Намози бомдод дорои чор ракаъат намоз мебошад, ки аз ин 2 ракаъат-суннат ва 2 ракаъат-фарз мебошанд.
Вақти намози бомдод аз дамидани субҳ то баромадани офтоб мебошад.

Нияти суннати намози бомдод
Ният кардам бигзорам ду ракаъат суннати намози бомдод. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”
Нияти фарзи намози бомдод
Ният кардам бигзорам ду ракаъат фарзи намози бомдод. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”
Агар намозгузор мард бошад ва бо ҷамоа намоз хонанд, шахсе, ки аз қафои эмом намоз мехонад, ҳангоми нияти фарз баъд аз калимаи “Каъба” ҷумлаи “иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода”-ро зам мекунад. Яъне нияти намозгузор бо ҷамоа чунин аст:
Нияти фарзи намози бомдод (бо ҷамоа)
Ният кардам бигзорам ду ракаъат фарзи намози бомдод. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”
Нияти намози бомдод, намози бомдод ният, нияти фарз, нияти сунат, вакти намози бомдод.


