Аломатҳои доштани ҶИН, хориҷ кардани ҷин аз одам

0

Дар мақола ҷавоб ба суолҳои зерин, ки ба Шӯрои уламои ҶТ пешниҳод шуда ва ҷавоб аз эшон оварда мешаванд:

Ассалому алайкум. Чигуна бидонем, ки одам дар дохилаш ҷин дорад ё на? Агар ҷин дошта бошад, кадом сураҳо ва оятҳои Қуръонро бихонем, то ки ҷин аз ӯ хориҷ шавад? Хориҷ шудани онро чигуна бояд донист?

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсони мубтало ба ҷин ғолибан дорои нишонаҳоест, аз ҷумла:

  1. Дар вақти хоб арақ мекунад ва ба зудӣ хобаш намебарад.
  2. Шаб аз хоб бисёр тарсон мехезад.
  3. Хобҳои тарсовар мебинад.
  4. Дар хоб механдад, гиря мекунад ё дод мезанад.

Дар ҳолати бедорӣ шахси мубтало ба ҷин чунин нишонаҳо дорад: 1. Сардардии ҳамешагӣ, ки сабаби узвӣ надорад. 2. Фикрпарешонии ҳамешагӣ. 3. Танбалӣ ва дармондагӣ. 4. Дард кардани аъзое аз ҷисми инсон, монанди дил, сар, даст ё пой, ки пизишкон наметавонанд ташхис ва табобат кунанд.

Ибни Аббос ривоят мекунад, ки зане ҳамроҳи фарзандаш назди Пайғамбар (с) омада гуфт: «Ин фарзанди ман ҷинзада аст ва ҳангоме ки мо таоми нисфирӯзӣ ва шомгоҳӣ тановул мекунем, ба беморӣ гирифтор мешавад ва моро нороҳат месозад». Пайғамбар (с) қафаси синаи он писаракро молида барояш дуо кард. Пас он тифл қай намуд ва аз шикамаш чизе мисли гӯштпорае хориҷ шуд. (Муснади Аҳмад, ҷ. 1, с. 238)

Барои табобати шахси ҷинзада сураҳои зайл хонда мешавад:

Сураи “Фотиҳа”, оятҳои 1 то 5-уми сураи “Бақара”, “Оятул-Курсӣ”, оятҳои 285-286-уми сураи “Бақара”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”.

Пас аз хориҷ шудани ҷин аз бадани бемор аломатҳое, ки дар боло зикр кардем, бартараф мешаванд ва саломатии ӯ маълум мегардад.

Шӯрои уламои ҶТ (02652)

Мақолаи қаблӣВахдати милли – шукуфоии ватан
Мақолаи баъдӣМуаллим ба манзалати падар аст! – Муаллим иншо