Интихоби хамсари шоиста – Розхои оиладори (интихоби зан / интихоб кардани шавҳар. Интихоби дурусти ҳамсар / хамсар.

Яке аз муҳимтарин интихобҳои одамӣ дар зиндагӣ, интихоби ҳамсар мебошад, зеро бо ин восита ба ташкили хонавода мепардозад ва ин кор дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии ӯ таъсири босазое дорад. Ба қадре интихоби дуруст аҳамият дорад, ки метавонем саодату хушбахтӣ ва нокомиву бадбахтии одамиро низ дар зиндагӣ, ба чигунагии ин интихоб вобаста бидонем.
Дар атрофи мо оилаҳое зиёде ҳастанд, ки зиндагии талху пуразоберо аз сар мегузаронанд. Сабабаш ин аст, ки ҳамсари муносибе надоранд. Ҳамсарашон ӯро дарк намекунад, ниёзҳояшро намефаҳмад, ба шахсияташ эҳтиром намегузорад, бофарҳангу хушрафтор нест.
Издивоҷеро, ки метавонист, барои инҳо фурсати муносибе барои рушду оромиш бошад, ба ҷаҳаннаме табдил додаанд, ки дар он месӯзанду месозанд, вале аз тарси гапи мардум, ҳифзи обрӯ ё ба хотири фарзандон ва ё ғайра, дандон ба дандон монда, сабру тоқат мекунанд, аммо қалбану рӯҳан ба ҳам пайванду алоқае надоранд. Интихоби ҳамсар муҳимтарин бахши шурӯи як зиндагии пойдору муваффақ аст, лекин масъалаҳои аслии вобаста ба издивоҷ ва ҳамсарёбӣ, то ба ҳол барои бисёре аз мардум ба сурати шафофу рӯшан баён нашудааст.
Бинобар ин бархе аз ҷавонҳо издивоҷро як кори маъмулӣ дониста, ба он нигоҳи сатҳӣ доранд ва дар борааш зиёд фикр намекунанд. Туғёни шаҳвату ниёз ба ҳамсар, афзунии эҳсосот, орзуву рӯёҳо, баландпарвозиҳо, тасвироти ғайривоқеӣ аз издивоҷ ва ғайра, мушкилоту печидагии ин интихобро зиёдтар мекунад. Аз ин рӯ ба миқдори зарурӣ диққат, фикру андешаронӣ, мулоҳиза, оқибатандеширо ҳадафи интихоби худ қарор намедиҳанд ва бештар эҳсосот бар онҳо ҳукмфармоӣ мекунад. Дар натиҷа санадеро имзо мекунанд, ки дар бораи он тасаввуроти равшану амиқе надоранд ва худро барои оқибатҳои он омода накардаанд.
Интихоби ҳамсар, яъне, интихоби як шахс аз миёни нафарони бисёр хеле сахт аст, чунки ҳудуди интихоби мо васеъ аст ва интихоб кардан ҳам мушкил асту ҳам осон. Танҳо як чиз, он ҳам бодиққату дақиқ будан метавонад ин интихоби мушкилро осон кунад. Интихобҳои инсон бар асоси нуқтаи назару боварҳо ва хислатҳои шахсияти ҳар фард мебошад. Аз ин рӯ, таъкид мешавад, ки пеш аз интихоби ҳамсар бояд худамонро шинохта, ҳадафу мақсадамонро аз издивоҷ муайян кунем. Хонаводаҳо низ бояд фарзандони худро дар шинохту интихоби ҳамсар, кумаку ёрӣ намоянд.
Издивоҷи муваффақ дорои қоидаҳову дастуроти хосе мебошад. Дар издивоҷи номуваффақ ҳам якчанд далелҳо мавҷуд аст, Аз ин рӯ агар дар издивоҷ муваффақ нагашта, хушбахт нашудем, набояд аз бахти баргаштаамон бинолем, балки бидонем, ки мутобиқи қоидаҳои издивоҷи муваффақ амал накардаем.
Издивоҷи муваффақ нишонаҳои махсусе дошта, аз нишонаҳои издивоҷи номуваффақ бисёр фарқ мекунад. Ин нишонаҳо аз ибтидои кор ва дар ҳамон замони интихоб ҳам маълум аст. Ниёзе ба ин надорем, ки як муддати дигарро сарф кунем, то натиҷаҳои он ба мо маълум шавад. Онҳое, ки дар зиндагӣ корашон ба бунбаст расидаанд ё аз издивоҷу зиндагиашон чандон розиву хурсанд нестанд, яқинан агар каме одилонатар бигӯянд, далелҳои маъқултару боварибахшеро барои вазъияти ногувори худ баён мекунанд.
Далелҳое ба монанди бе ягон таҳқиқу озмоиш издивоҷ кардам, фирефтаи мол ва ё ҷамолаш шудам, ба фарқиятҳои байни ҳам таваҷҷуҳ накардам, камбудиҳояшро ҷиддӣ нагирифтам, ба ҳарфҳову суханҳои ширинаш бовар кардам.
Касе, ки беш аз андоза ба издивоҷ иштиёқ дорад, ҳамеша дар ҳаяҷон аст, яъне, шавқи издивоҷу ҳаяҷон бо ҳам тавъаманд. Албатта издивоҷ моҷарои ҷолибу ҳаяҷонангез аст, аммо шахсоне, ки беш аз ҳад таҳти таъсири ҳаяҷон қарор мегиранд, сарфаҳм намераванд, ки издивоҷ масъулияти сангину вазнинеро бар дӯшашон мегузорад. Аз ин рӯ тавакалӣ ба издивоҷ розӣ мешаванд. Иштиёқи аз ҳад зиёд ба издивоҷ яке аз хатоҳои бузурги мост. Мо бояд бидонем, ки бо мақсади тамоми умр бо ҳам будан издивоҷ мекунем, аз ин рӯ эҳтиёҷ бар он дорем, ки аз иштибоҳоту шитобзадагӣ худамонро канор бигирем.
Саросема нашудан маънои инро надорад, ки не ҳоло якчанд соли дигар бояд интизор шавем, балки ба ин маъност, дар ҳар интихобе, ки пеш меояд, бо диққати фаровон ҳама тарафҳои мухталифи онро мавриди санҷиш қарор дода, шинохту ҷаҳонбинии шахси муқобилро баррасӣ намоем. Дар ин бора таҳқиқе ба таври комилу муфассал анҷом бидиҳем. Бояд ҳама ченаку меъёрҳоро санҷида, фарқиятҳоро ба ҳисоб бигирем. Чиро дӯст доштану дӯст надоштанҳо мушаххас гардад. Танҳо дар ин ҳол метавонем, тасмим бигирем, ки дар интихоб ҷавоби мусбат бидиҳем ё манфӣ.
Хубӣ ё бадии издивоҷ то як андоза ба он вобастагӣ дорад, ки бо чӣ гуна одаме издивоҷ мекунем. Албатта, издивоҷ зотан хуб аст, аммо ин интихобҳои мо ҳастанд, ки муносиб ё номуносибанд. Пас, лозим аст, ки пеш аз издивоҷ аввал, бисёр таамулу дурандешӣ кунем, дуюм ҳаматарафа таҳқиқ кунем, сеюм худамон тасмими ниҳоиро бигирем, на дигарон.
Соҳиби ҳамсари шоиставу арзанда гаштан, подоши касонест, ки аз тарзу усулҳои дурусти интихоби ҳамсар пайравӣ мекунанд. Агар надидаву насанҷида, кӯркӯрона ва таваккалӣ, аз рӯи шаҳвату ҳавову ҳавас ва ишқу ошиқӣ издивоҷ намоем, эҳтимол аст, ки издивоҷи мо номуваффақ хоҳад буд.
Дар интихоби ҳамсари идеалӣ, меъёрҳое сари роҳи мо қарор дорад, ки агар ба он амал кунем, метавонем ҳамсари идеалии худро ёфта интихоб намоем ва ба оромиши комилу саодат ноил шавем. Дар интихоби ҳамсар ҳамто ва ба ҳам монанд будан бисёр муҳим аст.
Албатта, ин ҳамтоӣ ва шабеҳи ҳам будан, бояд бештар дар фарҳангу равонҳо бошад, зеро мақсад аз издивоҷ танҳо омезиши ҷисмӣ ва хуфту хоб нест, балки иттиҳоди равонҳо шарти аввал аст. Чӣ гуна мумкин аст, ду инсоне, ки ягон зарра ба ҳам монандии равонӣ надоранд, метавонанд умре дар канори ҳам, бо якдигарфаҳмӣ зери як бом зиндагӣ кунанд? Пас, маълум мешавад, ки шабоҳату монандии рафтору гуфтор ва хислатҳои зану мард ба якдигар яке аз нишонаҳову шароити хушбахтӣ дар издивоҷ аст.
Дар кори интихоби ҳамсар қоидаи таносуб, ҳамсонгузинӣ яке аз қоидаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Бар асоси асли таносуб гуфта мешавад: ҳар андоза шахсҳо аз ҷиҳати шароити шахсӣ, шахсиятӣ, синнусолӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, таҳсилӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра бо якдигар ҳамфикру ҳамақида бошанд, издивоҷи муваффақтаре хоҳанд дошт.
Бар асоси асли афзалиятдиҳӣ, гуфта мешавад: чун дар асл ёфтани шахсе, ки 100% ба мо монанд бошад, аз имкон берун аст, ба мо тавсия шудааст, ба ҳамон ҷанбаҳое, ки бештар мавриди таваҷҷуҳи мо қарор доранд, афзалияту имтиёз диҳем. Бештар ҳамсонӣ ва монандии ҳамсарон дар макони зиндагиву таваллуд, табақаи иҷтимоӣ, сифатҳои ахлоқӣ ва хусусиятҳои равоншиносӣ, мазҳабу дин, синну сол, хусусиятҳои фарҳангиву нажодӣ мавриди таъкиди бештари муҳаққиқон қарор гирифтааст. Дар шарҳи равоншиносии ин қоида, метавон гуфт, ки дар марҳалаи аввал, ҳамсонӣ боиси ҷазби фардҳо ба якдигар, ба сабаби барангехта шудани эҳсосоти мусбати онҳо мешавад ва дар марҳалаи дуюм, муҷиби созгории бештар аст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳамсонӣ ва монандӣ ба давомнокию мустаҳкамии пайванди ҳамсарон низ кумак мекунад.
Издивоҷи муваффақ ва ташкили як оилаи пойдору мустаҳкам, ба ду омили муҳиму асосӣ вобастагӣ дорад:1Монанд ва ҳамтои ҳамдигар будан, яъне вуҷуди таносуб ва ҳамшаънии нисбӣ миёни зану шавҳар. 2-Вуҷуди тафоҳум миёни он ду нафар, яъне ҳамдигарро фаҳмидану иллати рафторҳои ҳамдигарро дарк кардан ва ба дигарӣ дар боварҳо ва рафторҳои шахсиаш ҳақ додан.
Меъёрҳои издивоҷ ба меъёрҳои мутлақ, мисли имон, хушахлоқӣ, парҳезгорӣ, иффату покдоманӣ, саломатии ақлу ҳушмандӣ, масъулиятнокӣ дар баробари хонавода ва ҷомеъа, ҳамтоии фарҳангӣ, саломатии ҷисмонию ҷинсӣ ва меъёрҳои нисбӣ, аз қабили зебоиву ҷаззобияти зоҳирӣ, аз хонадони насабдор будан, фарзандоварӣ, таносуби синнӣ, ҳамтоӣ дар таҳсилоти илмӣ, баробарӣ дар вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии хонавода, таносуби корию шуғлӣ ва таносуби рӯҳию равонӣ тақсим мешавад.
Баъзе аз интихобҳои ғайри оқилона ва издивоҷҳои ғайри мантиқӣ иборатанд аз издивоҷи бармаҳал, издивоҷ аз рӯи тараҳҳум, издивоҷи маҷбурӣ, издивоҷ бо шахси беодобу бетарбия, издивоҷ бо шахси танбал.
Дар айни ҳол касоне муваффақ ҳастанд, ки бо дониш ва огоҳии кофӣ қадам бар медоранд. Пас, биёед, дар муҳимтарин интихоби зиндагиамон огоҳона интихоб кунем. Қабл аз ин, ки даричаи қалби худро ба касе бикушоем, тафовути нигоҳҳову андешаҳоро дар назар бигирем. Сайъ бар он кунем, ки ҳадафҳои бузургтаре аз издивоҷ дошта бошем, танҳо ба лаззатҷӯию комбардорӣ ё бартараф кардани ниёзҳои рӯҳӣ ва ёфтани як ҳамсуҳбат ё ҳамдаме барои худ фикр накунем, балки ба рушди ҳамаҷониба дар тамоми вуҷуди худ фикр кунем. Тафакурамонро аз баҳра бурдан, инчунин ба баҳра расондан боло бибарем. Аз интизор доштан аз дигаре, ба интизор доштан аз худ, барои хидмат кардан ба дигарӣ рӯҳи худро бузург кунем. Аз шарту шароитҳои бемаврид гузашт кунем.
Интихоб ва ҷазби ҷинси мухолиф яке аз табиитарин корҳо дар сартосари дунёст. Интихоби ҳамсар бо «тафаккур» маслиҳатомезтар аст. Бояд танҳо бо «чашм» интихоб накунем, ки фиреб мехӯрем. Бо як бор, ду бор дидан ва бо чанд муоширату суҳбатҳои кӯтоҳ, зуд аз паи издивоҷ нашавем, чун ин муоширатҳои кӯтоҳ аз назари эҳсосӣ моро сахт вобаста мекунаду ин масъала метавонад, монеъи шинохти дуруст аз якдигар шавад. Албатта, барои расидан ба шинохт ниёз ба вохурӣ ҳаст. Аммо ин вохуриҳо ҳатман бояд зери назари бузургони хонавода сурат гирад, он ҳам бо мақсади ҳамдигарро беҳтару бештар шинохтан. Вохуриҳои ҷавононе, ки мақсади ташкили оиларо доранд, бояд барои аз фикру ақида ва орзуву таманнои якдигар огоҳ шудан, дунёи ботинии якдигаро барои худ кашф кардан ва шарту шароитҳои хонаводагии ҳамдигарро омӯхтану донистан бошад, на ин ки аз чашми волидайн хато карда, ба айшу нӯш, лаззату комбардории саросар гуноҳ ва оқибатҳои ногуворе, ки пеш омаданашон аз эҳтимол дур нест ва боиси хархаша, ҷанҷол, шармандагӣ мегардад. Оё мехоҳем, ки волидайнамон беобрӯ гарданд, сархам бошанд, як умр зери таънаю маломати мардуми айбҷӯ бошанд??? Не албатта! Пас, бояд дари касеро ба ангушт накӯбем, то дарамонро ба мушт накӯбанд, азизон!
Дар зиндагӣ кам пеш меояд, то шахси аз ҳама ҷиҳат муносиберо пайдо кунем, ки мутобиқ бо тамоми меъёрҳо бошаду хусусиятҳои лозимиро низ дошта бошад. Пас, вақте чунин мавқеияте пеш меояд, бояд аз интихобамон дифоъ кунем ва ба самти он ҳаракат кунем, ки ба дасташ биёварем! Дар ин ҷо бояд рӯи ин нуктаи асосӣ таъкид кард, ки ҳар шахсе чи писару чи духтар, бояд барои ба даст овардани касе, ки ӯро ба дурустӣ санҷида, ба ӯ дилбастагӣ пайдо кардаем ва барои идомаи зиндагӣ муносиб дониста, талош карда, ақаллан як ишорае кунем, то тарафи муқобил аз дилу нияти мо огоҳ шавад. Вақте ҳеҷ иқдому амале нишон надиҳем, ба роҳатӣ мумкин аст, якдигарро аз даст бидиҳем. Агар чунин иттифоқе биафтад, то охири умр афсӯси аз даст рафтани ин номзадро хоҳем хӯрд.
Албатта, тарзи фарҳангию мадании пешниҳоди издивоҷ ба он вобастагӣ дорад, ки мо дар кадом муҳите тарбия ёфтаем. Новобаста аз ин мо бояд ҳатман бо хонаводаамон дар ин масъала маслиҳат кунем. Вале агар ба ин бовар ҳастем, ки худамон иртибот барқарор кунем, сараввал бояд дар зеҳнамон хубиҳову бадиҳояшро бисанҷем. Бубинем, оё ӯ бо меъёрҳои мо мутобиқ ҳаст ё не? Вақте аз ин ҷиҳат хотирҷамъ шудем, акнун метавонем аз ӯ бипурсем, ки: оё шумо майл доред, мо бештар бо ҳам шинос бишавем? Оё ин имкониятро доред? Дар ин ҷо ниёзе нест эҳсосот баён шавад ва бигӯем, ки ба ӯ дилбастагӣ дорем, чун ӯ худ то андозае сарфаҳм меравад. Бо додани ин саволҳо мо метавонем якчанд чизеро бифаҳмем. Аввал, оё ӯ омодагии издивоҷро дорад? Дуюм, оё касе дар зиндагии ӯ вуҷуд дорад, ки шумо хабар надоред?
Мақсади мо аз робитаамон ошноии бисёртар барои издивоҷ бояд бошад ва аз пайдо шудани алоқаи бештар ҷилавгирӣ кунем. Танҳо дар ин ҳолат метавонем огоҳонаву оқилона тасмим бигирем. Албатта, боз беҳтар аст, агар хонаводаҳо низ аз ҷараёни ин ошноӣ огоҳ бошанду бидонанд, ки чунин шахсе дар зиндагиамон вуҷуд дораду мо дар ҳоли фикр кардан ба издивоҷ ҳастем. Рӯзҳои аввале, ки эҳсос мекунем, ҳамсари мавриди назарро интихоб кардаем, мумкин аст, он қадар шефтаву шайдояш бошем, ки хеле аз айбҳои ӯро набинем. Албатта, ин давра вақти ҳаллу фасли масъалаҳои издивоҷ нест, ин замонест, ки ба худамон фурсат бидиҳем, то саросема нашуда, тарафи муқобилро бишносем ва ӯро ба таври воқеӣ бибинем.
Ҳаргиз танҳо бо молу ҷамол наметавон дили касеро ба даст овард. Агарчи таъмини иқтисодӣ ва ҷамол дар зиндагӣ аҳамияти зиёде дорад, аммо он чи ба одам осоишу амнияти хотир медиҳаду эҳсосоти отифии ӯро сероб месозад ва дар ӯ ҳиссиёти комёбиву хушбахтиро ба вуҷуд меоварад, зиндагӣ дар канори шахсест, ки бо сифатҳои ахлоқии волову ҳамида ороста бошад. Сахтиҳову мушкилот ва масъалаҳои пуливу молӣ ҳамеша вуҷуд доранд. Зебоию ҷамол ҳам доимӣ нест, дар як ҳодиса ё садамае, ё дар асари беморие зебоӣ метавонад аз байн биравад.
Агар ҳамдигарфаҳмию одамгариро дар зиндагӣ асл қарор бидиҳем, дар рӯбарӯи ин гуна мушкилиҳо боқуввату тавоно хоҳем буд. Бисёре аз ҳамсаронро метавон пайдо кард, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, зиндагии оилавияшонро ба хубӣ ба роҳ монда, душвориҳоро паҳлу ба паҳлу истода пушти сар мекунанд. Агар бовар кунем, ки «Худои пайванддиҳандаи қалбҳо» моро ёрӣ мекунад, дигар аз ин ҷиҳат нигароние нахоҳем дошт.
Интихоби дурусти ҳамсар муҳимтарин бахши шурӯи як зиндагии пойдору муваффақ аст, ба шарти он, ки қабл аз ин интихоб ба мавридҳои зер диққату таваҷҷуҳи кофӣ намоем:
1-Пеш аз издивоҷ вобаста ба хислату хусусиятҳои ҳамсари ояндаамон хуб фикр кунем.
2-Ҳама имкониятҳои моддию маънавӣ, салиқаҳову истеъдодҳои худро бо ҳамсари идеалии зеҳнии худ муқоиса кунем.
3-Таносуби байни сатҳи таҳсилоти мо бо ҳамсари ояндаамон, метавонад хеле аз мушкилоти эҳтимолиро пешгирӣ кунад.
4-Таносуби синну сол низ зиндагии лаззатбахшу қобили пешрафтеро барои мо фароҳам месозад ва нақши муассире дар давомнокии он хоҳад дошт.
5-Ихтилофи фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, эътиқодӣ, сиёсӣ ва ғайра боиси пайдо шудани мушкилоти гуногун мешавад ва зиндагиро сахту гоҳе таҳаммулнопазир мегардонад.
6-Бо аҳамият додани беандоза ба ҳусну зебоӣ ва донишу сатҳи таҳсилот набояд мо аз дигар сифатҳои лозимии ҳамсари хуб ғофил шавем.
7-Бо мақсади доштани як зиндагие, ки орзуяш мекунем, ҳамсаре бояд интихоб кунем, ки бо мо ҳамфикру ҳамақида бошад, то моро дар расидан ба орзуҳоямон дастгирӣ намояд.
8-Масъулиятшиносӣ, тавонмандӣ, кӯшиши зиёд ба харҷ додани ҳар ду нафар, осоиш ва хушбахтии зиндагии ояндаро таъмин хоҳад кард.
9-Таҳқиқ дар бораи хонавода ва гузаштаи шахси мавриди назарро ба бузургтарҳо вогузор намоем, беҳтар аст.
10-Падару модар ва дигар калонтарҳо метавонанд меъёрҳои асосии ҳамсари хубро ба мо бозгӯ кунанд.
11-Андешидани зиёд, таваҷҷуҳ, тафаккур, таваккал ва набудани таъҷил дар интихоб, аз пушаймониҳои баъдӣ то як андоза пешгирӣ хоҳанд кард.
12-Баробар будани тарафҳо аз ҳама ҷиҳат, яъне, таносуби ақидавӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, синнӣ, таҳсилӣ ва ғайра аз қоидаҳои аслии интихоби оқилонаи ҳамсар аст.
Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ


