Намози аср дорои 4 ракаъат фарз мебошад.
Вақти намози аср (ъаср) аз қазо шудани намози пешин, то фурӯ рафтани офтоб, тахминан ду соат пеш аз вақти намози шом хонда мешавад.

Нияти фарзи намози аср (ъаср)
Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози аср. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”
Агар намозгузор мард бошад ва бо ҷамоа намоз хонанд, шахсе, ки аз қафои имом намоз мехонад, ҳангоми нияти фарз баъд аз калимаи “Каъба” ҷумлаи “иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода”-ро зам мекунад. Яъне нияти намозгузор бо ҷамоа чунин аст:
Нияти фарзи намози аср (бо ҷамоа)
Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози аср. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”
Нияти намози аср, намози дигар, намози аср ният, фарзи намози аср, ъаср намоз, вакти намози аср,


