Зардушт кист? Оё у Паёмбар буд?

0

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна баҳсҳо мешавад, махсусан атрофи Зардушт ва дини Зардуштия. Ҳатто баъзеҳо дар баҳс ӯро “Паёмбари Ислом” ҳам таъмин задаанд (наузубиллоҳ).

Чунин мегӯянд, ки аксарият паёмбарон номашон дар Қуръон ва Ҳадис наомадааст, аз ҳамин сабаб чунин тахмин мезананд. Марҳамат барои шумо далелу фактҳо аз худи форсҳо дар бораи Зардушт, ки оё ӯ паёмбар буд ё не?

Зардушт ки буд? Оё ӯ паёмбар буд, ё каззоб ва дуруғгу буд?

Қуръон чи зебо фармудааст:

قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ.

 Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, далели худро биёваред».

Банда ҳамеша дуст медорам вақте маворидеро бо қалам рӯи қоғаз биоварам бо далелҳо баён дорам, ки шахси хонанда тасаввур накунад, ки суханҳои бофтае аз пеши худ гуфтааст. Ва инчунин қонеъ гардад ки ҳақиқатро мегӯянд, чун барои гуфтораш ҳуҷҷат ва далелро овардааст. Ва бояд ҳар шахсе ки суханеро пешкаш мекунад барои гуфтораш далелу бурҳон дошта бошад он гоҳ суханаш нақше бар мафкураҳо хоҳад гузошт,дар ғайри ин сурат бе натиҷа аст..

Банда мехоҳам дар ин маврид назари бузургони торих ва ҳамчунин олимон ва торихшиносони исломро рӯи мақола биоварам.

Аз он ҷумла мехоҳам гӯям ки аксари ин торихшиносон форси забон аст, зодаи Мовароуннаҳр ҳастанд…

1.-Абурайҳони Берунӣ (форс).

 Дар китоби машҳури худ ( Ал -Осор – ул -Боқия,  Ал-Қурун-ул-Холия)  Зардуштро муддаийи дурӯғин номида ки бархе аз мардум фиреби ӯро хӯрдаанд.

Дар фасли ҳаштуми китоб ба унвони (Гуфторе дар торихи муддаиёни дурӯғини паёмбари ва умматҳое, ки фиреби ононро хӯрдаанд) пас аз будо ва бархе дигар, номи Зардуштро оварда ва ба сароҳат ӯро муддаийи дурӯғини паёмбари ва зардуштиёнро умматҳои махдуҳ (фиребхӯрда ) медонад.

(Абурайҳони Берунӣ, Ал -Осор – ул -Боқия,  Ал-Қурун-ул-Холия, саҳ. 243-247)

2.-Абӯ Али Балъамӣ.(форс)

Ва муғонро яке паёмбар буд, ки ӯро Зардушт гӯянд ва оташпарастиро амали савоб донист, хоҳар модар дар никоҳ дароварданро амали нек ва ибодат донист. Ва ҳар ки гуноҳ кунад бо пешоби гов ғусл кунад пок гардад.

(Яъне гуфтани аст ки ин як дурӯғгӯ аст ки чунин кирдорҳои зиштро савоб ва амали нек медонистааст.)

(Торихӣ Балъамӣ. Ҷил. 1, саҳ. 469)

3.-Абӯ Саъиди Гардизӣ, (форс)

Дар китоби торихии худ дар бораи Зардушт менависад: Ва чун вай биомад оташпарасти фармуд, ва никоҳ ба хоҳар, модар, духтар ҷоиз кард.

(Абӯ Саъида Гардизӣ, “Зин -ул-Ахёр” саҳ 51)

4.-Фахриддини Розӣ, (форс).

Дар бораи Зардушт мегӯяд:

أن أكثر المسلمين إتفقوا على أنه كان كاذبا.

Аксари мусалмонон иттифоқи назар доранд, ки каззоб буд (на паёмбар.)

(Фахриддини Розӣ, Тафсири “Мафотиҳ -ул- Ғайб, ҷил. 10. Саҳ. 23-24)

5.-Ибни Ҷарири Табарӣ, (форс)

Торихшиноси машҳур ба нақли ҷамъе аз уламои аҳли китоб ва ҳамчунин муаррихин аз ҷумла Ибни Асирӣ Ҷазарӣ, Шарофиддин Фазлуллоҳи Ҳусайнӣ ва ғайра мегӯяд, ки: Зардушт аз мардуми Фаластин буд ва ходими яке аз шогирдони Армиё буд, ки ба вай хиёнат кард ва дуруғ гуфт . Пас ӯ ҳам нафринаш кард, Зардушт ба диёри Озорбойҷон гурехт ва дини маҷусиро бунёд кард.

(Торихи Табарӣ, ҷил, 2. саҳ. 456.)

6.-Зиёуддин Ҷурҷонӣ, (форс).

 Тасриҳ кардааст, ки Зардушт, дурӯғгӯ буд.

(Зиёвиддинӣ Ҷурҷонӣ, Расоили форсӣ, саҳ. 118).

7.-Муло Алӣ Қорӣ. (форс)

 Олими бузурги аҳли суннат мегӯяд, ки Зардушт паёмбар набуд. Балки хурофотеро вориди дини Илоҳи кард.

(Муло Алӣ Қори, “Шарҳ-ул-Шифоъ”, ҷил. 2, саҳ. 251)

8.-Шарофиддин Фазлуллоҳӣ Ҳусайнии Қазвинӣ.(Форс) .

 Зардуштро як инсони каззоб ҷоҳил ва гумроҳ талақи намуда ва мардумро фиребхӯрдаи у мепиндорад .

(Ал -Муъҷам фи Осорӣ Мулук-ул – Аҷам, саҳ 225)

9.-Абулҳасани Мовурдӣ .

 Зардуштро як шахси ҷоҳил ва дурӯғгӯ медонистааст.

(Абулҳасанӣ Мовурдӣ, “Эълом -ул-Нубувваҳ,” саҳ. 44)

10.-Ибни Асирӣ Ҷазарӣ .

 Зардуштро ба унвони шахси дурӯғгӯ, ҷоҳил ва гумроҳ медонистааст.

(Ибни Асирӣ Ҷазарӣ, Торихи Комилӣ бузурги ислом ва Эрон, ҷил. 3, саҳ, 105)

Қазоват бо шумо аст.

Ба дӯстонатон равон кунед!

Мақолаи қаблӣМаснави дар васфи Домулло Хикматулло Точикободи
Мақолаи баъдӣФактхои чолиби Точикистон аз Стофактов.рф