Чуноне гузашт мурод аз аҳли байт зурияи ҳазрати Алӣ, зурияи ҳазрати Ақил, зурияи ҳазрати Ҷаъфар, зурияи ҳазрати Аббос ва зурияи Ҳорис ибни Муталлиб разияллоҳу анҳум аҷмаъин аст. Ба таври мисол ҳазрати Аббос (р) даҳ писар ва чандин духтар дошт ва ҳангоме дар соли 200 ҳиҷрӣ, яъне дар соли 814 милодӣ, ки 168 сол баъди вафоташ мебошад, шумораи наберагонашро шумориданд ададашон ба 33 ҳазор нафар расида буд.
Аммо ҳазрати Алӣ (р) ёздаҳ писар доштанд ва аз насли ӯ низ ҳазорон нафар дар олами исломӣ интишор ёфтааст.
Агар инро дар назар бигирем, ки Давлати Сомониҳо дар Бухоро тобеи Давлати Аббосиҳо буд, омадани афроди зиёди насли ҳазрати Аббос ба сарзаминҳои мо аз эҳтимол дӯр нест. Дигар ин, ки Амир Темур низ барои афзудани шуҳрати давлати худаш афроди зиёдеро аз аҳли байт ба Самарқанд ва Бухоро оварда бошад, низ эҳтимол дорад.
Иллати дигари омадани «Аҳли байт» ба ин сарзаминиҳо фирорӣ шудани баъзе афроди онҳо ҳангоми ихтилофашон бо уммавиҳо ва ғайра шуда метавонад.
Аз ин нигоҳ баъзе эшонони мо дар ҳақиқат аз «Аҳли байт» мебошанд ва баъзе дигарашон аз «Аҳли байт» набуда ходимони аҳли байтанд ва дар хидмати онҳо ва бо дуои онҳо номи эшониро касб кардаанд.
Бо вуҷуди ин эҳтимолҳо ҳуҷҷату далели насабнома ё ҳамчуноне мегӯянд шаҷаранома зарур аст. Зеро «Аҳли байт» дар байни мусулмонон мақоми хосе доранд ва муҳаббату эҳтироми онҳо дар шариъат матлуб аст, валекин исботи чунин амри муҳим бидуни далел мақбул нест.
Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Аҳлибайтшиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ


