Меҳтару беҳтару гузини ҳама
Сарвару хотаму нигини ҳама.
БАЁНИ МАЪНО
Муҳаммад (с) саид ва пешвои башарият ва баргузидаи аз байни онон ва хатмкунандаи пайғамбарон аст.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
1- Агар пурсанд, ки шумо бо кадом далел мегӯед, ки Муҳаммад (с) саиду пешвои башарият аст?
Ҷавоб мегӯем, ки дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«أَنَا سَيِّدُ وَلَدِ آدَمَ يَوْمَ القِيَامَةِ وَلَا فَخْرَ،..”.( أَيْ وَلَا أَقُولُهُ تَفَاخُرًا بَلِ اعْتِدَادًا بِفَضْلِهِ، وَتَحَدُّثًا بِنِعْمَتِهِ، وَتَبْلِيغًا لِمَا أُمِرْتُ بِهِ.كذا في مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح -9/ 3685. رواه الترمذي كما في سنن الترمذي ت شاكر -5/ 587/ 3615 – عَنْ أَبِي سَعِيدٍ،:..وحكم المحقق:صحيح)
“Ман фардои қиёмат сарвари фарзандони Одам ҳастам ва инро барои фахр кардан намегӯям”.
2- Агар пурсанд, ки чигуна Аллоҳ таоло Муҳаммад (с)-ро баргузидааст?
Ҷавоб мегӯем, ки дар ин мавзӯъ дар ҳадиси мавқуфи дар ҳукми марфуъ дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади ҳасан, саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:
“عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُودٍ، قَالَ: ” إِنَّ اللهَ نَظَرَ فِي قُلُوبِ الْعِبَادِ، فَوَجَدَ قَلْبَ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خَيْرَ قُلُوبِ الْعِبَادِ، فَاصْطَفَاهُ لِنَفْسِهِ، فَابْتَعَثَهُ بِرِسَالَتِهِ، ثُمَّ نَظَرَ فِي قُلُوبِ الْعِبَادِ بَعْدَ قَلْبِ مُحَمَّدٍ، فَوَجَدَ قُلُوبَ أَصْحَابِهِ خَيْرَ قُلُوبِ الْعِبَادِ، فَجَعَلَهُمْ وُزَرَاءَ نَبِيِّهِ، يُقَاتِلُونَ عَلَى دِينِهِ، فَمَا رَأَى الْمُسْلِمُونَ حَسَنًا، فَهُوَ عِنْدَ اللهِ حَسَنٌ، وَمَا رَأَوْا سَيِّئًا فَهُوَ عِنْدَ اللهِ سَيِّئٌ “. (إسناده حسن من أجل عاصم -وهو ابن أبي النجود-، وبقية رجاله ثقات رجال الشيخين غير أبي بكر -وهو ابن عياش-، فمن رجال البخاري، وأخرج له مسلم في “المقدمة”.وأخرجه البزار (130) (زوائد) ، والطبراني في “الكبير” (8582) من طريق أبي بكر بن عياش، بهذا الإسناد. قال البزار: رواه بعضهم عن عاصم، عن أبي وائل، عن عبد الله. وأورده الهيثمي في “المجمع” 1/177-178، ونسبه إلى أحمد والبزار والطبراني، وقال: رجاله موثقون.كذا في مسند أحمد ط الرسالة (6/ 84) 3600 )
“Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар дили бандагон назар кард ва дили Муҳаммад (с)-ро беҳтарин дили бандагонаш бидид. Пас вайро барои пайғамбари худаш будан баргузид ва ба сӯи бандагонаш фиристод. Сипас дубора назар кард ва баъди вай дили саҳобагони Муҳаммад (с)-ро беҳтарин дили бандагонаш бидид ва онҳоро вазирони Пайғамбараш гардонид, ки барои динаш корзор мекунанд.
Пас ончиро мусулмонон хӯб бидонанд, он дар назди Аллоҳ таоло хӯб аст ва ончиро бад бубинанд дар назди Аллоҳ бад аст”.
3- Агар пурсанд, ки бо кадом далел Муҳаммад (с) хатмкунандаи пайғамбарон, яъне охирини пайғамбарон аст?
Ҷавоб мегӯем, ки дар ин мавзӯъ дар ояти 40 сураи “Аҳзоб” чунин омадааст:
{مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِنْ رِجَالِكُمْ وَلَكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا} (الأحزاب: 40)
“Муҳаммад падари ҳеҷ касе аз мардони шумо нест, валекин пайғамбари Аллоҳ ва хатмкунандаи пайғамбарон аст ва Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст”.
4- Агар пурсанд, ки чигуна Муҳаммад (с) хатмкунандаи пайғамбарон аст, ки ҳазрати Исо (а) дар охири замон аз осмон поён меояд ва ӯ низ пайғамбар аст?
Ҷавоб мегӯем, ки ҳазрати Исо (а) барои кумак ва ёрӣ додани ҳазрати Маҳдӣ ва бақияи мусулмонон, ҳамчун пайғамбари пайрав аз шариъати Муҳаммад (с) меояд ва бо худ шариъати ҷадид намеорад. Чуноне ҳазрати Ҳорун (а) пайғамбари аз шариъати ҳазрати Мусо оварда пайравикунанда буд ва шариъати мустақили худро надошт.


