Никохи муваккат дар ислом (никохи якмоха, яксола ва ғ.)

0

Никохи мувакат ё никохи сига, никохе ки чанд соат, чанд руз ё чанд мох ва ғайра  мебошад. Муфассал маълумот дар бораи чунин никоҳ ва ҳукми онро аз сомонаи www.DONISH.su хонед >>

Ҳукми сиға ё никоҳи муваққат

Дустони азиз ин мавзӯъ бисёр муҳим аст бо диққат хонед зеро аҳли ташаъю (шиъаҳо) бо баъзе далелҳои заифу бофтаи худ мардумро фиреб мекунанд, ки гӯё никоҳи муввақат дар ислом ҷоиз бошад.

Никоҳи муваққат он аст, ки дар ақди никоҳ қайд намоянд, ки фалон занро барои чанд моҳе ё чанд рӯзе ва ё чанд соате ба никоҳи ту додам. Ин навъ никоҳро сиға ва никоҳи мутъа меноманд.

Сиға ё никоҳи муваққат аз дидгоҳи ислом бар асоси мактаби аҳли суннат ва ҷамоат ботил ва нодуруст мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни ташаккули мавҷудият ва шаклгирии пайкари уммати ислом анъанаҳо, расму ойини зиндагӣ ва муқаррароти иҷтимоии даврони ҷоҳилият марҳала ба марҳала дигаргун ва бекор карда шудаанд.

Никоҳи мутъа ва издивоҷи муваққат низ, ки яке аз навъҳои никоҳҳои роиҷи замони ҷоҳилият буд.

Соҳиби китоби «Зан дар андешаи исломӣ» никоҳи мутъа (сиға)-ро дар радифи шашуми навъҳои никоҳҳои даврони ҷоҳилият зикр намудааст. (Ҷамол Муҳаммадфақии Расул, Зан дар андешаи исломӣ (тарҷимаи д. Маҳмуди Иброҳимӣ. – С. 44. – Теҳрон, 1383 ш. (2004)

То давраи ҷанги Хайбар идома дошт ва дар ин давра паёмбари Худо (с) ду чиз: яке ҳамон никоҳи муваққат ва дигаре гӯшти хари хонагиро ҳаром гардонид.

Аз Алӣ (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) аз мутъаи занон ва аз гӯшти харони хонагӣ дар замони ҷанги Хайбар наҳй намуд».

Саҳеҳи Бухорӣ 4216

Саҳеҳи Муслим 3417

Сунани Тирмизӣ, 1121

Сунани Насоӣ 3365

Ибни Моҷа 1961


Қуръони Карим низ дар ин бора мефармояд:

وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ

إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ

فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَـٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ

وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ


“Ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд ғайри ҳамсарон ё канизони худ, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд ва касоне, ки ғайр аз ин ду биҷӯянд, аз ҳадди худ таҷовуз кардаанд.”

Сураи Муъминун 6-8

Аз Ибни Аббос низ ривоят шудааст, ки: «Никоҳи мутъа дар ибтидои ислом ҷоиз буд…то он ки ин ояти сураи Мӯъминун нозил шуд. Пас ҳар гуна никоҳ (ва лаззатҷӯиҳои ҷинсӣ) ба ғайри ин роҳи машрӯъ (бар асоси ин оят) ҳаром гардидааст»

Сунани Тирмизӣ 1122

Гузашта аз ин, никоҳи мутъа танҳо барои одамоне, ки дар ҷангҳо ширкат дошта ва муддате аз аҳли худ дур мемонданд, иҷозат шуда буд ва ба ҳолатҳои изтирорӣ бастагӣ дошт, на ҳама вақт ва барои одамони муқим.

Дар «Саҳеҳ»-и Муслим аз Ибни Абӯамра ривоят шудааст, ки гуфт:

“Мутъа дар ибтидои ислом, ба монанди худмурда, хун ва гӯшти хук барои касе, ки дар ҳолати изтирорӣ қарор гирад, ҷоиз буд. Пас аз он Худованд (пояҳои) динро пойдор намуд ва онро (ба таври доимӣ) мамнӯъ гардонд.

Саҳеҳи Муслим 3429

Мақолаи қаблӣФоидахои тиббии Бодиринг (асабҳоро ором мекунад ва …)
Мақолаи баъдӣГиря кардан – ЗАНҲО ҲАТМАН БИХОНЕД