Тафсири Сураи Нахл Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 35
وَقَالَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا لَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا عَبَدْنَا مِنْ دُونِهِ مِنْ شَيْءٍ نَحْنُ وَلَا آبَاؤُنَا وَلَا حَرَّمْنَا مِنْ دُونِهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ فَهَلْ عَلَى الرُّسُلِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ ٣٥
Ва қола-л-лазӣна ашраку лав шааллоҳу ма ъабадна мин дуниҳӣ мин шай-ин-н-наҳну ва ла абауна ва ла ҳаррамна мин дуниҳӣ мин шаяъ. Казалика фаъала-л лазӣна мин қаблиҳим. Фа ҳал ъала-р-русули илла-л балағу-л-мубӣн. 35.
35. Ва ононе ки ширк оварданд, гуфтанд: «Агар Худо мехост, ба ҷуз Вай ҳеҷ чизеро на мо ва на падарони мо намепарастидем ва ба ғайри фармони Вай ҳеҷ чизеро ҳаром намедонистем». Касоне ки пеш аз онҳо буданд, ҳамчунин карданд. Пас, барои пайғамбарон ба ҷуз хабар расондани ошкоро чизе нест.
Шубҳаи дигари мушрикони Макка, ки ширк оварданро ҷоиз медонистанд ва пайғамбаронро таъну эрод мегирифтанд, чун гурӯҳи ҷабария мегуфтанд, ки агар Худованд мехост, ба ғайри худои Ягона (чуноне ки шумо мегӯед Худо ягона аст) чизи дигареро намепарастидем ва ҳаргиз ба суроғи бутҳо на мо мерафтем ва на падарҳои гузаштаи мо. Ҳамчунин бидуни фармони Худованд чизеро (чун соиба, баҳира, васила…) аз назди худ ҳаром ҳукм намекардем. (Нигоҳ. ба ояти 103, сураи «Моида»).
Хулоса, нахустин шубҳаи мушрикон ин буд, ки мегуфтанд, ки агар Аллоҳ таъолло аз куфру ширку бутпарастии мо розӣ набошад, пас чаро ба тарки он моро маҷбур намекунад? Нодурусту ботил будани чунин далелу чунин шубҳа мисли Офтоб зоҳиру равшан аст. Зеро Худованди таъоло низоми ин оламро бар асосе устувор намудааст, ки инсон комилан маҷбур қарор дода нашуд, балки навъе аз ихтиёри ҷузъиро соҳиб аст. Дар баробари ин, ба воситаи китобҳои осмони ва пайғамбарон амру фармонҳои Худованд ба ӯ расонида шуд. Агар бо ин ихтиёри ҷузъие, ки дорад, итоъати Худованди таъолоро интихоб кунад, ба ӯ савоб ва некиҳои дунёву охират ваъда дода мешавад. Агар нофармонии Аллоҳ таъолоро интихоб кунад ба ӯ ваъдаи азоб дода шудааст. Бояд қайд кард, ки агар Худованди таъоло мехост, ки ҳамаро маҷбуран мутеъи Худ намояд, ҳеҷ кас наметавонист аз итоъати Ӯ берун равад. Пас, ин гуфтаи кофирон, ки агар рафтори мо мавриди писанди Худо набошад, чаро моро маҷбур намесозад, то аз ин рафтор боз истем, ин саволи бемаъно ва ҷоҳилона аст. Зеро онҳо фарқи байни хост ва ризоияти Парвардигорро нафаҳмидаанд. Аз ин рӯ, Худованд дар давоми оят бо тасалли Муҳаммад (с)-ро лутф фармуд, ки агар мушрикони даври ту чун мушрикони гузашта рафтор кунанд, нороҳат машав, зеро дар давраи ҳамаи пайғамбарони гузашта низ чунин корҳо шуда гузаштанд. Вазифаи пайғамбарони илоҳӣ ҷуз таблиғи ошкоро ва расонидани ваҳйи илоҳӣ кори дигаре нест.
Хулоса, пайғамбарон (а) ҳеҷ касро барои дохил шудан дар дини Худо маҷбур намекарданд, намезаданд, дашном намедоданд, балки бо суханҳои нарму мулоим таълимоти илоҳиро ба мардум мерасониданд ва аз кори гуноҳ бозмедоштанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «