Тафсири Сураи Наба Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 20
وَّ سُيِّرَتِ الۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ٢٠
Ва суййирати-л ҷибалу фа-канат сароба. 20.
20. Ва кӯҳҳоро дар сайр дароварда мешавад, гӯё ки онҳо саробанд.
Рӯзи қиёмат кӯҳҳо аз ҷояшон кӯчида ба ҳаракат меоянд, монанди сароб ба назар метобанд. Сароб намудест, ки дар биёбон ва роҳҳои рӯпӯшшуда ҳангоми тасфи ҳаво ба инсон аз масофаи дур монанди об зоҳир мешавад. Ҳангоми наздикшавӣ ба он аз назари одам ғайб мезанад. Зеро он об нест.
Дар рӯзи қиёмат кӯҳҳо ба зарраҳо табдил ёфта, ба Замин ҳамвор мегарданд, мисли сароб аз назар ғоиб мегарданд. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «