Нияти намози Пешин

0

Намози пешин дорои 10 ракаъат намоз мебошад, ки аз ин 4 ракаъат суннат, 4 ракаъат фарз ва боз 2 ракаъат суннат мебошанд.

Вақти намози пешин баргаштани офтоб аз нуқтаи қиём, аз гаштани соя то расидани сояи ҳар чиз дучанди ҳамон чиз ва то даромадани намози аср мебошад.

нияти намоз, намоз картинка

Нияти 4 ракаъат суннати намози пешин

Ният кардам бигзорам чор ракаъат суннати намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Нияти фарзи намози пешин

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Нияти 2 ракаъат суннати намози пешин

Ният кардам бигзорам ду ракаъат суннати намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар


Агар намозгузор мард бошад ва бо ҷамоа намоз хонанд, шахсе, ки аз қафои имом намоз мехонад, ҳангоми нияти фарз баъд аз калимаи “Каъба” ҷумлаи “иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода”-ро зам мекунад. Яъне нияти намозгузор бо ҷамоа чунин аст:

Нияти фарзи намози пешин (бо ҷамоа)

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози пешин. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”


Нияти намози пешин, 4 ракат сунат ният, фарз, нияти фарзи намози пешин, зухр намоз, бо забони точики.

Мақолаи қаблӣНияти намози Бомдод
Мақолаи баъдӣНияти намози Аср