Сураи Маъариҷ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Маъарич Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Маъариҷ Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

سَاَلَ سَآٮِٕلٌ ۢ بِعَذَابٍ وَّاقِعٍۙ ١

Са-ала саилун би ъазаби-в-вақиъ. 1.

1. Савол кард саволкунандае ба азоби воқеъшаванда,

Як нафар аз сардорон ва саркашони Қурайш, ки муфассирин ӯро Назр ибни Ҳорис донистаанд он азоберо, ки бо иродаи Худо дар тақдирашон буд, ҳангоме, ки расули Худо (с) бо мавъиза онҳоро аз азобу даҳшати қиёмат бим медод барои худ ва қавмаш, бо дуъо талаб намуд. Ин бадбахт ҷойи ин ки нарм шуда, аз сухани Расулуллоҳ (с) панд гирад аз рӯйи истеҳзо дуъо кард, ки Худоё агар ин мард Муҳаммад (с) расули ҳақ бошад бар мо аз Осмон санг биборон ё азоби аламнок биёр. Дар ҳақиқат чунин азоб барои онҳо нозил шуд. Онҳо дар муҳорибаи Бадр ба ҳалокат расиданд, ин оят барои мазаммати ӯ фурӯд омад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Маъариҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Маъариҷ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Маъариҷ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)