Тафсири Сураи Намл Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 77
وَاِنَّهٗ لَهُدًى وَّرَحۡمَةٌ لِّلۡمُؤۡمِنِيۡنَ ٧٧
Ва иннаҳу лаҳуда-в ва раҳмату-л лил муъминӣн. 77.
77. Ва ҳаройина, Вай (Қуръон) мусалмононро ҳидоят ва раҳмат аст.
Қуръон барои касоне, ки ба Худованд (ҷ.ҷ.) имон овардаанд ва Пайғамбари Худо (с)-ро пайрав шудаанд, аз роҳи каҷ ба роҳи рост ҳидоятгар аст. Касе ба Қуръон ҳидоят шавад, некбахтии дунё ва охират насиби ӯст. Қуръон китобест, ки инсонро аз роҳҳои ихтилофандозӣ, тафриқабозӣ ба роҳи адлу инсоф, имону ислому Худотарсию Худопарастӣ ҳидоят мекунад.
Мисол: Гурӯҳе аз насоро гумроҳ шуда, Исо ибни Марям (а)-ро (наъузу биллоҳ). «Худо дар ҷасади одам аст мегӯянд. Гурӯҳе аз онҳо ӯро яке аз севвум худоҳо медонанд. Бо фикри онҳо, гӯё Исо (а) дар дор чормех шудааст. Худованд бо Қуръон муъминонро ҳидоят намуда, дар ояти 75-уми сураи «Моида» гуфт, ки Исо (а) писари Марям (а) ба ҷуз Пайғамбари мо ки пеш аз ӯ (а) пайғамбарон низ гузаштаанд, каси дигаре нест. Яъне на ӯ (а) Худост, на писари Худо ва на дар дор чормех шудааст. Балки банда ва расули Худост ва Худованд ӯ (а)-ро ба сӯйи Осмон боло бурд. Ин аст ҳидояти Қуръон.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «