Рузи Абуабдуллох Рудаки (Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

0
Абуабдуллохи Рудаки, рудаки, шеърхо
Абуабдуллохи Рудаки
РӮДАКӢ ҲАҚҚИ УСТОДӢ БАР АДАБИЁТИ ҶАҲОН ДОРАД

(Ёдворае дар РӮЗИ РӮДАКӢ)

Одамушшуъарои адабиёти ғановатманди форсӣ-тоҷикӣ Устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бин Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри форсӣ, на танҳо поягузори адабиёти клоссики форсии тоҷикӣ, балки ҳамчунон аз асосгузорони адабиёти ҷаҳони ислом аст. Таъсир ва нуфузи Рӯдакӣ дар асрҳои баъдӣ ончунон бориз ва амиқ будааст, ки гирифта аз муъосиронаш то аҳди Сойибу баъд аз он ба ашъори ӯ, ба вижа, қасидаи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён…”-и ӯ пайравӣ ва аз он истиқбол кардаанд. Муҳаққиқон теъдоди назираҳо ва ҷавобияҳоеро, ки ба “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” суруда шудаанд, болиғ аз 150 медонанд. Ва ин пайравӣ ба шеъри мазбур дар қарни имрӯз низ дар Тоҷикистону Ирону Афғонистону Ӯзбекистону Покистону Ҳиндустон аз сӯйи шоъирони муъосир идома дорад.

Рӯдакӣ, бо он шукӯҳу бузургӣ, ки дар зеҳни мо мутаҷаллист, дар фазои холие ба он мақом нарасидааст. То Рӯдакӣ низ забону адаби порсӣ-тоҷикӣ дар минтақаи ниҳоят азиме муштамил аз Варорӯду Ирони бостон, дар ҳоли таҳаввул ва такомул буда ва тағзия аз решаҳои қавии адаби порсии миёнаву бостонӣ мегирифтааст. Шубҳае нест, ки пойдевори мустаҳками адабиёти навини порсӣ-тоҷикӣ-дарӣ дар асри IX-X бо шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳода шудааст, вале то ин давра даҳҳо шоирон кӯшиш намудаанд, ки ақаллан порае ба забони модариашон шеър гӯянд.

Бо такя бар ривоёти Ибни Хурдодбеҳ нахустин шеъри тоҷикӣ-дариро ба Баҳроми Гӯр (420-438) нисбат медиҳанд, ки гӯё ӯ бо маъшуқааш Дилором бадеҳаи зеринро сурудааст:

Баҳроми Гӯр:
Манам он пили дамону
Манам он шери яла.

Дилором:
Номи ту Баҳроми Гӯр,
Куниятат Бу Ҷабала.

Нақл аст, ки аз харобаҳои қасри Ширин (ҳамон Ширини Хусрави Парвези Сосонӣ) байти зеринро дарёб намудаанд, ки қариб 300 сол пеш аз даврони Рӯдакӣ гуфта шудааст:

Ҳижабро, ба кайҳон анӯша бизӣ,
Ҷаҳонро ба дидор тӯша бизӣ.

Бино ба маълумоти торихнигорон Маҳбуб ал-Ҷоҳиз (767-809) дар “Китоб-ул-баён ва табйин”, Ҷарир ат-Табарӣ (839-923) дар “Торих ур-русул в-ал-мулук” ва Ҳусайни Исфаҳонӣ (897-967) дар “Китоб ул-ағонӣ”, шоири араб Язид ибни Муфарриғ ал-Химёрӣ (ваф. 688) дар ҷавоби суоли ﺸﻴﺴﺖ ﺍﻴﻦ ﺸﻴﺴﺖ ﺍﻴﻦ ﺸﻴﺴﺖ؟ (чист ин, чист ин чист?) шеъри ҳаҷвие ба забони порсӣ-дарӣ гуфтааст:

Обасту набиз асту усороти забиб аст,
Ва дунбаи фарбеҳ пай асту сумийя рӯсабӣ аст.

Бино ба маълумоти Ибни Хурдодбеҳ (820-912) Борбад ба хотири Хусрави Парвиз нағмаву оҳангҳои зиёде бастааст ва яке аз онҳоро меорад, ки мутаассифона як мисраи он аз байн рафтааст:

Қайсари моҳ монду хоқони хуршед,
Ин ман худои абр монд комғорон.
…………………………………………………
Ки хоҳид маҳ пӯшид, ки хоҳид хуршед.

Бино ба ривояте муаллифи аввалин фарҳанги дарӣ-тоҷикӣ Ҳаким Абӯҳафзи Суғдӣ (650-720) нахустин шоирест, ки бо забони тоҷикӣ-порсӣ-дарӣ шеър суруда ва ачибаш дар он аст, ки берун аз қолаби арӯз гуфта ва ин байт аз ӯст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чи гуна давадо?
Ӯ надорад ёр, бе ёр чи гуна бувадо?

Ин байт низ ба Абӯҳафзи Суғдӣ мансуб аст:

Бӯсу назарам ҷамол бошад бо ёр,
Ин фатво ман гирифтаам аз чаргар.

Дар “Торихи Сиистон” шеъри шоири гумноме оварда шудааст, ки дар ҳавои шеъри пешазисломӣ гуфта шуда, шояд ба миёнаҳои асри VII тааллуқ дошта бошад:

Фурӯхт бодо рӯш,
Хунида Гаршосп ҳуш.
Ҳаме бираст аз ҷӯш,
Нӯш кун май нӯш.
Дӯст бидо гӯш,
Ба офарин ниҳода гӯш.
Ҳамеша некӣ кӯш,
Дӣ гузашту дӯш.
Шоҳо, худойгоно,
Ба офарин шоҳӣ…

Аз давраи шоир Абулянбағи ал-Аббос бинни Тархон ал-Марвазӣ (ваф. 815) шеъри дарӣ-тоҷикӣ ба сурати анъана медарояд. Аз маълумоти Ибни Хурдодбеҳ дар “Китоб ул-баён масолик в-ал-мамолик” (844) бармеояд, ки дар васфи Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ қасида сурудааст. Дар “Торихи Табарӣ” порчаи зерини шашҳиҷоӣ ба ӯ мансуб дониста шудааст:

…………….
Самарқанди қандманд,
Бад-инат кӣ афканд?
Аз Чоч та биҳӣ,
Ҳамеша та хуҳӣ!

Маҳмуди Варроқ (ваф.тақр. 835) аз шоирони замони Тоҳириён буда, аз ӯ ду байти зерин то ба замони мо расида:

Нигорино, ба нақди чон-т надҳам,
Гаронӣ дар баҳо арзон-т надҳам.
Гирифтастам ба ҷон домони васлат,
Ниҳам ҷон аз кафу домон-т надҳам!

Абёти зерини Ҳанзалаи Бодғисӣ (ваф.834), ки низ шоири соҳибдевони аҳди Тоҳириён буда, тавассути “Чаҳор мақола” то ба замони мо ба ҷо мондааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер бувад,
Рав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй.
Ё бузургиву иззу неъмату чоҳ,
Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд,
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд.
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор,
Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.

Нақл аст, ки шоир Муҳаммади Васиф дар дарбори Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ хидмат мекарду бо қасоиди арабӣ ӯро мадҳ ситойиш менамуд. Боре қасидаи тозасурудаи худро барои амир бархонд. Амир андеша карду гуфт: “Чизе бихон, ки дархӯри фаҳми ман бошад!” Васиф, ки интизори ин амр буд, филфавр бадоҳатан он қасидаро ба порсии дарӣ суруд, ки абёти зер аз он аст:

Эй амире, ки амирони чаҳон, хосаву ом,
Чокару бандаву сагбанду мавлоту ғулом.
Азали хатте дар лавҳ, ки мулке бидиҳад,
Ба Абӯюсуфи Яъқуб ибн-ул-Лайси Ҳумом.
Ба лагом омад Занбилу лате хӯрд ба линг,
Латра шуд лашкари Занбилу ҳабо гашт куном…

Муҳаммад ибни Мухаллади Сиистонӣ низ дар дарбори Яъқуб ибни Лайс қасидагӯӣ мекард ва аз қасоиди ӯ се байт боқӣ мондааст:

Ҷуз ту назод Ҳаввою Одам накишт,
Шерниҳоде ба дилу бар маништ.
Мӯъҷизи пайғамбари маккӣ туи,
Бо кунишу ба манишу бо гавишт.
Фахр кунад Аммор рӯзе бузург,
Гӯ: Ҳамонам ман, ки Яъқуб кишт!

Бино ба гузориши “Торихи Сиистон”, Абӯсалики Гургонӣ дар аҳди Саффориён ба сар бурда ва пайваста ашъори ошиқонаву андарз мегуфтааст. Ӯ дар ситоиши ёр чунин гуфтааст:

Дар ин замона буте нест аз ту некӯтар,
На бар ту аз шамане аз раҳи-т мушфиқтар…

Дар панд абёти зеринаш бачо монда:

Дар ҷанби улуввии ҳиммати чарх,
Монандаи вушм пеши чарғ аст.

* * *
Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ дар канор.
Бут парастидан беҳ аз мардумпараст,
Панд гиру кор банду гӯш дор!

Дар маркази бештари ашъори шоирони ин давра мавзӯи панду андарз қарор дорад. Масъуди Марвазӣ торихро аз оғоз (замони Каюмарс) то ба давраи Оли Сосон ба риштаи назм кашида ва қасидаҳои пандомез низ нигоштааст. Аз ҷумла:

Мухолифони ту мӯрон буданд, мор шуданд,
Баровар аз сари мӯрони моргашта димор.
Макун диранг аз ин бешу рӯзгор мабар,
Ки аждаҳо шавад, ар рӯзгор ёбад мор.

Ризоқулихони Ҳидоят дар “Маҷмаъ ул-фусаҳо” меоварад, ки Абулаббоси Марвазӣ дуввумин шоири форсизабони аҳди ислом буда, дар соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифа Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун (786-833) дар мадҳи ӯ ба забони форсии дарӣ қасидае тақдим намудааст. Аз мероси манзуми ин шоир 4 байти ин қасида боқӣ мондааст:

Эй расонида ба давлат фарқи ту бар фарқадайн,
Густаронида ба фазлу ҷуд дар олам ядайн.
Мар хилофатро ту шоиста чу мардум дидаро,
Дини Яздонро ту боиста чу рухро ҳарду айн.
Кас бад-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт,
Мар забони порсиро ҳаст то ин навъ байн!
Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро, то ин луғат
Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн…

Амин Аҳмади Розӣ мегӯяд: “Агарчи дар замони Оли Тоҳир ва Оли Лайс (Саффориён) шоире чанд бархостанд…, аммо чун навбат ба Оли Сомон расид, рояти сухан боло гирифт ва олами назмро низоме пайдо омад ва кудваи (пешво, раҳбар) шуарои он дудмон Рӯдакӣ буд ва аввал касест аз ачамиён, ки девони шеър тартиб дода”.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти боэътимод, то Рӯдакӣ сад сол пеш, камэътимод дусад сол пеш ва бино бар нақлу ривоёт сесаду понсад сол пеш назми порсӣ-дарӣ-тоҷикӣ маъмулу машҳур будааст. Ва ба ибораи Эдуард Браун “номитарин шоири давраи Сомониён Рӯдакист”.

Сабки хуросонӣ, ки ба номи “Сабки Рӯдакӣ” низ маъруф аст, мубтанӣ бар санъати “саҳли мумтанеъ” аст. Мешавад гуфт, ки тақрибан тамоми абёти боқимондаи Рӯдакӣ саҳли мумтанеъ аст. Шеъре, ки соддаву осон ба назар мерасад, аммо гуфтанаш ниҳоят мушкил аст.

Агар пири шоъирон Устод Рӯдакӣ набуд, Фирдавсию Низомӣ, Саъдию Амир Хусрав, Аттору Мавлавӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Ҷомиву Навоӣ, Бедилу Сойиб… низ набуданд.

Зеро Рӯдакӣ таҷрибаҳои чандсадсолаи шеъри пешиниёнашро бар ҳадди аъло расонид ва такомул бахшид, жанрҳои мухталифи шеъри форсӣ-тоҷикиро аз қабили ғазалу қитъаву рубоиву қасидаву фарду маснавӣ… такмил дод ва ҳатто баъзе аз онҳоро ихтироъ кард. Арӯзро, ки низоми шеъри арабӣ буд, комилан вориди шеъри форсӣ-тоҷикӣ намуд ва худ низ дар баҳрҳои гуногуни вазни арӯз шеър суруд. Баъд аз Рӯдакӣ натанҳо шоирони форсу тоҷик, балки шоирони арабзабону туркизабон низ бо такя ба суннатҳои адабии Руӯдакӣ, бо такя ба образҳои поэтикии Рӯдакӣ шеър гуфтанд. Баъдан тамоми суннатҳои адабӣ ва образҳои бадеъие, ки Рӯдакӣ оғоз ниҳода буд, дар адабиёти туркизабон, хусусан, адабиёти туркии чағатоӣ, яъне ӯзбекӣ ва озарӣ мавриди истифода ва татбиқ аз сӯйи шоироне чун Насимиву Лутфиву Навоиву Бобур қарор гирифтанд.

Метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ҳаққи падарӣ бар адабиёти ҷаҳон дорад.

Рӯдакӣ дар Панҷакент ба дунё омад, дар Самарқанд таҳсили илм кард, дар Бухорои шарифи аҳди Сомониён ба авҷи шукӯҳ расид. Баҳси теъдоди абёти Рӯдакӣ то имрӯз ба таври қотеъ баста нашудааст. Ин баҳсест, ки ҳазор сол боз идома дорад. Суханвари маъруфи асри XI Рашидии Самарқандӣ, ки зоҳиран бо девони комили шоир шиносоӣ дошт, чунин менависад:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас бо некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ.

Маълум нест, ки Рашидии Самарқандӣ сездаҳ бор шуморидааст, ки шеъри Рӯдакӣ сад ҳазор байт ё мисраъ баромадааст ва ё сездаҳ карат (бор) сад ҳазорӣ шуморидааст, яъне 1 млн. 300 ҳазор байт ё 650 ҳазор байт.

Теъдоди осори манзуми Устод Рӯдакиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ “сад дафтар” гуфтааст Муҳаммад Авфи Бухороӣ дар аввалин тазкираи адабиёти тоҷик – “Лубоб ул-албоб”-и худ сад дафтар гуфтааст. Ин ҷо сад дафтар теъдоди мушаххас аст, вале ҳар дафтар чанд байтро дар бар мегирад, боз маълум нест. Шоири дигари асри XI Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010-ваф. 1073), ки аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, дар қасидаи мунозиравии худ “Арабу Аҷам” яксаду ҳаштод ҳазор байт доштани Рӯдакиро таъкид мекунад. Ин хабар беш аз хама ба ҳақиқат наздик аст:

Шоир чу гузин Рӯдакӣ он к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.
Асадии Тусӣ

Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги Устод Рӯдакӣ на танҳо бо мӯҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XI-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст.

Тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ Устод Рӯдакиро сарвари шоирони забардаст номида, пеш аз ҳама, ҳаҷми мероси адабии ӯро баршумурдааст.

Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (садаи XIII) теъдоди мероси манзуми Рӯдакиро 700 ҳазор байт гуфтааст.

Дигар тазкиранигорону муҳаққиқин фикрҳои болоро такрор кардаанд. Аз санадҳои боло маълум мешавад, ки то истилои муғул ашъори пурраи Рӯдакӣ мавҷуд будааст. Вале аз он баҳри бекарон қатрае чанд (зиёда аз ҳазор байт) боқӣ мондаасту халос.
Аз ин рӯ то ҳол маълум нест, ки Рӯдакӣ ба наберагонаш, яъне, тоҷикон 100 ҳазор, 650 ҳазор, 700 ҳазор ё 1.300 ҳазор байт ба мерос гузоштааст.

Муҳаққиқони Ғарб зиёда аз як миллион байт шеър гуфтани одамиро номумкин мешуморанд.

Мавлоно Ҷомӣ дар “Баҳористон”, муаллифи “Ҳафт иқлим” ва Наҷотӣ ва Шайх Мунийнӣ ҳар ду дар “Шарҳи Мунийнӣ” шумораи абёти Рӯдакиро ҳазор ҳазору сесад байт (1миллиону 300), муаллифони “Зинат ул-маҷолис”, “Ҳабиб ус-сияр” ва “Мифтоҳ ут-таворих” ҳазор ҳазору сесаду бист байт ва муаллифи “Райҳонат ул-адаб” як миллиону сесад ҳазор байт навиштаанд.

Устод Саъид Нафисӣ – бузургтарин рӯдакишиноси иронӣ дар асри гузашта дар муқаддимае, ки бар девони устод Рӯдакӣ навиштааст, дар хусуси ин маълумотҳо чунин мегӯяд: “Ин миқдор шеър дар зоҳир муболиға менамояд. Аммо шоироне бо табъи равон будаанд, ки дар рӯз сад байт шеър сурудаанд ва дар муддати чиҳил сол аз шоире як миллиону чаҳорсад ҳазор байт чандон аҷаб нест.

Алойим ва осоре, ки аз шеъри Рӯдакӣ мондааст, ба вижа абёти пароканда ва муқаттаъоте, ки аз ашъори ӯ ба ҷо монда, нишон медиҳад, ки ӯ ба ҷуз рубову мусаммату тарҷеъбанду дигар ақсоми шеър дасткам дувисту бист қасида сурудааст ва агар ҳар қасида ба таври мутавассит шомили сӣ шеър (байт) бошад (ва ҳол он ки қасидае аз ӯ монда, ки наваду чаҳор байт дорад), наздики 6840 байт фақат қасойиди ӯ будааст. Чунон ки дасткам як нимаи дигар аз қасойиди ӯ ба мо нарасида бошад, чизе ҳудуди 13680 байт қасойид доштааст.” Дарҳақиқат, агар ҳафт манзума ва маснавии Рӯдакӣ чун “Калила ва Димна” (ҳудуди 9000 байт будааст), “Синдбоднома” ва ғайраро ба назар гирем ва гӯем, ки миқдори байтҳои як маснавӣ (ё достон) дар шеъри форсӣ ба ҳисоби миёна 7000 байтро ташкил медиҳад, ҳудуди 50000 байти дигар ба ашъори Рӯдакӣ изофа мешавад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки “Шеъри ӯро баршумурдам, сенздаҳ раҳ сад ҳазор” гуфтани Рашидии Самарқандӣ (асри 13) беасос набудааст.

Холиқ Мирзозода номгӯи осори Рӯдакиро оварда сад ҳазору дусад ҳазор байтро кам донистааст. Аълохон Афсаҳзод хулоса намудааст, ки Рӯдакӣ 250-300 ҳазор байт шеър сурудааст. Шоире, ки 250 ё 300 ҳазор байт шеър сурудааст, чаро 500 ё 650 ҳазор байт офарида натавонад? Қавли Ҳаким Унсурӣ (тақр. 968 – 1040), ки аз назари муҳаққиқони осори Рӯдакӣ пинҳон мондааст, дар бобати теъдоди абёти Устод Рӯдакӣ ба ҳақиқат наздик аст. Ӯ мегӯяд:

Шоир чу гузин Рӯдакӣ, он к-аш бувад абёт,
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дару девон…

Яъне теъдоди абёти девони Рӯдакӣ зиёдтар аз 180 ҳазор байт аст.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҳамон девони бузурги шоир мутаассифона, беш аз ҳазор байт (1100 ё 1200 ба дар дастраси мо – ворисон қарор надорад. Аммо аз ҳамин андак шеъри ба ҷой монда аз ӯ пояи устодӣ, нубуғ ва абарқудратии Рӯдакӣ дар каломи мавзун ва бадеъ ба ҳадди аъло эҳсос мешавад.


Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Ҷаъфар Холмӯъминов),
доктори улуми фалсафа (DSc),
дотсенти Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон


Мақолаи қаблӣЁ чунон кун ё чунин! Шеъри Мухаммад Икбол Лохури
Мақолаи баъдӣГули қадимтарин, калонтарин хурдтарин… Фактҳо