Муъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон.
ВАСЕЪ ШУДАНИ КОИНОТ ВА КОҲИШ ЁФТАНИ АТРОФИ ЗАМИН
Дар мавзӯъи вусъат ёфтани осмон Аллоҳ таоло дар ояти 47 сураи “Зориёт” чунин гуфтааст:
{ وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ} (الذاريات: 47)
“Ва осмонро бо тавонмандӣ бино ниҳодем ва бегумон мо (онро) вусъатдиҳандаем”.
Дар мавзӯъи коҳиш ёфтани атрофи замин дар ояти 41 сураи “Раъд” чунин хабар додааст:
{ أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنْقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا….. } )الرعد: 41(
“Оё надидаанд, ки мо меоем ва ин заминро аз атрофаш коҳиш медиҳем?”.
Уламои кайҳоншинос дар замони мо аз ҳамвора вусъат ёфтани коинот сухан мегӯянд ва дар мавриди замин мегӯянд, ки дар хати истивои худ аз ҳам шикофта шудааст ва дар асари он газҳои бисёре ба берун аз замин хориҷ шудаанд ва ин амр мунҷар ба коҳиш ёфтани атрофи замин дар манотиқи қутби шимол ва қутби ҷануб гардидааст. Ин чунин маъно дорад, ки замин аз атрофи худ пайваста коҳиш меёбад. Аммо хати истиво дар истилоҳи уламои ҷуғрофия дар маркази замин аст, ки дар фосилаи баробар дар байни қутби шимол ва қутби ҷануби замин қарор дорад ва кураи заминро ба ду нисф; шимол ва ҷануб тақсим мекунад.
ҚАРОРГОҲИ БАШАР
Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар ояти 61 сураи “Намл” чунин фармудааст:
{ أَمَّنْ جَعَلَ الْأَرْضَ قَرَارًا….} (النمل: 61)
“Чӣ касе заминро қароргоҳ (ҷои сукунат) гардонидааст?….”.
Донишмандон ҳисоб кардаанд, ки курраи замин 510 60 7000 к.м. мураббаъ аст, ки 150 милион к.м. мураббаъи он хушкиҳои замин ва бақияи масоҳати обҳои он аст. Инчунин мегӯянд, ки ҳаҷми кураи замин 1082841 милион километри мукаъаб ва вазнаш тақрибан 5977 трилион тон аст. Замин бо чунин масоҳати бузург ва вазни гарон ду навъ ҳаракат мекунад; вазъӣ ва интиқолӣ. Мурод аз ҳаракати вазъӣ ҳаракати замин дар миҳвари худаш мебошад, ки он ба суръати 1600 к.м. дар соъат мебошад ва бо чунин суръат дар 24 соъат як маротиб дар меҳвараш давр мезанад.
Аммо мурод аз ҳаракати интиқолии замин гардиши замин дар мадорест, ки доираи он ба шакли тухми мурғ аст ва дар ин мадор дар атрофи офтоб ба суръати тақрибан 30 к.м. дар сония ё камтар аз он мечархад ва дар як сол, яъне дар 365 рӯзу 6 соъат як маротиб дар атрофи офтоб мечархад. Аз гардиши вазъии замин дар меҳвари худаш шабу рӯз ҳосил мешавад ва аз гардиши интиқолии он дар атрофи офтоб чаҳор фаслҳои сол.
Оре, Аллоҳ бандагони саркашашро аз қудрати бемисолаш дар қарор додани замин, ки такон намехурад ва сукунат додани инсонҳо дар чунин саёраи бузург хабар додааст, то онро бо чашми хираду ибрат бубинанд ва бидонанд, ки дар муқобили чӣ зоте куфру ширк меварзанд ва исёну нофармонӣ мекунанд.
ДЕВОРҲОИ ОБӢ
Уламои замони мо исбот кардаанд, ки таркиби обҳои баҳрҳо хусусиятҳои махсуси худро доранд, ки дар асари он таркиби оби як баҳр аз таркиби оби дигар баҳр фарқ мекунад. Барои муҳофизати ин хусусиятҳо дар байни ду баҳр девори обие вуҷуд дорад, ки ғалаба кардани оби як баҳрро бар оби дигар баҳр монеъ мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳайвоноти баҳр ва обии як баҳр қабл аз омехта шуданаш бо оби баҳри дигар дар ин мантақаи девори обӣ замонеро сипарӣ карда хусусиятҳои оби он баҳри дигарро мегиранд ва сипас омехта мешаванд. Ин девори обӣ ба сабаби маду ҷазр макони худро тағйир медиҳад, вале ҳамеша вуҷуд дорад ва боқӣ мемонад. Фазонавардони амрикоӣ фосилаи обии байни ду баҳрро аз кайҳон мушоҳида намуда акс гирифтаанд.
Қуръони карим аз вуҷуди чунин як девори обӣ дар байни ду баҳр дар ояти 61 сураи “Намл” чунин хабар додааст:
{وَجَعَلَ بَيْنَ الْبَحْرَيْنِ حَاجِزًا} (النمل : 61)
“Ва миёни ду дарё ҳиҷобро биофарид”. Мурод аз ҳиҷоб девор ва фосилаи обиест, ки ғалаба кардани як оби баҳрро болои оби баҳри дигар монеъ мегардад.
Ин маъно дар оятҳои 19-21 сураи “Арраҳмон” чунин шарҳ дода шудааст:
{مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ . بَيْنَهُمَا بَرْزَخٌ لَا يَبْغِيَانِ . فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ } (الرحمن : 19 – 21)
“Гузорид ду баҳрро, ки бо ҳам мулоқот бикунанд ва дар байнашон ҳоилест, ки оби яке аз онҳо бар дигараш ғалаба намекунад. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?”
МАРКАЗИ ТАСМИМГИРИИ ИНСОН
Уламои тиб имрӯз медонанд, ки тамоми тасмимҳои инсонро он қисмати мағзи сараш, ки дар пешонияш қарор дорад мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат дар Амрико баъзе он ҷинояткоронеро, ки куштани полисҳоро шуғли писандидаи худ қарор дода буданд, амалёти ҷарроҳӣ мекарданд ва як қисмати дар пешонӣ будаи мағзи саронашонро фалаҷ мекарданд. Дар натиҷа мисли тифл фармонбардор мешуданд ва қудрати тасмим гирифтани кореро аз даст медоданд. Ин ҳақиқатро бори аввал дар соли 1842 милодӣ ҳангоми захми дарунӣ бардоштани пешонии яке аз роҳиоҳанчиён дарк карданд, ки дар асари он рафтораш дигаргун гардида буд. Аз уламои исломӣ бори аввал ончиро гуфтем профессор Муҳаммад Юсуф Сакр кашф карда буд ва олими маъруфи ҷаҳонӣ профессор Кис Мури Канадӣ дар конфиренсия муъҷизаҳои Қуръон дар соли 1985 дар Қоҳира дар ҳузури уламои маъруфи олам дар ин мавзӯъ суханронӣ кардааст.
Аммо Қуръони карим 15 аср қабл дар оятҳои 15 ва 16 сураи “Алақ” дар мавриди дурӯғгӯй ва хатокор будани пешонии Абуҷаҳли ҷинояткор чунин хабар додааст:
{كَلَّا لَئِنْ لَمْ يَنْتَهِ لَنَسْفَعًا بِالنَّاصِيَةِ . نَاصِيَةٍ كَاذِبَةٍ خَاطِئَةٍ } (العلق : 15 ، 16)
“Не, не, агар боз наистад, ӯро бо пешонӣ хоҳем кашид, ба он пешоние, ки дурӯғзани хатокор аст.”
МОДДАИ САБЗ
Олимони ботаник дар мавриди кайфияти пайдоиши наботот ва меваи дарахтон аз асри 16 ҳиҷрӣ таҳқиқоти худро оғоз карданд ва баъди се аср ба ин натиҷа расиданд, ки ҳосили ғаладонаҳо ва меваҳои дарахтон аз як маводи сабзе, ки дар асари расидани шуълаи офтоб дар растаниҳо ва дарахтон пайдо мешавад ва аз худ маводи карбогидронӣ хориҷ мекунад, шакл мегиранд. Аммо Қуръони карим дар ояти 99 сураи “Анъом” 15 аср қабл дар мавриди ин маводи сабз чунин хабар додааст:
{وَهُوَ الَّذِي أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجْنَا بِهِ نَبَاتَ كُلِّ شَيْءٍ فَأَخْرَجْنَا مِنْهُ خَضِرًا نُخْرِجُ مِنْهُ حَبًّا مُتَرَاكِبً} )الأنعام : 99(
“Ва Ӯ он (Худой) аст, ки аз осмон обе фуруд овард; пас бо он об ҳаргуна растаниро берун овардем ва аз он растани маводи сабзеро берун овардем, ки аз он маводи сабз донаҳои дар якдигар пайвастаро берун меорем….”.