Тафсири Сураи Касас Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 54
اُولٰٓٮِٕكَ يُؤۡتَوۡنَ اَجۡرَهُمۡ مَّرَّتَيۡنِ بِمَا صَبَرُوۡا وَيَدۡرَءُوۡنَ بِالۡحَسَنَةِ السَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقۡنٰهُمۡ يُنۡفِقُوۡنَ ٥٤
Улаика юътавна аҷраҳум-м марратайни би ма сабару ва ядрауна би-л-ҳасанати-с-саййиата ва мим ма разақнаҳум юнфиқун. 54.
54. Ин ҷамоъат, бо сабаби он ки сабр карданд, музди онҳо ду баробар дода мешавад ва бадиро бо хислати нек дафъ мекунанд ва аз он чӣ онҳоро рӯзӣ додаем, харҷ мекунанд.
Гурӯҳе аз аброри аҳли китоб, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, ба хотири он ки аз аввал то ба охир ба китобҳои илоҳӣ, ҳамчунин ба пайғамбарони пешин ва ба пайғамбари охирзамон имон оварданд ва бо сабаби имондориашон ҳарчи ба сарашон омад, сабру субот варзиданд, имони худро ба ҳеҷ чиз иваз накарданд, бадиҳо (суханҳои зишт)-ро бо некиҳо ҷавоб гуфтанд, аз он чи, ки Худованд ба онҳо ризқу рӯзии ҳалол дода буд, дар роҳи ризоии Аллоҳ чун закот ва садақаҳои нофила, сарф карданд, ба поси ҳамаи ин амалҳои некашон Худованд ба онҳо ду баробар подош медиҳад: Подоши аввал барои он аст, ки эшон ба китоби осмонии худашон имон оварда, пойбанду вафодор буданд, подоши дигаре, ки насиби онҳост, ба хотири он аст, ки ба пайғамбаре, ки ваъдаи омадани онро дар китобҳояшон хонда буданд, имон оварданд.
Бо ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим (р), дар ҳадиси шариф, аз Абӯ Мӯсои Ашъари (р) омадааст, ки Расулаллоҳ (с) чунин гуфанд: «Се тоифа инсонҳоро ду баробар аҷр дода мешавад:
1-ум: Марде аз аҳли китоб, ки ба китоби аввал ва ба китоби охир имон овардааст.
2-ум: Марде, ки канизаке дорад, онро одоб омӯхта, адабашро некӯ кардааст, сипас ӯро озод мекунаду баъд аз он ба ӯ издивоҷ мекунад.
3-ум: Ғуломест, ки ибодати Парвардигорашро накӯ анҷом медиҳад ва ҳамеша хайрхоҳи хоҷаи худ мебошад.»
Барои маълумоти бештар ба ояти 22-юми сураи «Муъминун» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «