Дарахт ҳам мавҷуди зинда мебошад. Тамоми мавҷудоти зинда бошад – тавлид мешаванд, ба воя мерасанд ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд.

Дарахтон барои он сабз шуда калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд. Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои офтоб ба материалҳои нав (шоху барг) табдил гардида, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад.
Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.


