Алҳамдшиносӣ. Тарчумаи сураи Фотиха

0

Алҳамдшиносӣ. Тарҷимаи сураи Фотиҳа. Алхамд шиноси. Тарчумаи сураи Фотиха


1-Номҳои сураи ”Алҳамд”:

1.Сураи “Алфотиҳа”, яъне оғозкунанда. Аз ин ҷиҳат оғоз шудани Қуръони карим бо ин сура “Алфотиҳа” гуфта шудааст. Дар ривояти “Саҳеҳ Муслим” фариштае назди Пайғамбар (с) омадааст ва чунин гуфтааст:

“عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَ: …وَقَالَ: أَبْشِرْ بِنُورَيْنِ أُوتِيتَهُمَا لَمْ يُؤْتَهُمَا نَبِيٌّ قَبْلَكَ: فَاتِحَةُ الْكِتَابِ، وَخَوَاتِيمُ سُورَةِ الْبَقَرَةِ، لَنْ تَقْرَأَ بِحَرْفٍ مِنْهُمَا إِلَّا أُعْطِيتَهُ. (كذا في صحيح مسلم -1/ 554 ( 254 – 806/

“Шод бош ба ду нуре, ки  ба ту дода шудаанд ва ба пайғамбарони қабл аз ту гузашта дода нашудаанд. Он ду нур фотиҳаи китоб, яъне сураи “Фотиҳа” ва оятҳои охири сураи “Бақара” мебошанд. Ҳарферо аз ин ду бихонӣ ҳарчиро бихоҳӣ дода мешавӣ”.

2.Сураи Алҳамд, аз ҷиҳати аввалин ояташ бо ин калима оғоз мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Дорамӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن أَبِي هُرَيْرَةَ عن رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ انه قَالَ:«الْحَمْدُ لِلَّهِ أُمُّ الْقُرْآنِ، وَأُمُّ الْكِتَابِ، وَالسَّبْعُ الْمَثَانِي  .(وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح. كذا في سنن الدارمي -4/ 2124/ 3417  (

 “Алҳамду лиллоҳ, Умми Қуръон ва Умми китоб ва “Сабъаи масонӣ”, яъне ҳафт ояти дар ракаатҳои намоз такроршаванда аст”.

3.Умми Қуръон ё Умми китоб, яъне асли Қуръон, аз ҷиҳати дар садри сураҳо буданаш ва ба таври ихтисор матолиби Қуръони каримро дарбар гирифтанаш. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أُمُّ القُرْآنِ هِيَ السَّبْعُ المَثَانِي وَالقُرْآنُ العَظِيمُ”. (كذا في صحيح البخاري -6/ 81 4704 – )

“Умми Қуръон ин сураи ҳафтоятаи такроршаванда ва Қуръони азим аст”.

Нисбат ба Қуръони карим “Лавҳулмаҳфуз” умми китоб аст, зеро аз он ҷудо карда шудааст ва ба замин фиристода шудааст, ҳамчуноне тамоми дигар китобҳои осмонӣ низ, мисли Тавроту Инҷил ва ғайра ба ҳамин сифат мебошанд. Аммо сураи “Алҳамд” нисбат ба сураҳои  Қуръони карим Умми Қуръон ё Умми Китоб аст.

4-“Сабъаи масонӣ”, яъне сураи ҳафтоятаи дар ҳар ракаъати намозҳо такроршаванда. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор Абуқатода разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

” عَنْ أَبِي قَتَادَةَ، قَالَ: «كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقْرَأُ فِي الرَّكْعَتَيْنِ الأُولَيَيْنِ مِنْ صَلاَةِ الظُّهْرِ بِفَاتِحَةِ الكِتَابِ، وَسُورَتَيْنِ …،. (كذا في صحيح البخاري -1/ 152 759 – )

“Пайғамбар (с) дар ду ракаъати аввали намози зуҳр сураи Алҳамд ва ду сураи дигарро мехонд”, яъне  дар ду ракаъат сураи Алҳамдро такрор мекард.

5- Сураи намоз. Зеро Пайғамбар (с) фармудааст:

“عَنْ عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ:أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «لاَ صَلاَةَ لِمَنْ لَمْ يَقْرَأْ بِفَاتِحَةِ الكِتَابِ”. (كذا في صحيح البخاري -1/ 151 756 – )

“Касе сураи Фотиҳаро нахонад, намозаш дуруст нест”.

6- Сураи шифо. Дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади мурсали саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن عَبْدِ الْمَلِكِ بْنِ عُمَيْرٍ قَالَ: قَالَ: رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:«فِي فَاتِحَةِ الْكِتَابِ شِفَاءٌ مِنْ كُلِّ دَاءٍ» (كذا في  في سنن الدارمي -4/ 2122-3413 – وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح غير أنه مرسل”).

“Дар сураи Фотиҳа шифо барои тамоми бемориҳост”.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) барои саҳобагоне, ки яке аз онҳо ба шахси моргазидае сураи Алҳамдро хонда буд ва он моргазида шифо ёфта буд ва дар бадали сураи Алҳамдро хонданаш музд гирифта буд, чунин гуфтааст:

“عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ: قَالَ: رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:«إِنَّ أَحَقَّ مَا أَخَذْتُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا كِتَابُ اللَّهِ» (كذا في صحيح البخاري 7/ 131/ 5737 “)

“Шоистатарин чизе, ки дар қиболи он музд гирифтаед, китоби Аллоҳ аст”.

2- Макони нузул ва таркиби сураи “Алҳамд”:

Сураи “Алҳамд” маккӣ аст, яъне аз ҷумлаи он сураҳое мебошад, ки ҳангоми дар Макка будани Пайғамбар (с) нозил шудаанд ва иборат аз 7 оят, 29 калима ва 43 ҳарф аст.


ТАРҶИМАИ СУРАИ ФОТИҲА

0- بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон.

1 الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِين

Ситоиш махсуси Аллоҳ – Парвардигори ҷаҳониён аст.

2- الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

Бахшандаи меҳрубон аст.

3- مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ

Подшоҳи рӯзи ҷазо аст.

4- إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

5- اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ   

Моро ба роҳи рост роҳнамоӣ намо.

6- صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ

Роҳи касоне, ки ба онҳо неъмат додаӣ.

7- غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ.

 На роҳи касоне, ки бар онҳо хашм гирфтаӣ ва на роҳи гумроҳон.


ХУЛОСАИ МАТОЛИБИ СУРАИ “АЛҲАМД”

1-Тамоми ситоишҳо махсуси Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аст. Зеро Ӯ таъоло ба танҳоияш холиқу офарандаи неъматҳо ва хӯбиҳост ва расонандаи он неъмату хӯбиҳо бидуни сабаб ва бидуни восита ва ё ба сабаб ва ба воситаи бандае аз бандагони муъмин ва ғайри муъминаш мебошад.

2- Аллоҳи якка ва ягона раҳмон, яъне бисёр бахшандаи неъматҳо ва раҳим, яъне бениҳоят бахшандаи гуноҳон ва меҳрубонтарини меҳрубонҳост.

3- Соҳибу молики ду дунё ва ягона подшоҳи рӯзи ҷазо, яъне рӯзи қиёмат аст, ки ҳарчиро бихоҳад анҷом медиҳад ва дар он рӯз ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе қудрат ва ҷуръати мухолафати Ӯро надорад.

4- Танҳо Аллоҳ таолоро мепарастем, зеро ягона зоти шоистаи худоӣ ва воҷибулибодат ва итоъат аст. Танҳо аз Аллоҳ таоло мадад мехоҳем, зеро тамоми хайру наҷот ба дасти Ӯст. Пас ғайри Аллоҳро маъбуд гирифатану ибодат кардан ва аз ғайри Аллоҳ таоло мададу ёрӣ ҷустан гумроҳии ошкор аст. Зеро Ӯ таолост, ки дар қалби бандагони муъмин ва ғайри муъминаш нияти амали хайрро меандозад ва аз тариқи онҳо хайрашро ба мо мерасонад.

5-Ё Аллоҳ моро ба роҳи рост раҳнамоӣ кун, ки ғайри ту ҳеҷ касе ба чунин кор қодир нест. Ғайри ту ҳатто агар пайғамбар ҳам бошад роҳи ростро баён ва равшан мекунад ва барои рафтан ба он далолат ва даъват мекунад, вале дилҳои мо дар яди билокайфи Туст ва Туӣ, ки онҳоро барои рафтан ба роҳи рост тавфиқ ва мадад менамоӣ. Бидуни тавфиқ ва мадади Ту ҳатто як нафар ҳам аз пеши худ қудрат ва тавоноии ёфтан ва рафтан дар роҳи ростро надорад.

6-Роҳи рости матлуб роҳи пайғамбарон, саҳобагон, сиддиқон ва бақияи авлиёуллоҳ мебошад, ки бидуни тақлид ва пайравӣ аз равиши диндории онҳо ҳеҷ касе роҳи ростро пайдо карда ва дар он собит монда наметавонад.

7- Ё Аллоҳ мо аз рафтан ба роҳи касоне, ки Туро итоъат накарданд ва ба ғазаби ту гирифтор шуданд ва аз рафтан ба роҳи касоне, ки дар роҳи рост собит намонданд ва гумроҳ шуданд, паноҳ металабем. Худовандо! Аз фазлу карамат моро ҳидоят кун ва дар роҳи рост то дами марг собит бидор ва мисли ба ғазабат гирифтор шудагон гирифтори ба хашму ғазабат масоз ва мисли гумроҳ гардидагон бадбахту гумроҳ магардон.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣМуъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон #3
Мақолаи баъдӣПайғамбаршиносӣ. Маънои Пайғамбар