Шукр Ҳақро, ки пешво дорем,
Пешвои чу Мустафо дорем.
БАЁНИ МАЪНО
Аллоҳ субҳонаҳу ва таолоро шукру сипос мегӯем, ки Муҳаммад (с)-ро барои мо ба сифати пешво, раҳбар ва раҳнамо фиристодааст.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пусанд, ки Муҳаммад (с) кист?
Ҷавоб мегӯем, ки дар бораи вай бояд чанд нуктаро дониста шавад:
1. Муҳаммад (с) дар соли 571 милодӣ дар Маккаи мукаррама ба дунё омадааст ва дар соли 632 милодӣ, мувофиқ бо 11 ҳиҷрӣ дар Мадинаи мунаввара вафот кардааст.
2. Азбаски рӯзҳои ҳар соли солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз солшумории милодии шамсӣ 10 рӯз ё бештар аз ин камтар аст, умри мубораки Пайғамбар (с) тибқи солшумории милодӣ 61 солу чанд моҳ аст ва тибқи солшумории ҳиҷрӣ 63 солу чанд рӯз ҳисоб карда шудааст.
3. Муҳаммад (с) аз тарафи падар ва модараш аз ҷумлаи арабҳои мустаърабаи Аднонӣ ва аз наберагони пайғамбарони Аллоҳ таоло ҳазрати Иброҳим (а-с) ва ҳазрати Исмоил (а-с) мебошад.
4. Қабл аз таваллудаш падараш Абдуллоҳ вафот кардааст ва ятим ба дунё омадааст ва дар шаш солагияш модараш Омина низ вафот кардааст. Аз шаш солагӣ то ҳашт солагияш бобояш Абдулмутталиб ва баъди вафоти вай аз ҳаштсолагӣ то бузург шуданаш амакаш Абутолиб кафил ва сарпарасташ буданд ва ӯро дар камоли меҳру муҳаббат ва бо дилсӯзию меҳрубонӣ ба воя расонидаанд.
5. Дар солҳои навҷавонияш ба чупонӣ ва баъдан ба тиҷорат машғул шудааст ва дар 25 солагияш, яъне тахминан дар соли 596 милодӣ бо зани 15 сол аз худаш бузургсолтар ва қабл аз вай ду шавҳар карда ва аз ду шавҳар соҳиби чанд фарзанд буда, яъне бо Хадиҷа бинти Хувайлид (р) издивоҷ кардааст.
6. Моҳи рамазони соли 610 милодӣ ҳангоми дар Ғори Ҳиро буданаш фариштаи расонандаи ваҳйи илоҳӣ ба наздаш омада ва оятҳои аввали сураи “Ал-алақ”-ро барояш овардааст ва бо ҳамин пайғамбарияш оғоз гардидааст.
7. Баъди зоҳир шудани пайғамбарияш бо амри Аллоҳ таоло дар ибтидо пинҳонӣ ва баъди се сол ошкорро бутпарастонро барои тарки бутпарастӣ ва рӯ овардан ба тавҳид ва яктопарастӣ даъват кардааст.
8. Даъвати ӯ дар Макка 13 сол идома карда дар ин муддат бисёр дӯстону ақрабояш ва инчунин мардумони дигаре низ мусулмон шудаанд, ки боиси алангаи қаҳру ғазаб ва адовати бутпарастон шудааст. Дар натиҷа баъзе пайравонашро ба қатл расониданд ва бархи дигараш ба Ҳабашистон ҳиҷрат карданд ва бархи дигаре низ дар зери таҳқиру ситами мушрикон дар Макка боқӣ монданд.
9. Ба тадриҷ даъваташ дар байни қабилаҳои араб интишор ёфтааст ва то шаҳри Ясриб (Мадина) расид ва дар соли 622 милодӣ бо даъвати ясрибиҳо Маккаро тарк кард ва ба Ясриб омад ва ин шаҳрро маркази даъваташ қарор дод.
10. Ҳангоми дар Ясриб, яъне Мадина буданаш борҳо мавриди ҳамлаи бутпарастони қавмаш ва ҳамлаи душманони ғайри онҳо низ қарор гирифт ва дар аксари набардҳо пирӯз гардидааст.
11. Дар соли 630 милодӣ, мувофиқ бо соли 8 ҳиҷрӣ зодгоҳаш Маккаро фатҳ кард ва дубора ба Мадина баргашт ва дар ин сарзамини ҳиҷрат вафот кард.
12. Пайғамбарияш 23 – сол идома кардааст, ки 13 соли онро дар Макка ва 10 солашро дар Мадина гузаронидааст ва дар соли вафоташ 124 ҳазор саҳобӣ, яъне ёрони вафодори дини мубини исломро нусраткунанда доштааст.
13. Бо вуҷуди пешво ва ҳокими мусулмонон ва ҳукмраво дар Ҷазираи Араб буданаш зиндагонии фақирона ва оддиеро ихтиёр кардааст, ки ҳатто ҳангоми вафоташ равғани чароғ барои бемордорияш ва низ маблағе барои харидани хурокаи оилааш надоштааст. Ночор ҷавшани ҷангияшро дар дасти тоҷири яҳудие дар ивази чанд кило ҷав дар гарав гузошта будааст ва бо ин ҳама бузургӣ дар чунин ҳолати ҷавшанаш дар гарав, оламро падруд гуфтааст.
Дар ин мавзӯъ оятҳои фаровоне нозил шудааст, ки баъзеи он оятҳо чунин мебошанд:
1-Дар ояти 164 сураи “Оли Имрон” Аллоҳ таоло аз фиристодашуданаш барои таълими дин ва тазкияи мо чунин хабар додааст:
{لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ} (آل عمران: 164)
“Ҳамоно Аллоҳ бар муъминон миннат гузошт, вақте ки дар миёнашон аз худашон пайғамбареро фиристод, то оятҳои Аллоҳро барояшон бихонад ва онҳоро пок бигардонад ва Қуръону Суннатро барояшон таълим бидиҳад, гарчи қабл аз ин дар гумроҳии ошкор ҳаёт ба сар мебурданд”.
2- Аз фиристода шудани Муҳаммад (с) ҳамчун пайғамбар ва пешво дар Таврот ва Инҷил низ Аллоҳ таоло хабар дода будааст. Чуноне дар ояти 157 сураи “Аъроф” омадааст:
{الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ..} (الأعراف: 157)
“Ва касоне, ки аз пайғамбари нохон пайравӣ мекунанд, (ному сифатҳои) ӯро дар Таврот ва Инҷили дар наздашон буда навишташуда меёбанд…”.
3. Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар ояти 115 сураи “Нисо” касонеро, ки Муҳаммад (с)-ро мухолафат мекунанд, яъне итоъат ва пайравӣ аз ӯ намекунанд, хабардор кардааст, ки ба дузах медароянд:
{وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَى وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّى وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيرًا} (النساء: 115)
“Ҳар касе бо Пайғамбар мухолафат бикунад, баъди ин ки ҳидоят барояш равшан шудааст ва роҳи ғайри роҳи муъминонро дар пеш бигирад, вайро ба ҳамон ҷиҳати баргаштааш раҳо мекунем ва ӯро вориди дузах мекунем ва чӣ ҷои бадест дузах!”.