Мурдаи садсоларо ҳай мекунад, Ин ба ҷуз Ҳақ дигаре кай мекунад?

0

Шарщи Чоркитоб – пандномаи Аттор.


Матни муқаддима

Мурдаи садсоларо ҳай мекунад,
Ин ба ҷуз Ҳақ дигаре кай мекунад?

Сонеъе к-з тин салотин мекунад
Наҷмро раҷми шаётин мекунад.

Аз замини хушк рӯёнад гиёҳ
Осмонро бесутун дорад нигоҳ.

Ҳеҷ кас дар мулки Ӯ анбоз не
Қавли Ӯро лаҳн не, овоз не!


Шарҳи матн

1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло мурдаи садсола, ҳазор сола, як милион сола, як милиардсола ва ғайраву ҳоказоро аз тухми дар қаъри хок монда аз ҷасади ҳар фарде аз афроди башар дубора фардои қиёмат зинда мекунад, ҳамчуноне бори аввал онҳоро зинда карда тавониста буд.

2-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло барои нишон додани ин қудрати мурдаро зинда карда тавонистанаш, ки ҳеҷ каси дигаре ба чунин кор қодир нест, аз фазлу карамаш пайғамбараш ҳазрати Узайр алайҳиссаломро миронидааст ва баъди садсол вайро дубора зинда кардааст, то бандагони муъминаш бубинанд ва дилҳояшон итминон ва оромиш ҳосил кунад.

3-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло тавассути ситораҳо осмонро аз убур кардани шайтонҳои ҷиннӣ аз осмони дунё ва боло рафтану дуздидани хабарҳои дар осмонҳо дар байни фариштагон паҳншаванда ва расонидани он хабарҳо ба фолбинҳои каззоб ҳифз мекунад. Ба ин тариқа, ки ҳар боре ҷинҳо бихоҳанд аз мадори замин боло бираванд санге аз он ситораҳо ҷудо мешавад ва ба ҷин расида, вайро месӯзонад ва нобуд мекунад.

4-Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ончунон сонеъ ва офарандаест, ки аз хоки беарзиши зери пои ҳамагон буда, инсонҳои бузургарзишу боқимат ва подшоҳону зуроварони пирӯзмандро офаридааст.

5-Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ончунон қудрате дорад, ки аз замини хушк хори мағелон ва дигар гиёҳонро зинда мекунад ва осмонро, яъне боми дунёро, ки ба манзалаи гунбади бузурги кабуд болои ин олам аст ва ҳазорон ситораҳо ва саёраҳои садҳо маротиб аз кураи замин бузургтари трилионҳо тон  вазн доштаро дар оғушаш гирифтааст, бо ин ҳама бузургӣ ва гаронвазнияш бидуни сутун нигаҳ медорад.

6-Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло молики ҳақиқии оламу Одам аст ва ҳеҷ касе дар мулкаш бо Ӯ шарику ҳамто нест ва ҳеҷ касе бо амру дастури Ӯ қудрати мухолифат кардан ва рад карданро надорад. Аммо ҳар касе амру дастури Ӯ таолоро мухолифат кардааст ва ё мекунад, баъзеҳояшонро, амсоли Фиръавн, Оду Самуд. Қавми Лутро дар ин дунё сазои мухолифаташонро додаву ҳалокашон кардааст ва аксарашон дар охират ба сазояшон хоҳанд расид.


Далелҳои матн

1-Замоне Аллоҳ таоло хост, тавонист аз ҳеҷ чиз оламу Одамро биофарид ва дубора замоне оламу Одам ба нестӣ ва нобудӣ бираванд ва ҳеҷ чиз бишаванд, ба тариқи авло дубора офаридаашон метавонад. Зеро Зоте, ки бори аввал ба чунин кор қодир буд,  бори дуввум низ аз чунин кор оҷиз нахоҳад буд. Дар ин мавзӯъ дар ояти 33 сураи “Аҳқоф” чунин гуфтааст:

{أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ يَعْيَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يُحْيِيَ الْمَوْتَى بَلَى إِنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ} )الأحقاف: 33(

“Оё наяндешидаанд  дар ин бора, ки Худое осмонҳо ва заминро офарида ва дар офариниши онҳо хаста ва дармонда нашудааст, қодир аст мурдагонро зинда кунад? Оре, Аллоҳ бар ҳар коре (бихоҳад) қодир аст?”.

2-Касонеро тақдиру сарнавишти талху ҳалокатбори ба куфр мурдан дар интизор аст, агар ҳаррӯз Аллоҳ таоло мурдаҳои ҳазорсоларо дар пеши чашмонашон зинда бикунад, боз ҳам онро сеҳур ҷоду мегӯянд ва имон намеоранд. Аммо Аллоҳ таъоло барои итминон ва оромиши қалбҳои аҳли имон барои ҳазрати Иброҳим ва бақияи аҳли имон то рӯзи қиёмат парандаҳои мурдаву пӯсидаро дубора зинда кардааст ва барои нишон додани чигуна дубора зинда карданаш, пайғамбараш ҳазрати Ӯзайрро миронида ва садсол баъд дубора зинда кардааст.

Оре, аҳли имон ба хабаре, ки Аллоҳ таъоло дар бораи дубора зинда шудани фардои қиёмат дода аст, яқин доранд, вале ҳангоме ин хабарро дар қиссаи ҳазрати Иброҳим ва Узайр (а) мебинанд ва мехонанд, итминон ва оромиши бештар дар дилҳояшон нисбат ба дубора зинда шудан ҳосил мешавад. Далели ин, ки барои итминон ва оромиши қалб Аллоҳ таоло ба ду пайғамбараш ҳазрати Иброҳим ва ҳазрати Узайр (а) кайфияти дубора зинда карданашро нишон додааст, ояти 260 сураи “Бақара” аст:

{وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ أَرِنِي كَيْفَ تُحْيِ الْمَوْتَى قَالَ أَوَلَمْ تُؤْمِنْ قَالَ بَلَى وَلَكِنْ لِيَطْمَئِنَّ قَلْبِي } (البقرة: 260)

“Ба ёд овар ҳангоме, ки Иброҳим гуфт:Парвардигорам! Ба ман нишон бидеҳ, ки чигуна мурдагонро зинда мекунӣ? Аллоҳ гуфт: Оё ба дубора зинда карданам имон надорӣ? Иброҳим гуфт: Бале, имон дорам вале барои дилам итминон ва оромиш ҳосил бикунад мехоҳам бо чашмонам бубинам”.

Аммо дар бораи дубора зинда кардани ҳазрати Узайр дар ояти 259 сураи “Бақара” Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст:

{ أَوْ كَالَّذِي مَرَّ عَلَى قَرْيَةٍ وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَى عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّى يُحْيِي هَذِهِ اللَّهُ بَعْدَ مَوْتِهَا فَأَمَاتَهُ اللَّهُ مِائَةَ عَامٍ ثُمَّ بَعَثَهُ قَالَ كَمْ لَبِثْتَ قَالَ لَبِثْتُ يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ قَالَ بَلْ لَبِثْتَ مِائَةَ عَامٍ فَانْظُرْ إِلَى طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمْ يَتَسَنَّهْ وَانْظُرْ إِلَى حِمَارِكَ وَلِنَجْعَلَكَ آيَةً لِلنَّاسِ وَانْظُرْ إِلَى الْعِظَامِ كَيْفَ نُنْشِزُهَا ثُمَّ نَكْسُوهَا لَحْمًا فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ قَالَ أَعْلَمُ أَنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ} (البقرة: 259)

“Ё ҳамчун касе, ки аз канори деҳкадае мегузашт, ки бомҳо ва деворҳои хонаҳояш  бар болои пояҳояшон фуру рехта буданд, гуфт: Чигуна Аллоҳ инро пас аз мурданаш зинда мекунад?

Пас Аллоҳ вайро ба муддати сад сол миронд ва баъди сад сол зиндааш кард ва ба вай гуфт: Чӣ қадар ғоиб монда будӣ? Гуфт: Як рӯз ё қисмате аз як рӯзро. Аллоҳ гуфт: Балки сад сол дар ин ҳол мондаӣ, пас ба хурок ва нушиданият назар кун, ки тағйир наёфтааст. Ба харат бингар ва то туро нишонае барои мардум қарор бидиҳем ва ба устухонҳои хар бингар чигуна аввалан онҳоро бо ҳам пайванд медиҳем ва баъди он бар онҳо гушт мепушонем. Вақте чигуна дубора зинда шудан барояш ошкор шуд гуфт: Медонам, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст”

3-Маърифати ҳазрати Узайр алайҳиссалом. Ҳазрати Узайр аз пайғамбарони Бани Исроил ва аз насли Ҳорун (а) бародари ҳазрати Мусо аст. Ҳазрати Узайр тақрибан 2600 сол қабл ба дунё омадааст ва бештар аз 110 сол ғайр аз сад соли мурдану зинда шуданаш умр дидааст.

Аз ҷумлаи ҳофизони  Таврот аст, ки баъди сӯзонида шудани он тавассути лашкариёни Бухти Наср ҳазрати Узайр Тавротро дубора аз ёдаш, ҳамчуноне нозил шуда буд навиштааст. Ҳазрати Узайрро дар чаҳор солагияш Бухти Наср ҳамроҳи падару модараш ба Ироқ бурда буд ва баъди баргардонидани Куруши кабир Бани Исроилро ба Фаластин ба инҷо омадааст ва чиҳил соли бақияи ҳаёташро дар Фаластин гузаронидааст.

Баъди дубора зинда шуданаш фарзандонаш дар қайди ҳаёт набуданд ва наберагони дар қайди ҳаёт будааш аз вай бузургсолтар буданд. Пас мурдану дубора зинда шудан ва бо чунин ҳоли ғайри одии ҷавонтар аз наберагони худ дар як вақт ҳамроҳашон зиндагӣ кардан, аз хусусиятҳои ин пайғамбари бузургвор аст.

4-Далели тавассути ситораҳо ҳифз кардани Аллоҳ таоло осмонро аз гӯш кардани шайтонҳо суханони фариштаҳоро оятҳои 16-18 сураи “Ҳиҷр” аст:

{وَلَقَدْ جَعَلْنَا فِي السَّمَاءِ بُرُوجًا وَزَيَّنَّاهَا لِلنَّاظِرِينَ .وَحَفِظْنَاهَا مِنْ كُلِّ شَيْطَانٍ رَجِيمٍ . إِلَّا مَنِ اسْتَرَقَ السَّمْعَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ مُبِينٌ } (الحجر: 16 – 18)

“Ҳамоно мо дар осмонҳо бурҷҳои фалакӣ падид овардаем ва онро барои бинандагон ороста ва зиннат додаем ва онро аз ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардаем, магар ки касе ҳамчун дузд гӯш фаро бидиҳад, шиҳоби (сангпорае аз ситора мисли шуълаи оташ) равшане вайро дунбол мекунад”.

5- Аз ҷумлаи далелҳои ин, ки Аллоҳ таоло осмонро бидуни сутунҳои бароямон дидашаванда нигаҳ медорад, ояти 2 сураи “Раъд” аст:

{ اللَّهُ الَّذِي رَفَعَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي لِأَجَلٍ مُسَمًّى يُدَبِّرُ الْأَمْرَ يُفَصِّلُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ بِلِقَاءِ رَبِّكُمْ تُوقِنُونَ} )الرعد: 2(

“Аллоҳ зотест, ки осмонро бидуни сутунҳое, ки онҳоро мебинед бардоштааст ва баъди он бар Арш боло шудаааст ва офтобу моҳро ром гардонидааст, ки ҳар кадомаш то замони муъаяне дар ҷараён ( ҳаракат ва давр) мебошанд. Аллоҳ умури оламро тадбир ва идора мекунад ва Ӯ оятҳо (нишонаҳои вуҷуд ва қудратмандияшро) баён медорад, то шумо ба мулоқот кардан бо Парвардигоратон яқин ҳосил кунед”.

Руйхати Сураҳои Қуръон – Тафсири осонбаён

Мақолаи қаблӣҲаст султонӣ мусаллам мар варо … (шарҳи Чаҳоркитоб)
Мақолаи баъдӣСалавот, муноҷот ва насиҳати шайх Аттор (шарҳи Чоркитоб)