Салавот, муноҷот ва насиҳати шайх Аттор (шарҳи Чоркитоб)

0

Салавот, муноҷот ва насиҳати шайх Аттор (шарҳи Чоркитоб)


САЛАВОТИ ШАЙХ АТТОР

Баъди ин гӯям дуруди Мустафо.
Он, ки олам ёфт аз нураш сафо.

Сайиди кавнайн хатмул мурсалин.
Охир омад, буд фахрул аввалин.

Он, ки омад нуҳ фалак миъроҷи Ӯ.
Анбиёву авлиё муҳтоҷи Ӯ.

Шуд вуҷудаш раҳматан лил оламин.
Масҷиди ӯ шуд ҳама рӯи замин.

Он, ки шуд ёраш Абубакру Умар.
Аз сари ангушти ӯ шақ шуд қамар.

Он яке ӯро рафиқи ғор буд.
Вон дигар лашкаркаши аброр буд.

Соҳибаш буданд Усмону Алӣ.
Баҳри ӯ гаштанд дар олам валӣ.

Он яке кони ҳаёву ҳилм буд.
Вон дигар боби Мадина илм буд.

Он расули Ҳақ ки хайруннос буд.
Амми покаш Ҳамзаву Аббос буд.

Бод аз мо сад дуруду сад салом.
Бар расулу олу асҳобаш тамом.

Сад ҳазорон раҳмати Ҳақ офарин.
Бар ваю бар оли поки таййибин.


МУНОҶОТИ ШАЙХ АТТОР

Подшоҳо ҷурми моро даргузор,
Мо гунаҳгорему Ту омурзгор.

Ту накӯкорию мо бад кардаем,
Ҷурми беандоза беҳад кардаем.

Солҳо дар фисқу исён будаем,
Доим аз карда пушаймон будаем.

Рӯзу шаб андар маъосӣ будаем,
Доимо андар табоҳӣ будаем.

Бегунаҳ нагзашта бар мо соате,
Бо ҳузури дил накарда тоате.

Бар дар омад бандаи бигрехта,
Обурӯи худ зи исён рехта.

Мағфират дорам умед аз лутфи Ту,
З-он ки худ фармудаи “Ло тақнатӯ”.

Баҳри алтофи ту бепоён бувад,
.Ноумед аз раҳматат шайтон бувад.

Нафсу шайтон зад Каримо роҳи ман,
Раҳматат бошад шафоъатхоҳи ман.

Чашм дорам к-з гунаҳ покам кунӣ,
Пеш аз он к-андар лаҳад хокам кунӣ.

Андар он дам аз бадан ҷонам барӣ,
Аз ҷаҳон бо нури имонам барӣ.


НАСИҲАТИ ШАЙХ АТТОР

Дар бало ёрӣ махоҳ аз ҳеҷ кас,
З-он ки набвад ҷуз Худо фарёдрас

Аз Худо хоҳ ҳар чӣ хоҳӣ эй писар,
Нест дар дасти халоиқ хайру шар.

Ғайри ҳақро ҳар кӣ хонад, эй писар,
Кист дар олам аз ӯ гумроҳтар!?


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣМурдаи садсоларо ҳай мекунад, Ин ба ҷуз Ҳақ дигаре кай мекунад?
Мақолаи баъдӣШархи мукаддимаи Чоркитоб (бо забони точики)