Сураи Наҷм – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи «в-ан-Наҷм», дар Макка нозил шуда 53-юм сураи Қуръон буда аз 62 оят иборат аст.

Сураи «Наҷм» мисли сураҳои қабл масъалаҳои рисолати Паёмбар (с), имон ва аҳволи қиёматро дар бар гирифта, ақидаи хонандаро аз олудагию шубҳаҳо пок ва муолиҷа намуда, устувору қавӣ мегардонад.

Дар аввали сура Аллоҳ таъоло ба ситораҳои фурӯраванда, мисли сурайё ва ғайра савганд ёд намуда, ҳақиқати рисолати Паёмбар (с)-ро баён менамояд. Ишора меравад, ки Паёмбар (с) ҳаргиз аз худ сухан бофта, онро ба мардум чун ваҳйи илоҳӣ пешниҳод накардаанд. Балки Он ҳазрат (с) хеле кӯшидааст, то ваҳйи илоҳиро, ки ҳазрати Ҷабраил (а) ба ӯ омӯхтааст, ба бандагони Худо бе каму кост ва бе илова бирасонад. Худованд дар ин сура чӣ гуна фуруд омадани ҳазрати Ҷабраил (а) ва мулоқӣ (ҳамсуҳбат) шудани ӯро бо ҳазрати Муҳаммад (с) зикр намудааст.

Сура аз ҳодисаи меъроҷи Паёмбар (с), ки худ як мӯъҷиза аст, нақл мекунад. Дар он аҷоиботу ғароиботи олами улвӣ (боло) низ, баёни худро ёфтааст. Дар баробари он ба мардум оид ба амалҳое, ки иҷроишашон фарз ва воҷиб (ҳатмӣ) аст, тазаккур медиҳад. Баъдан гуфта мешавад, ки ибодати мушрикон ва бут (санам) парастии онҳо, агарчанде худашон онро дуруст пиндоранд ҳам, ботил аст. Ҳарчи ба ҷуз Худованд парастида шавад, агарчи фариштаи муқарраб бошад ҳам, куфр ва ширк буда, оқибати даҳшатовар ва азоби ҷонкоҳ дорад.

Давоми сура аз ҷазои одилонаи рӯзи қиёмат сухан мекунад. Ҳар кас мувофиқ ба амалаш подош мегирад ва гуноҳи ҳеҷ кас ба каси дигар бор карда намешавад. Сура қудрату санъати Аллоҳ таъолоро бо мисол овардан дар ҷуфт офаридани махлуқот, сарватманд ва ё камбағал гардонидани инсону зинда гардонидану мирониданро таъкид месозад.

Хатми сура аз азоби болои сари умматҳои тоғӣ (саркаш) омада: мисли қавми Од, қавми Самуд, қавми Лут (а) ва Нӯҳ (а) нақл мекунад. Мушрикони бадбахти Маккаро аз азобе, ки онҳоро интизор аст, ҳушдор дода мешавад. Ин буд баёни мухтасари муқаддимаи сураи «Наҷм».


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)