Дар ҳаёт лаҳзаҳое ҳастанд, ки бисёр ҷолибу аҷибанд. Якчанд бандеро аз чунин лаҳзаҳо барои шумо гирдоварӣ намудем, корбарони азиз. Ҳангоми мутолиа намудан худро дар ҳамон ҳолат тасаввур кунед, хоҳед фаҳмид…

- Дервақт ба хона омадан ва мустақим ба рахти хоб рафтан;
- Харидани либоси аҷиб, ки тахфиф дорад;
- Дастеро доштан;
- Тасодуфан хотироти дӯстдоштаатонро ба ёд овардан;
- Бо телефон то соати 5-и саҳар гуфтугӯ намудан;
- Рӯйи шонаҳои касе оромиш ёфтан;
- Ҳаммом кардан, ки тамоми ташвишоти шуморо шӯяд;
- Эҳсос кардан, ки гӯё, ниҳоят ба ягон ҷой тааллуқ доред;
- Ба қароре омадан, ки бо ҳаётатон чӣ кор кардан мехоҳед;
- Пас аз хӯроки хушмазза худро қаноатманд эҳсос кардан;
- Ҳангоми зиёд ғамгину озурда будан зуд хоб рафтан;
- Вохӯрдани ашхосе, ки барои тағйири ҳаёти шумо нақш доранд;
- Ҳангоме ки шабе хоби бароҳат доштед;
- Нӯшидани як пиёла чой;
- Дарёфтан, ки ҳама чиз хуб рафта истодааст.
Боз кадом лаҳзаҳои ҷолибро медонед, назаратонро нависед…


Саҳар аз хоб хестану чунин ҷумлаҳои аҷоибро хондан 😉
Чи лахзахои ачибро шумо дар инчо матрах кардед! Ахсан! Гап нест.