Аз Саъд ибни Абӯваққос (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳазрати Зуннун[1] ҳар гоҳ дар шиками моҳӣ қарор гирифт, дар он ҳангом ин дуоро ба боргоҳи илоҳӣ хонд:
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Лo илоҳа илло Анта Субҳонака иннӣ кунту мина-з золимин».
Тарҷума: Бор Илоҳо, ҷуз Ту дигар маьбуде нест. Ту Поку муқаддас ҳастӣ, ман аз ситамгорон ҳастам.

Ҳар шахси мусалмоне, ки дар ҳангоми мусибату мушкилот бо ин калимот ба боргоҳи илоҳӣ дуо кунад Худованд онро қабул мефармояд».[2]
Дуои ҳангоми мушоҳидаи касе дар балову мусибат
Ҳазрати Умар (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар шахсе мусибатзадаеро дида, ин дуоро бихонад, дар тамоми зиндагӣ аз ҳар навъ нороҳативу парешоние, ки он мусибатзада дошт, маҳфуз мемонад»[3]. Дуо ин аст:
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ офонӣ ми-м-мабталока биҳи ва фаззалнӣ ало касирим-мим-ман халақа тафзило.
Тарҷума: Ҳамду ситоиш барои Худои таолост, он зоте, ки маро аз он чи, ки туро ба он мубтало кардааст, наҷот додааст. Маро бар бисёрие аз махлуқоти Худ фазилат додааст.
- [1] Зуннун – Ҳазрати Юнус (а).
- [2] Ин ҳадисро Аҳмад, Тирмизӣ ва Насоӣ ривоят кардаанд.
- [3] Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.
Дуъо/дуо хангоми мушкили ва проблема


