адо накардаанд тавқе дар гарданашон мешавад!”-ро то охираш хонд”.

3. Агар қавме закоти молро тарк бисозанд хатари он аст, ки Аллоҳ таоло ҳамаи онҳоро ба хушксолӣ ва ё мусибатҳои дигаре гирифтор бикунад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти Табаронӣ бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«لَمْ يَمْنَعْ قَوْمٌ زَكَاةَ أَمْوَالِهِمْ إِلَّا مُنِعُوا الْقَطْرَ مِنَ السَّمَاءِ، وَلَوْلَا الْبَهَائِمُ لَمْ يُمْطَرُوا”. (كذا المعجم الكبير للطبراني -12/ 446- 13619 – عَنِ ابْنِ عُمَرَ،:.. صحيح كما في صحيح الجامع الصغير وزيادته -2/ 924 5204 – «)

“Кадом мардумоне, ки закоти моли худро намепардозанд, аз борон маҳрум мешаванд ва агар чаҳорпоён намебуданд ба таври кулли аз борон маҳрум мешуданд”.


Маърифати закот. Шарҳи ибодатҳои молӣ. Садақа

Мақоми закот дар ислом

Мақолаи қаблӣМақоми закот дар ислом (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣМоли закот – Закот чи қадар аст? (Шархи Чоркитоб)