Матни муқаддима
Ҳаст султонӣ мусаллам мар варо,
Нест касро заҳраи чуну чаро.
Ӯст султон ҳарчӣ хоҳад он кунад,
Оламеро дар даме вайрон кунад.
Он якеро ганҷу неъмат медиҳад,
В-он дигарро ранҷу заҳмат медиҳад.
Он яке пушида санҷобу самур,
Вон дигар хуфта бараҳна дар танӯр.
Турфатулъайне ҷаҳон бар ҳам занад,
Кас наметонад, ки онҷо дам занад.
Он, ки бо мурғи ҳаво моҳӣ диҳад,
Бандагонро давлати шоҳӣ диҳад.
Бепадар фарзанд пайдо Ӯ кунад,
Тифлро дар маҳд гӯё Ӯ кунад.
Шарҳи матн
1-Подшоҳии ҳамаҷонибаву ҳамешагӣ ва пойдору қатънашаванда аз Аллоҳ таолост ва Ӯст, ки дар атрофу акнофи мулкаш бо илму ҳикмати худ ҳар киро бихоҳад аз бандагони мусулмону ғайри мусулмонаш салтанат ва подшоҳӣ медиҳад. Бандаи мусулмонашро барои озмоиши дину имон ва шукру сипосгузорияш подшоҳӣ медиҳад ва бандаи ғайри мусулмонашро барои бештар шудани масъулияту азобаш рӯзи қиёмат ва тавассути ӯ сабру шикебоии мусулмонони дар дохили кишвари подшоҳи ғайри мусулмон зиндагикунандаро мавриди озмоиш қарор додан, подшоҳӣ медиҳад.
2-Подшоҳи ҳақиқӣ танҳо Аллоҳ таолост, чун ҳарчиро бихоҳад метавонад анҷом бидиҳад, ҳамчуноне хост оламу Одамро пайдо кунад, пайдо кард ва ҳарчиро бихоҳад метавонад несту нобуд бикунад, ҳамчуноне қавми Нӯҳ, Фиръавн, Од, Самуд, Лӯт ва ғайраро нобуд кардааст. Аммо подшоҳие, ки Аллоҳ таъоло ба бандагонаш медиҳад муваққат ва маҳдуд аст, подшоҳии банда рӯзе оғоз мешавад ва рӯзе ба поён мерасад, анҷом додани як кореро қодир аст ва аз анҷом додани кори дигар оҷиз мебошад.
3-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ҳамчуноне аз зану мард тифлро ба дунё меорад, инчунин метавонад аз зани танҳо ё аз марди танҳо ва ё аз чизи дигаре, мисли хоку санг ва ғайра зиндаҷонеро мисли инсон ё ҳайвон ва ғайри он ба вуҷуд биорад. Чуноне медонем ҳазрати Исоро аз як зан, яъне аз модараш танҳо ва ҳазрати Ҳаворо аз узве аз аъзои мард, яъне аз ҳазрати Одам ва ҳазрати Одамро аз хок ва шутури модаи ҳазрати Солеҳро аз санг ва аждаҳои ҳазрати Мусоро аз чӯби хушки асои дар дасташ буда офаридааст.
4-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ҳамчуноне ба тадриҷ ва оҳиста оҳиста тифлро қудрати роҳ рафтан ва гап заданро медиҳад, инчунин метавонад яке якбора вайро гӯё бикунад, ҳамчуноне ҳазрати Исо ҳанӯз замони тифлӣ дар гавҳора буданаш ба сухан даромад ва аз покдомании модараш ва бандаву пайғамбари Аллоҳ таоло будани худаш сухан гуфт.
Далелҳои матн
1-Насаби ҳазрати Исо алайҳиссалом. Ҳазрати Исо ибни Марям танҳо насаби модарӣ дорад ва аз пушти модарияш аз авлоди ҳазрати Яъқуб ва охирин пайғамбаре аз сулолаи пайғамбарони Бани Исроил алайҳимуссалом аст. Зеро пайғамбари баъди вай омада, яъне ҳазрати Муҳаммад (с) аз насли Исмоил ибни Иброҳим алайҳимуссалом мебошад ва ҳазрати Исо аз пушти модарияш аз зурияи Яъқуб ибни Исҳоқ ибни Иброҳим алайҳимуссалом аст. Ба таври умум ҳазрати Муҳаммад ва Исо ва тамоми дигар пайғамбарони Бани Исроил аз наберагони ҳазрати Иброҳим (а) мебошанд.
Ҳазрати Исо 2120 сол қабл дар қарияи Носира тобеъи шаҳри Байтуллаҳм дар наздикиҳои Байтулмуқаддас ба дунё омадааст.
2-Пайғамбарии ҳазрати Исо алайҳиссалом. Чуноне гуфтем ҳазрати Исо аз Бани Исроил аст ва барои ислоҳи Бани Исроил аз хурофоту таҳриф ва рӯ овардан ба тавҳид фиристода шудааст ва пайғабарии вай ва аз ҳазрати Яҳё дар як вақту замон гузаштааст. Ҳангоме ҳазрати Яҳёро ба қатл расониданд мутобиқи баъзе ривоятҳо 31 сола буд ва баъди куштани вай нақшаи қатли ҳазрати Исоро низ дар сар мепарвариданд.
Ҳазрати Исо баъди ҳазрати Яҳё ду соли дигар ё каме бештар боқӣ мондааст ва масъулияти пайғамбарияшро иҷро мекардааст, вале ҳангоме вайро дастгир кардаанд ва мехостанд мисли ҳазрати Яҳё ба қатлаш бирасонанд, Аллоҳ таоло ӯро ба осмон бардошт.
Замонеро, ки Аллоҳ таоло тақдир кардааст фаро бирасад, ҳазрати Исо дубора ба замин фиристода мешавад ва барои ислоҳи мардум мутобиқи таълимоти охирин китоби Аллоҳ таоло фиристода, яъне Қуръони карим ва суннати охирин пайғамбараш, яъне Муҳаммад (с) мепардозад ва саранҷом вай низ мисли бақияи пайғамбарон вафот мекунад ва дафн карда мешавад.
3-Ҳазрати Исо аз дидгоҳи яҳудият ва насроният ва ислом. Аҳли ин се дини осмонӣ дар мавриди ҳазрати Исо назарҳои мухталиф доранд:
1-Яҳудиён ба пайғамбарияш иътиқод надоранд ва ба пайғамбарии ӯ ва китоби овардааш Инҷил бовар надоранд.
2-Насрониён Худои якка ва ягонаро иборат аз се унсур медонанд: 1- Аллоҳ таъоло. 2- Руҳулқуддус, яъне ҳазрати Ҷиброил. 3- Ҳазрати Исо. Аммо худи ҳазрати Исоро бачаи Худо ва саҳобагони хосаш, яъне ҳавориюнашро пайғамбарони ӯ мегӯянд.
3-Мусулмонон инкор кардани пайғамбарии ҳазрати Исо ва Инҷили овардаи ӯро куфр медонанд ва ҳазрати Исоро мисли тамоми пайғамбарон фарде аз афроди башар, ки ба таври муъҷизанок, яъне бепадар Аллоҳ вайро ба дунё овардааст, муътақид мебошанд, валекин бачаи Худо гуфтани вайро шарик сохтанаш дар Зоти Аллоҳ ва хилофи ақидаи тавҳид ва яктопарастӣ медонанд. Мо ақида дорем, ки имон овардан ба пайғамбарии тамоми пайғамбарон ва аз ҷумла имон овардан ба пайғамбарии ҳазрати Мусо ва Исо ва имон овардан ба китобҳои овардаи онҳо, яъне Таврот ва Инҷил шарти дуруст шудани имони ба пайғамбарии Муҳаммад (с) ва ба китоби овардаи Ӯ, яъне Қуръони карим аст.


