Фоидахои тиббии Бодиринг (асабҳоро ором мекунад ва …)

0

Бодиринг серобтарин аз сабзавот аст. Он зиёда аз 90% об дорад. Бодиринг дорои крахмал, қанд, сафеда,  кислотаҳои органикӣ, равғани эфир, витаминҳои A, V, S, RR, E, N ва калий, калсий, натрий, магний, оҳан, фосфор, йод, сулфур, қалъагӣ, мис, фтор, хром, алюминий мебошад.

Муҳим он аст, ки йоди таркиби бодиринг аз ҷониби организм ба осонӣ ҷаббида мешавад.

Афшураи бодиринг ҳангоми сулфа, артрит, омосҳои марбут ба қалб муфид аст. Он системаи асабро ором мекунад, дар ҳоле ки ядро (тухми) бодиринг   кори меъдаро сабук мекунад, ранг ва возеҳии рӯйро нигоҳ медорад, ба сӯхтагиву  варамидани пӯст дармони хубест.

Пӯсти бодиринг барои истифода ба бемориҳои пӯст ва доғҳо аз  хушкшавӣ, кафидагӣ ва ғайра тавсия дода мешавад. Бодиринг на танҳо барои истеъмол, балки барои таъмини зебоӣ ва саломатӣ низ истифода мешавад.

Таҳияи С.Саидова

Мақолаи қаблӣШеър барои гарибон / гариби – Ғарибӣ шеърҳо
Мақолаи баъдӣНикохи муваккат дар ислом (никохи якмоха, яксола ва ғ.)