Фарз шудани намоз се марҳиларо аз сар гузаронидааст, ки чунин мебошанд:
1-Марҳилаи аввалро марҳилаи қабл аз миъроҷ меноманд, ки он аз ибтидои ислом, яъне аз соли 610 милодӣ оғоз шуда ва даҳ сол то соли миъроҷи Пайғамбар (с), яъне то соли 620 милодӣ идома кардааст.
Дар ин марҳила намоз иборат аз ду ракаъат буд ва дар ду вақт, яъне субҳ ва шом гузорида мешуд. Яке аз далелҳои мавзӯъ ояти 55 сураи “Ғофир” аст:
{وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ بِالْعَشِيِّ وَالْإِبْكَارِ} )غافر: 55(
“Бомдодон ва шомгоҳон ба сипосу ситоиши Парвардигорат бипардоз!”
2- Марҳилаи дуввум шаби миъроҷ аст, ки дар он дар панҷ вақт чаҳор намоз; намозҳои бомдод, пешин, аср ва хуфтан ду ракаъатӣ ва як вақт намоз, яъне намози шом се ракаъат фарз шудааст . Мутобиқи аксари ривоятҳо миъроҷи Пайғамбар (с) ба назди Аллоҳ таоло дар соли даҳуми пайғамбарияш воқеъ шудааст, ки он ба соли 620 милодӣ рост меояд.
3- Марҳилаи саввум ва ахир баъди ҳиҷрати ба Мадина мебошад, ки он дар моҳи сентябри соли 622 милодӣ воқеъ шудааст. Дар ин марҳила намозҳо ҳамчуноне имрӯз мехонем, намози бомдод ду ракаъат, пешину асру хуфтан чаҳор ракаатӣ фарз гардиданд, валекин намози шом се ракаъат боқӣ монд.
Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо чунин гуфтааст:
“عن عايشه رضي الله عنها: «الصَّلاَةُ أَوَّلُ مَا فُرِضَتْ رَكْعَتَيْنِ، فَأُقِرَّتْ صَلاَةُ السَّفَرِ، وَأُتِمَّتْ صَلاَةُ الحَضَرِ» (كذا في صحيح البخاري -2/ 44/ 1090)
“Дар ибтидо намозҳои фарзӣ дар сафар ва ҳазар ду ракаъатӣ фарз шудаанд ва баъдан намозҳои сафар ду ракаъатӣ боқӣ монданд ва намозҳои ҳазар чаҳор ракаътӣ пурра шудаанд”.


