Ҳукми намоз

0

Намоз рукне аз аркони ислом ва сутуне аз сутунҳои дин аст, гузоридани он ҳаррӯзе панҷ маротиб дар панҷ вақт бар ҳамаи мусулмонони оқили болиғ фарзи айн аст. Мурод аз фарзи айн ин аст, ки ба гузоридани баъзе мусулмонон аз уҳдаи бақияашон соқит намешавад ва бояд тамоми марду зани мусулмон намоз бихонанд. Баъзе далелҳои фарзияти намоз чунинанд:

1-{ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا} (النساء: 103)

“Намозро барпо доред! Ҳамоно гузоридани намоз дар вақти муъайян бар муъминон фарз аст”.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) ба намояндагони қабилаи Абдулқайс чунин гуфтааст:

2- عن ابن عباس قال:قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:«هَلْ تَدْرُونَ مَا الإِيمَانُ بِاللَّهِ وَحْدَهُ؟» قَالُوا:اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ،قَالَ:شَهَادَةُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَإِقَامُ الصَّلاَةِ، وَإِيتَاءُ الزَّكَاةِ، وَصَوْمُ رَمَضَانَ، وَتُعْطُوا الخُمُسَ مِنَ المَغْنَمِ» (كذا في صحيح البخاري -1/ 29)

“Оё медонед, ки имон овардан ба Аллоҳи якка ва танҳо чист? Онҳо гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш хӯбтар медонанд? Пайғамбар (с) гуфт: Шаҳодат додан бар ин, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худои дигаре нест ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва рӯза доштани моҳи рамазон ва додани панҷяки моли ғанимат”.

Мақолаи қаблӣМарҳилаҳои фарз шудани намоз
Мақолаи баъдӣМанфиатҳои дунявии намоз