Оё Навруз иди зардуштиён аст? Чашни Навруз гунох аст?

0

Оё иди Навруз иди зардуштиён аст? Чашни Навруз гунох аст?

Савол: Оё дар мавриди ноҷоиз будани ҷашни “Наврӯз” ягон ҳадисе ҳаст, ки Паёмбар (с) моро аз он боз дошта бошад??

Ҷавоб: Бале; Дар ҳадиси саҳеҳе, ки саҳобаи ҷалилул қадр Ҳазрати Анас ибни Молик (р) ривоят кардааст . Чуноне , ки мефармояд:

عن أَنَسٍ رضي الله عنه قَال : قَدِمَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْمَدِينَةَ وَلَهُمْ يَوْمَانِ يَلْعَبُونَ فِيهِمَا فَقَال : مَا هَذَانِ الْيَوْمَانِ ؟ قَالُوا : كُنَّا نَلْعَبُ فِيهِمَا فِي الْجَاهِلِيَّةِ ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : إِنَّ اللَّهَ قَدْ أَبْدَلَكُمْ بِهِمَا خَيْرًا مِنْهُمَا ، يَوْمَ الأَضْحَى وَيَوْمَ الْفِطْرِ . رواه أحمد ،  ابو داود ، و النسائي .

Расули Худо (с) ба Мадина омаданд ва барои мардум ду рӯз буд, (навруз ва меҳргон) ки барои бози масруф буданд, фармуданд: Ин ду рӯз чист? Гуфтанд : Мо дар ҷоҳилият дар ин ду рӯз бози мекардем, Паёмбари Худо (с) фармуданд: Бидуни шак Аллоҳ (ҷ) ба ивази ин ду рӯз беҳтар аз инҳоро бароятон дода аст, яке иди қурбон ва иди фитр.

Уламо ва муҳаддисин мегӯянд ин ду ид Наврӯз ва меҳргон буд, ки дар замони ҷоҳилият аз форсҳо ба арабҳо ба тариқи расму русум гузашта буд.

Акунун мепардозем, ки муҳаддисин дар мавриди ин ду рузе, ки дар ҷоҳилият аҳли Мадина ба он машғул буданд, ки онро ҷашн мегирифтанд ва ба бозиву тафриҳ машғул мешуданд чи рузе буд, ки Паёмбар (с) моро аз он боз доштанд.

1.-Аллома Олусӣ (р) мефармояд:

Ин ду рузе, ки мардуми Мадина онро ҷашн мегирифтанд, ки Паёмбар (с) омад аз он манъ кард, наврӯз ва меҳргон буд.

(Аллома Олусӣ :”Булуғ -ул Араб _ фи Маърифати Аҳволил Араб “, ҷил, 1, саҳ, 364.)

2.- Муло Али Қории Ҳанафӣ (р) мефармояд:

يومان تلعبون فيهما ؛ و هما يوم النيروز و يوم المهرجان.

Дар он ду рӯзе, ки бози мекарданд; онҳо рӯзи наврӯз ва меҳргон буд.

(Муло Али Қории Ҳуравӣ ; “Мирқот -ул- Мафотеҳ _ шарҳи Мишкот -ул-Масобиҳ, ҷил, 3, саҳ, 1069).

3.- Аллома ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ (р) мефармояд:

أعياد الكفار كالنيروز و المهرجان

Идҳои кофирон, наврӯз ва меҳргон буд.

(Ибни Ҳаҷар; Фатҳ -ул -Илоҳ шарҳи Мушкот . ҷил, 5, саҳ, 309).

4.- Аллома Манновӣ (р) мефармояд:

يومان ؛ النوروز و المهرجان.

Ин ду рӯз наврӯз ва меҳргон буд.

(Аллома Манновӣ; Файз -ул-Қадир шарҳи Ҷомеъ -ус-Сағир”  ҷил, 6, саҳ, 668-669).

5.- Шайх Халил Аҳмади Саҳорнафурӣ  мефармояд:

أى لأهل المدينة ( يومان يلعبون) فيهما ) و هما يوم النيروز و المهرجان .

Барои Аҳли Мадина,ки дар он ду рӯз бози ва тафриҳ  мекарданд, наврӯз ва меҳргон буд.

(Саҳорнафурӣ; ҷил, 2, саҳ, 159)

Ва гуфтааст, ки дар ин масъала ба китоби “Мушкил -ул- Осор” муроҷиат кунед.

6.- Шамсул Ҳаққи Азим Ободӣ (р) мефармояд:

 ( ولهم) أى لأهل المدينة (يومان) و هما يوم النيروز و يوم المهرجان.

Ва барои аҳли Мадина ду рӯз буд, он ду рӯз наврӯз ва меҳргон буд.

(Шамсул Ҳаққи Азим Ободӣ ; Авн -ул– Маъбуд” Китоб -ус-Салоҳ, Боби Салот -ул-Идайн “, ҷил, 3, саҳ 360). Бо ҳамроҳи шарҳи Имом ибни Қаюми Ҷавзӣ.

7.- Аллома Муборак Фурӣ мефармояд:

(و لهم) أى لأهل المدينة ( يومان يلعبون فيهما) و هما يوم النيروز و المهرجان.

Ва барои аҳли Мадина он ду рӯзе, ки буд, дар он тафриҳ ва бози мекарданд, наврӯз ва меҳргон буд.

(Аллома Муборак Фурӣ; “Миръот -ул-Мафотеҳ”, ҷил, 5, саҳ, 44).

8.- Ало ибни Одам (р)  мефармояд:

يومان فى كل سنة يلعبون فيهما ) هما يوم النيروز و المهرجان.

Он ду рӯзе ки дар кулли сол онро ҷашн мегирифтанд ва бозиву тафриҳ мекарданд, он ду рӯз наврӯз ва меҳргон буд.

(Ало ибни Одам ; Шарҳи Сунан-ун- Насоӣ”, ҷил 7, саҳ, 152).

9.- Шайх Абдуллоҳи Бассом (р) мефармояд :

و هذان اليومان : أحدهما يوم النيروز ….

و الثانى : المهرجان

Ин ду рӯз, яке наврӯз буд, дигаре меҳргон .

(Тавзеҳ – ул-Аҳком, ҷил, 3, саҳ, 50).

10- Шайх Албонӣ мефармояд:

Ин ду рӯз наврӯз ва меҳргон буд

(Албонӣ; китобӣ Салот – ул – Идайн фил -Мусалло).

Вақте ин ду рӯз ки наврӯз ва меҳргон аст  Паёмбар (с) моро аз ҷашн гирифтани ин ду рӯз боз дошта бошад, пас чаро мо бояд пофишори карда бар хилофи Паёмбари Худо (с) амал кунем.

Оё ин мухолифат бо Паёмбари Худо (с) нест магар?

Оё ин сарпечи аз коре ки Паёмбар (с) моро манъ кардааст нест магар?

Оё ин бидъат ва кори зишт нест магар ?

Бале, ҷашн гирифтани Наврӯз ин мухолифат бо Паёмбар (с) ва сарпечи аз Паёмбар (с) ва бидаът ва кори зиште дар дин аст…

Инчунин Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд:

 : من مر ببلاد الأعاجم فصنع نیروزهم ومهرجانهم وتشبه بهم حتی یموت وهو کذلک, حشر معهم یوم القیامة .

Агар шахсе ба шаҳрҳои аҷамиҳо (ирониён ва ғайра) сафар кард ва монанди онҳо дар наврӯз ва идҳояшон ширкат кард ва ба онҳо монанди намуд, бар ҳамин ҳолат боқи монд,то ин ки аз ин дунё рафт,пас рӯзи қиёмат ҳамроҳи онҳо ҳашр хоҳад шуд.

Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) мефармояд:

 من تشبه بقوم فهو منهم» (رواه ابوداود).

Ҳар кас (дар амал ва гуфтор монанди қавме бошад,аз он қавм аст.

Агар Наврӯз ба дин вобастаги надошта бошад, пас чаро Паёмбар (с) аҳли Мадинаро аз ин ду рӯз боз дошта дар ивазаш ду иди дигареро бузург дониста аз ҷониби Аллоҳ ҳадя барояшон гардонид.

Сухани аҳли ҳақ шунави магу, ки хатост,
Сухан шинос наи дилбаро хато инҷост.


Мақолаи қаблӣФактҳо дар бораи Dr. Зокир Найк
Мақолаи баъдӣФактҳои ҷолиби илмӣ ва Қуръон дар бораи магас