Хамхобаги бо зан аз пушт / кафо

0

Хамхобаги бо зан аз пушт / кафо, ҳамхобаги бо зани худ аз кафо, алокаи чинси аз кафо бо зани худ аз назари Ислом дар ин саҳифа оварда мешавад.

Як гуруҳи каме аз мардуми гумроҳ ва заифимон аз ҳамхобаги кардан бо ҳамсар аз пушт ҳеҷ тараддуд ва дӯри намеҷӯянд ва аз он парҳез намеварзанд, дар ҳоле ки ин кор аз гуноҳони кабира ва бузург аст, ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шахси ин амалро мекардагиро лаънат ва нафрин кардаанд, Чуноне ки аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳ) ривоят шуда, ки ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

(Малъун аст) Лаънат карда шудааст касе, ки аз пушт бо ҳамсараш ҳамхоба шавад”. Ривояти имом Аҳмад 2/479

Балки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Ҳар касе дар вақти ҳайз бо ҳамсараш алоқа кунад, ва ё бо вай аз пушт алоқа кунад ва ё назди фолбине биравад, (ҳукмаш ин аст, ки) ба он чи бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст кофир шудаст”. Ривояти Тирмизӣ 1/243


Бисёри аз заноне ки фитрати солим ва саҳеҳ доранд аз ин кор дӯри ва онро рад мекунанд, аммо шавҳаронашон ононро барои қабул накардани ин кор ба талоқ додан таҳдид мекунанд. Баъзе касоне ки ҳамсаронашон аз пурсидани ҳукми ин кор аз уламо шарм медоранд, онҳоро фиреб дода вонамуд мекунанд, ки ин кори ҳалол ва ҷоиз аст, ва боз ин оятро ҳамчун далел бар онҳо зикр мекунанд. Худованд мефармояд:

«Занони шумо киштзори шумо ҳастанд. Ҳар гуна, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед». Сураи Бақара, ояти 223.

Бояд донист, ки ҳадиси Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), Қуръонро тафсир мекунад, ва дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар баён фармудаанд, ки барои шавҳар ҷоиз аст, ки бо ҳар роҳ ва равише, ки мехоҳад (ба пушт, паҳлу, аз пас, аз боло ва ғайра) бо ҳамсараш алоқа кунад аммо ба шарте ки ин алоқа  фақат аз роҳи табиӣ ва роҳи ба дунё омадани кудак бошад, ва маълум аст, ки қафо ҷои ихроҷи наҷосат аст, на роҳи ба дунё омадани кудак.

Яке аз сабабҳо ва омилҳои ин ҷиноят, ворид намудани мероси палиди ҷоҳилие аз робитаҳои нодуруст ва ҳаром бар зиндагии покизаи заношавҳарӣ аст ва ҳамчунин аз саҳнаҳои филмҳои фоҳишае, ки ҳамаҷо паҳн гаштааст, таъсир гузоштааст, инчунин тавба накардан ва рӯй наовардан ба даргоҳи Илоҳӣ. Ва бадеҳӣ аст, ки ин амал ҳаром ва ноҷоиз аст, агар чи ҳар ду тараф (зану шавҳар) бар ин кор розӣ бошанд, зеро розигии зану шавҳар бар ин кор ҳаромро ҳалол намегардонад.


Танбеҳ ва фатво вижа барои хоҳарони Аҳли Суннат:

Ҳар занеро ки шавҳар ба ин кори палид маҷбураш месозад ва насиҳат намешунавад, занро раво аст ки ба хонаи падар баргардад ва миқдори як идда (муддати се ҳайз) ба ин марди нобакор муҳлати тавба диҳад, ва чун ин марда тавба кард бояд зан аз ӯ забонхат гирифта дар он ваъдадор шудани ӯро ки ба ин амал дигарбор барнамегардад барои эҳтиёт сабт намояд, онгоҳ ба шавҳари худ бармегардад ва дар сурати такрор шудан ва тавба шикастану адами қабули насиҳат аз ҷониби мард он ҳолат занро воҷиб аст ки аз ин марди фосиқ дурӣ ҷуста роҳи фасхи никоҳро ба фавтои шаръӣ биҷуяд.

Аз шабакаи Ҳидояти занон


Тарзи Алокаи чинси карданро инҷо хонед <<

Мақолаи қаблӣПарик мондан (пайванди муй) барои зан ва мард
Мақолаи баъдӣОё медонед? Фактҳои гуногуни ҷолиб