Алифбои кадом забон дорои ҳарфи зиёдтарин ва кадоме дорои ҳарфи камтарин маҳсуб меёбад? Ҷавоб ба ин суол барои аксарият аҷиб ва муҳим менамояд. Махсусан дӯстдорон ва забономӯзон мехоҳанд ба ин суол ҷавоб ёбанд. Хостем ба ин суол, ки барои мо низ муаммо буд, ҷавоб пас гардонем.

Алифбо гуфта, ҳарфҳо ва тариби муайяни онҳоро меноманд. Қариб кӯдакони томактабӣ ба суоли “Забони тоҷикӣ дорои чанд ҳарф аст?” ҷавоб дода метавонанд. Забони тоҷикӣ дорои расо 35 ҳарф аст. Аксарият забонҳое, ки аз забони лотинӣ пайдо гаштаанд, алифбояшон аз алифбои забони лотинӣ асос ёфтааст ва дорои 26 ҳарф мебошанд (забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ). Алифбои испанӣ дорои 27 ҳарф ва алифбои итолиёвӣ бо 21 ҳарф хурдтарин алифбо байни алифбоҳои лотинӣ маҳсуб меёбад. Алифбои забони арабӣ дорои 28 ҳарф мебошад. Чунин менамояд, ки алифбои забони тоҷикӣ бо 35 ҳарф назар ба алифбоҳои дигар забонҳо калонтар аст. Аммо ин наонқадар ҳудуди калон аст. Дар дунё алифбоҳое мавҷуданд, ки бо зиёдҳарфӣ пешсафанд.
Зиёдтарин миқдори ҳарфҳо дар алифбои забони кхмерӣ мавҷуданд. Забони кхмерӣ – забони асосии Камбоҷа мебошад. Бо ин забон тақрибан 20 миллион нафар гуфтугӯ мекунад. Алифбои забони кхмерӣ дорои 72 ҳарф мебошад. Ин забон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардидааст. Инчунин алифбои забони убихӣ дорои 90 ҳарф мебошад. Забони убихӣ ба гурӯҳи забонҳои қафқозӣ дохил мегардад. Ин забон аз ҷиҳати доштани овозҳои гуногун бойтарин забон ба ҳисоб меравад. Аммо ин забон ба гурӯҳи забонҳои мурда дохил мешавад.
Камтарин миқдори ҳарфҳо дар забони қабилаи ротокас мавҷуданд. Қабилаи ротокас дар ҷазираи Бугенвил, шарқи Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунанд. Ин забон ба гурӯҳи забонҳои папуассӣ дохил мегардад. Бо ин забон зиёда аз 4 ҳазор нафар гуфтугӯ мекунанд. Алифбои ин забон аз 12 ҳарф (дар баъзе маъхазҳо 11 ҳарф) иборат аст. Алифбои забони онҳо бо ҳарфҳои лотинӣ кор карда баромада шуд, ки ҳарфҳои зеринро дар бар мегирад: a, e, g, i, k, o, p, r, s, t, u, v.
калонтарин алифбо, алифбои калонтарин, алфавити калонтарин бо забони точики


