Сураи Намл Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 78

اِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِىۡ بَيۡنَهُمۡ بِحُكۡمِهٖ‌ۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡعَلِيۡمُ ٧٨

Инна Раббака яқЗӣ байнаҳум би ҳукмиҳ. Ва Ҳува-л Ъазӣзу-л-Ъалӣм. 78.

78. Ҳаройина, Парвардигори ту ба ҳукми Худ миёни онҳо файсала кунад ва Ӯст ғолибу доно.

Бани Исроил, дар баробари Қуръон, ки ҳақиқатро бозгӯ мекунад, таслим нашуданд. Ҳоло Худованд дар ин оят гуфтааст, ки Парвардигори Ту дар кори худ Азиз (мағлубнашаванда) ва чунон Алим (Доно) аст, ки ҳукмаш қиёсӣ ё тахминӣ нест. Ана чунин Зот рӯзи қиёмат байни бани Исроил ҳукму файсала мекунад. Агарчи дар ояти мазкур сароҳатан доварии Худованд дар рӯзи қиёмат зикр нашуда бошад ҳам, локин бо назардошти эзоҳи ояти 17-уми сураи «Ҷосия» ва ояти 93-юми сураи «Юнус (а)» маълум мешавад, ки Худованд барои бани Исроил дар он чи ихтилоф кардаанд, рӯзи қиёмат доварӣ мекунад. Барои маълумоти бештар ба оятҳои номбурда муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)