– Хаста шудам. Бо ӯ идома дода наметавонам…
– Талоқ бихоҳ, ҷудо шав. Обрӯят аз ҳама чиз болотар аст.
– Шавҳарамро дар назар надорам. Манзурам мудири корхона аст.
– Ҳаа. Сабру таҳаммул бикун. Кор оянда (карьера)-ат аст.
🙂

Феминизм мехоҳад занро аз зери фармони шавҳар озод намуда дар итоати роҳбар, раис, мудир… қарор диҳад.
Зане, ки ба афкори зиёновари ин равия мутассир шуда бошад, аз вай гуфта ва тасарруфҳои аҷиб дида мешавад.
Масалан, вазифаи бузурги модарӣ ва идораи оила, ки оила муҳимтарин “корхонаи одамбарорӣ” буда кор дар ин “муассисаи инсонсозӣ” бошарафтарин вазифа аст, онро бекорӣ ва хонашинӣ медонаду агар худро аз субҳ то шом дар коргоҳ паҳлуи мардҳои бегона бубинад, худро зани дар зиндагӣ муваффақ мепиндорад.
Агар вазифаҳои ҳамсарӣ, тарбияи фарзандон ва хидмати шавҳар соатҳо на, рӯзҳо дер шавад, барояш кори оддӣ аст, зеро иддиъояш ин аст, ки ӯ инсон аст на хидматгори мард, аммо ҳатто 10 дақиқа дер кардани кори фармудаи мудири корхонаро айбу тақсир мешуморад.
Зани феминистка дар ҳар масала бо шавҳар баҳсу муноқиша мекунад, зеро иддиъо дорад, ки ӯ низ инсон аст ва бояд назари ӯ дар умури зиндагӣ ба инобат гирифта шавад, вале агар мудири коргоҳ ҳар амру фармон диҳад, чашм гуфта бе чуну чаро иҷро мекунад.
Феминизм равияест, ки бузургтарин вазифаеро, ки Офаридгори Ҳаким бо он вазифа занро иззату шарофат бахшида аст, мехоҳад ба ӯ гӯяд ин корҳо аз одатҳои куҳнаи ҷомеаҳои ақибмонда аст. Хонашинӣ айб асту зани хондагии саводнок набояд хонашин бошад.
Ин равия ба зан талқин мекунад, ки ту низ инсон ҳастӣ, ту низ кор карда метавонӣ, ту низ метавонӣ истиқлолияти молӣ дошта бошӣ, агар дар роҳи расидан ба ин “дастовардҳо” шавҳарат монеа эҷод кунад, ҳақ дори талоқатро талаб намоӣ. Карьера аз оила муҳимтар аст гуфта ӯро фиреб медиҳад.
Кор кардани зан дар ҳолатҳои ниёз ва зарурат аз нигоҳи шариат кори ҷоиз аст. Дар Қуръон қиссаи кор кардани духтарони Шуъайб (ъ) ҳикоя шуда аст… Кор кардани зан (модом бо риъояи шартҳо ва дар доираи одоби муайяннамудаи шариат бошад) кори ҷоиз аст, бар оила хатаре надорад, вале дар сар афкори феминизмиро доштан ҳам ҷоиз несту ҳам бар пояҳои оила хатар дорад.
Иброҳими Саиднуриддин (аз саҳифаи фейсбукӣ)

