Суннатҳои намоз

0

Суннатҳои машҳури намоз 21-то мебошад. Хотиррасон мешавем, ки мо Тарзи хондани Намозҳои панҷвақтаро дар ин мақолаҳо қадам ба қадам бо расмҳо нишон додем, ки суннатҳои намозро низ дар бар мегиранд: Намозҳои Панҷвақта<<<

тарзи намоз хондан, ислом намоз картинка

Суннатҳои намоз инҳо мебошанд:

  1. Дар такбири таҳрима ва такбири дуои қунут ва такбироти идайн ду дастро бардоштан;
  2. Дар вақти қиём дасти ростро болои дасти чап ниҳодан;
  3. Баъд аз такбири таҳрима сано хондан;
  4. Барои қироъат дар ракаъати аввал Аъзубиллоҳ… ва Бисмиллоҳи… гуфтан. Паст гуфтани инҳо бар имом ва танҳогузор;
  5. Гуфтани “Омин” баъди сураи “Фотиҳа” паст чӣ имом бошад чӣ қавм;
  6. Дар ҳар ракаъат барои сураи “Фотиҳа” Бисмиллоҳ… гуфтан;
  7. Ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ ба қавма бархостан, ба саҷда рафтану аз он ба ҷалса ва аз ҷалса ба саҷда ва аз саҷда ба қаъда ё ба қиём бархостан ва инчунин паш аз дуъои “Қунут”- “Аллоҳу Акбар” гуфтани имом, муқтадӣ ва танҳогузор. Аммо имом ин такбирҳоро баланд мегуяд;
  8. Аз рукуъ “Самиъаллоҳу ли ман ҳамида” гуфта, бархостани имом;
  9. Аз рукуъ “Раббано лакалҳамд” гуфта, бархостани муқтадӣ (барои танҳогузор ҳардуро гуфтан суннат аст);
  10. Дар рукуъ се бор тасбеҳ гуфтан;
  11. Дар рукуъ панҷаҳои дастро кушода, дошта сари зонуро забт кардан;
  12. Дар рукуъ пуштро ҳамвор дошта, сарро баробари пушт доштан (занҳо бошанд каме хам мешаванд);
  13. Дар саҷда се бор тасбеҳ гуфтан;
  14. Дар саҷда панҷаҳои пой ва зону ва даст ва пешонӣ ва биниро ба замин расонидан;
  15. Дар саҷда ангуштони дастро часпонида (ҷафс) доштан;
  16. Қавма кардан ва дар қавма миқдори як тасбеҳ ором гирифтан;
  17. Ҷалса яъне дар миёни ду саҷда ба миқдори як тасбеҳ нишастан;
  18. Дар қаъда ба тариқе, ки дар равиши намоз гузоридан баён шуд нишастан;
  19. Баъд аз “Аттаҳиёт” салавот хондан;
  20. Баъд аз салавот дар ҳаққи худу падару модар ва ҷамии мусулмонон дуо хондан;
  21. Дар вақти тамомияти намоз ба ду тараф, рост ва чап, “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” гуфтан.

Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.

Дигар маводҳо:

Тарзи хондани намози ХУФТАН

Мақолаи қаблӣВоҷибот дар намоз
Мақолаи баъдӣМустаҳабот ва одоби намоз

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед