
Зебуннисо Рустамова аз хурдсолӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дошт. Дар ҳама кор чусту чолокиашро нишон медод. Зебуннисо ба камонварӣ меҳри беандоза баст. Вай бисёр машқ мекард. Ниҳоят ба орзуҳояш расид. Зебуннисо дар соли 1975 ду маротиба дар мусобиқаҳои ҷаҳон оид ба камонварӣ дар байни занон соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ин навъи варзиш шудааст.
Зебуннисо Рустамова дар соли 1976 дар Бозиҳои ҷаҳонии олимпӣ иштирок кард ва дар миёни занони камонвари ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ гардид. 8 рекорди ҷаҳонӣ дар варзиши камонварӣ ба Зебуннисо Рустамова аз Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ӯ аввалин зани тоҷик аст, ки дар соҳаи варзиш ба дараҷаи қаҳрамонӣ расидааст. Зебуннисо инсони хоксор, боғайрат, ботамкин ва меҳнатдӯст аст.
Хотираи қаҳрамони ҷаҳон дар варзиш
Ду лаҳзаи ҳаёт барои ман фаромӯшнашуданӣ аст, ки аз он лаҳзаҳо мехостам, ба шумо – хонандагони азиз, ҳикоят кунам.
Соли 1975 дар дастаи бонувони камонвари Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок мекардам. Дастаи мо аз чор нафар иборат буд. Дар арафаи оғози мусобиқаи камонварӣ яке аз духтарони даста хоҳиш кард, ки ба ӯ ёрӣ диҳам. Вақт хеле танг буд, вале ман зуд ба он духтар ёрӣ расондам. Хавфи мағлуб шудан ба ман таҳдид мекард. Роҳбари даста маро аз омадани навбатам дар мусобиқа огоҳ кард. Лекин ман фурсат ёфта, ҳам ба шарикам ёрӣ кардам, ҳам камонамро ба даст гирифтам. Дар мусобиқа Қаҳрамони ҷаҳон гаштам. Шояд пурсед, ки агар ғолиб намебаромадам, оё ғамгин намешудам. Агар дар ҳамон ҳолат ғолиб намегаштам, ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешудам. Барои ман дастгирӣ кардани рафиқу ҳамкасб дар лаҳзаи душвор муҳимтар аз ғалаба буд.
Чандин сол пеш мусобиқаи ҷаҳон оид ба камонварӣ баргузор гашт. Он солҳо Тоҷикистони азизам давлати соҳибистиқлол набуд. Ман дар он мусобиқа ғалаба ба даст овардам.
Президенти федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ дар дасташ харитаи ҷаҳон ба наздам омаду гуфт:
–Канӣ, қаҳрамондухтар, ба ман ватанатро аз ҳамин харита нишон деҳ. Ман ба харита нигаристаму номи Тоҷикистонро наёфтам. Табъам хира шуд, вале нохост чашмам ба кӯҳҳои Помир афтод. Аз хурсандӣ аз ҷоям хестаму бо овози баланд гуфтам:
–Ана! Ана! Бубинед, кӯҳҳои Тоҷикистони ман! Ин – Ватани ман! Президенти федератсия гоҳ ба ман менигаристу гоҳ ба харита ва аз таҳти дил механдид. Вай аз шодию хурсандии ман завқ мебурд. Субҳи рӯзи дигар дар рӯзномаҳо хабару мақолаҳо бо номи «Духтари тоҷик аз кӯҳҳои Помир» чоп шуданд.
Боиси ифтихори бузург аст, ки имрӯз дар харитаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ҷой дорад.
Хонандагони азиз! Ватани худро дӯст доред. Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунед.
Зебуннисо Рустамова
Маълумот дар бораи Зебинисо Рустамова, Зебунисо Рустамова ки буд?, биография Зебунисо Рустамова


