Мурчаҳо математикаро медонанд?

0

Олимони энтомолог доир ба тарзи ҳаёти мӯрчаҳои «Cataglyphis fortis», ки дар биёбони Саҳро умр ба сар мебаранд, соли 2006 таҳқиқоте гузаронданд ва тарзи роҳгардиву ҳиссиёти мӯрчаҳо таваҷҷуҳи онҳоро бештар ҷалб кард.

Пажӯҳиш нишон дод, ки мӯрчаҳо дар биёбони Саҳро ба кофтукоби ғизо баромада, аз лонаҳояшон зиёда аз 10 метр дур мешаванд, вале ҳангоми баргашатан ба хона роҳи манзилро ба зудӣ пайдо мекунанд.

Олимони ҳашаротшинос исбот намудаанд, ки мӯрчаҳо ҳангоми баромадан аз хона қадамҳои худро ҳисоб мекунанд ва дар ҳолати баргаштан онҳо аз рӯи натиҷаи рақами охирин қадам мезананд. Ҳатто торикии шаб ба онҳо халал намерасонад. Мӯрчаҳо бо ин роҳ ба лонаҳояшон ба зудӣ бармегарданд.

Муҳаққиқони соҳаи мазкур барои исботи ин амалиёташон яке аз мӯрачаҳоро ҷарроҳии пластикӣ намуданд. Олимон пойҳои мӯрчаҳои «Cataglyphis fortis» – ро бурида дар ҷояш, пойҳои мӯрчаҳои дигарро пайванд намуданд. Пас аз бо муваффақият ба итмом расидани ҷарроҳӣ онҳо мӯрчаро озмоиш намуданд. Мӯрча барои кофтукоби ғизо аз лонааш дур шуд ва ҳангоми баргаштан ба он ягон мушкил пеш наомад, мӯрча ба осонӣ хонаашро пайдо кард. Аз ин ҷо бармеояд, ки мӯрчаҳо аз илми ҳисобу китоб бохабаранд, яъне математикаро медонанд.

https://donish.net/11-daleli-jolib-az-miyoni-hayvonot/

Мақолаи қаблӣАз таърихи ИЗИ АНГУШТ
Мақолаи баъдӣБарои чи? (Саволхои ачоиб)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед