Хоби дурӯғ бофтан дар Ислом барои обру ёфтан ва машҳур шудан >>

Бархе аз мардум барои касб кардани шӯҳрат ва машҳур шудан ва ё ба даст овардани манфиати моддӣ ва ё тарсонидани касе, ки бо ӯ душмани ва ихтилоф доранд, қасдан хобҳоеро аз худаш метарошад ва даъво мекунад, ки чунин ва чунон хобе дидааст ва бисёри аз мардум ба хоб эътиқод ва ихлоси сахте доранд ва ба содагӣ фиреб мехуранд ва чунин дурӯғҳоро қабул мекунанд. Барои касе, ки ба чунин гуноҳ даст мезанад ваъдаи сахте ворид шудааст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:
«Аз бузургтарини тӯҳматҳо он аст, ки инсон худро ба ғайри падараш нисбат диҳад ва ё он, ки бигӯяд: дар хоб чунин ва чунон дидам, дар ҳоле, ки чунин хобе надида бошад ва ё он, ки аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чизеро ривоят кунад, ки (Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) он чизро нагуфта бошад»
Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 6/540
Ва инчунин Ҳазрат (с) фармудаанд:
“Ҳар касе вонамуд кунад, ки хобе дидааст ва аз пеши худ хоберо нақл кунад, ки воқеият надошта бошад, рӯзи қиёмат Худованди мутаол ӯро амр мекунад то ду дона ҷавро боҳам гиреҳ кунад ва ҳар гиз наметавонад ин корро анҷом диҳад” Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 12/427
Гиреҳ кардани ду ҷав бо ҳамдигар кори маҳол ва номункин аст, ва ин сазои муносиб ва аз ҷинси ҳамон кор аст.


