Сураи Қориъа Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кориъа Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қориъа Ояти 9

فَاُمُّهٗ هَاوِيَةٌ ٩

Фа уммуҳу ҳавияҳ. 9.

9. Пас, модари (ҷойи) ӯ Ҳовияҳ бошад.

“Ҳовияҳ” яке аз номҳои Ҷаҳаннам аст, ки он бисёр фурӯтар буда, азобаш ниҳоят сахт мебошад.

Шахсе, ки паллаи тарозуи амалҳои некаш нисбат ба паллаи тарозуи амалҳои бадаш сабук ояд, яъне савоби ӯ кам, аммо гуноҳаш бисёр бошад, ё некӣ дошт, лекин ба сабаби зулме, ки дар дунё ба мардум карда буд, некиҳои ӯро ба мазлумон доданд ва ӯ бе савоб монд, пас ҷойи зист ва маъвои чунин шахс “Ҳовияҳ” аст, яъне нори Ҷаҳаннам аст. Баъзе муфассирон дар тафсири калимаи “уммуҳу” (“модараш”) гуфтанд, ки “Ҳовияҳ” барои шахси сергуноҳ мисли модараш аст. Яъне “Ҳовияҳ” (Ҷаҳаннам) шахси гунаҳкорро чун модар фарзандашро ба оғӯши хеле “гарму сахташ фаро мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қориъа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қориъа Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қориъа Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)