Намози казои – Қазои намозҳо

0

Тарзи хондани намози казо ва нияти намози казо, намози казои маълумоти муфассал дар ин саҳифа, намози қазоӣ, Қазои намозҳои фавтшуда >>

тарзи хондани намоз, намоз, оила, ислом
Расм аз Islam.plus

Нияти намози казои

агар қазои намози ҳамин рӯз ё дирӯзро гузоридан хоҳед, пас чунин ният кунед:

Ният кардам бигузорам фарзи намози бомдод (ё пешин)-и қазоии ҳамин рӯз (ё дирӯз), рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.

Агар намозҳои қазоии гузаштаро мегузоред, пас равиши нияти он намозҳо чунин аст:

Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.

Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед:

Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.


Инсон бояд намозҳои фарзро дар вақти худ бихонад ва ҳар гоҳ бе узр намозеро қазо намояд, гунаҳкор мегардад ва бояд тавба карда, қазои онро ҳар вақте ки ба ёдаш омад, бихонад.

Касе, ки намозҳои қазокардааш камтар аз шаш вақт намоз бошанд, бояд онҳоро ба тартиб ва пеш аз намозҳои вақтӣ бихонад. Ба ин тариқ ки масалан, агар аз ӯ як намози бомдод ва ё як намози пешин қазо шуда бошад, аввал бояд қазои намози бомдодашро бигузорад ва пас аз он қазои пешинашро ва ё ин ки масалан, агар ҳангоми намози пешин ба ёдаш ояд, ки аз ӯ як намози бомдод қазо шудааст, аввал бояд қазои бомдодашро ба ҷо оварад ва баъд аз он намози пешини онрӯзаашро бихонад.

Шахсе, ки ҳеҷ намозеро қазо накардааст ва ё намозҳои қазоияш аз шаш вақт камтар мебошанд, ба вай соҳибтартиб гуфта мешавад. Барои шахси соҳибтартиб ҳам дар байни намозҳои қазоие, ки аз шаш вақт камтар мебошанд ва ҳам дар миёни онҳо ва намозҳои вақтии дигар риояи тартиб воҷиб мебошад.

Агар намозҳои қазоияш аз шаш вақт бештар шаванд, вай дигар аз соҳибтартибӣ хориҷ мегардад ва риояи тар-тиб ба сурати қаблӣ дар байни намозҳои қазоӣ ва ҳамчунин дар байни онҳо ва намозҳои вақтӣ бар вай воҷиб нест, вале ҳамин ки намозҳои қазоияшро пурра ба ҷой оварад ва ё аз шаш вақт камтар гарданд, боз он шахс соҳибтартиб мегардад.

Тартиби мазкур дар намозҳои қазошуда дар се ҳолат аз намозгузор соқит мешавад:

  1. Намозҳои қазошуда аз шаш вақт бештар шаванд.
  2. Вақт ба андозае танг биояд, ки танҳо гунҷоиши гузо-ридани намози вақтиро дошта бошад. Зеро дар ин ҳолат бо гузоридани намози қазо намози вақтӣ ҳам қазо мегардад.
  3. Фаромӯш кардани намозҳои қазошуда.

1.Барои ба ҷой овардани қазои намозҳои фавтшуда вақти хоссе муайян нашудааст, балки гузоридани онҳо, ҷуз дар вақтҳои мамнӯа – вақти баромадани офтоб, нисфирӯзии адл ва вақти нишастани офтоб – дигар ҳама вақт ҷоиз аст.

2.Агар намози қазогашта ба ёдаш омад, вале имрӯзу фардо карда, қазои онро ба ҷой наоварад ва ҳамон тавр би-мирад, бар вай ду гуноҳ бошад: яке гуноҳи қазо сохтани на-моз, дигар гуноҳи ба таъхир партофтани анҷоми қазои он.

3.Агар аз шахсе дар тамоми умр ҳеҷ намозе қазо на-гашта ва ё агар буда, қазои онро ба ҷой оварда бошад, ба ин шахс дар истилоҳи илми фиқҳ соҳиби тартиб мегӯянд.

Шахси соҳиби тартибро, агар намози фавтгаштае ба ёдаш ояд ва дар вақт низ гунҷоиш буда бошад, набояд аввал на-мози вақтиро бихонад, балки нахуст бояд намози қазоаш-ро ба ҷой оварад, он гоҳ намози вақтиро адо намояд.

4.Агар аз касе шаш вақт намоз ё бештар аз он фавт ша-вад, дигар аз соҳибтартибӣ хориҷ мегардад ва дар пешу ақиб гузоридани қазоӣ аз вақтӣ ва ё вақтӣ аз қазоӣ, ҷуз дар чанд ҳолати хос, риояи тартиб зарурат надорад.

5.Агар намози витраш фавт гардад ва бар гарданаш қазоии дигаре вуҷуд надошта бошад, пеш аз ба ҷой овар-дани қазоии витр намози бомдод ҷоиз нест. Яъне риояи тартиб дар байни намози қазои витр ва намози бомдоди вақтӣ низ воҷиб мебошад.

6.Шахси соҳибтартиб фарзи хуфтанро хонда бихобад ва замоне ки барои намози шаб (таҳаҷҷуд) бархост, вит-рро ба ҷой оварад, вале рӯзона ба ёдаш расад, ки намози хуфтанро бе вузӯ хондааст, дар ин сурат танҳо қазоии фарзи хуфтанро ба ҷой меоварад.

7.Намозҳои фарз ва витр қазо оварда мешаванд, на суннатҳо ва нафлҳо. Албатта, агар намози бомдоди касе қазо шавад ва пеш аз заволи ҳамон рӯз қазои онро ба ҷой оварад, фарз ва суннат ҳар дуро қазо меоварад ва баъд аз завол (нисфирӯзӣ) дигар танҳо фарзро қазоӣ мегузорад.

8.Агар касе аз бенамозӣ тавба намояд ва тасмим ги-рад, ки дар оянда дигар аз ӯ намозе қазо нахоҳад шуд, бо-яд қазои намозҳои гузаштаро ба ҷой оварад.

9.Агар аз касе намозе қазо гардад ва фурсати адои онро наёбад, бар вай воҷиб аст, ки пеш аз марг ворисо-нашро ба фидя додан васият намояд, агар васият накунад, гунаҳкор мегардад.

10.Қазо доштани намозҳои фавтшудаи фарз фарз ва намозҳои воҷиб, ба монанди витр воҷиб мебошад. Намози нафл бо шурӯъ намудан воҷиб мегардад. Агар намози нафлашро пас аз шурӯъ намудан фосид гардонад, қазои он бар вай воҷиб мебошад.

11.Агар намозҳои қазогаштаи шахсе бисёр шуданд, ҳангоми ба ҷой овардани қазоии онҳо бояд ҳар намозро муайян созад.

Вале агар барои вай муайян намудани ҳар намозе душвор ва номумкин бошад, пас ният кунад, ки ӯ масалан, аввалин намози пешини қазокардаашро ва ё охирин намози пешини қазокардаашро ба ҷой меоварад.


Омӯзиши НАМОЗ

Мақолаи қаблӣБо ЗАНи худ ин корҳоро НАкунед!!!
Мақолаи баъдӣЧаро дарахтон сабз мешаванд?