Одоби хурок хурдан

0

Одоби таомхурии мусулмонон

Дар Ислом, ки Аллоҳ таъоло онро ҳамчун дини инсонпарвариву инсондӯстӣ, дини адолатпарвариву ростӣ, дини сулҳҷӯиву осоиштагӣ ва дини покизагии ботинию зоҳирии инсонро таъминкунанда ба мусулмонон фиристодааст, чизи майда-чуйдае ва назарногире нест. Ҳамаи фармоишоти шариати исломӣ ба манфиати тамоми мардум ва ба манфиати ҳар шахси алоҳида чун узви ҷомеа равона гардидааст. Донишмандону уламои ҷаҳони исломӣ дар асарҳои сершумори худ тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсонро мавриди омӯзиш қарор дода, барои ба меъёрҳои муайян намудаи ин дини муборак мутобиқ намудани кучактарин ҷузъиёти одобу рафтори ҳар як фарди мусулмон низ тавсияҳо додаанд.

Тавсияҳо дар боби одоби мусулмони умуман ва одоби хурокхӯрӣ чун яке аз ҷузъҳо ё паҳлуҳои он низ аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳоло қисми ночизеро оид ба одоби истеъмоли таом ба диққати хонандагони арҷманд пешниҳод намуда, таъкид мекунем, ки дар ин навиштаҷот чизи наве нест, вале ин ҳикматҳоро такрор кардану ёд овардан ҳеҷ гоҳ аз аҳамият холӣ нест:

дуои дастархон

  1. Барои дар танҳоӣ таом хурдан зарурате нест. Агар аҳли оила барои истеъмоли хӯрок ҷамъ шаванд, беҳтар аст, чунки ҳангоми аз як дастархони умумӣ тановул намудан таом бомаззатар ва ширинтару гуворотар мегардад;
  2. Одамони иззатманд аз якҷоя бо дигарон истеъмол намудани таом ҳазар намекунанд, ҳарчанд дар гирди дастархон шахсони бой ё камбағал, ҷавон ё пир, шинос ё ношинос бошанд ҳам;
  3. Ба шахсони бемории рӯҳӣ ё нуқсоне дар бадан дошта иҷозат дода шудааст, ки ҳамроҳи одамони сиҳат ва солимақл сари як дастархон нишинанд, агар аз нуқсонашон зараре ба дигарон нарасад;
  4. Дастҳоро ҳам пеш аз таомхӯрӣ ва ҳам баъд аз он бояд шуст;
  5. Шитоб намудан ва фурӯ бурдани хуроки хеле гарм лозим нест. Бояд камтар сабр намуд. Барои хунук кардани таом пуф кардан мумкин нест;
  6. Шахси мусулмон пеш аз он, ки ба истеъмоли таом шурӯъ намояд, бояд «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» гӯяд ва агар пас аз он дуои «Аллоҳумма борик лано фимо разақтана ва қино азобан нор» («Ё Аллох, ризқи моро барака деҳ ва моро аз оташи дузах наҷот деҳ»)–ро илова намояд, савоб аст; Дуои дастархон >>
  7. Агар фарди мусулмон дар оғози таомхӯрӣ ба ёд овардани номи Худоро фаромӯш кунад, бояд ҳангоми истеъмоли хурок «Бисмиллоҳи, аввалаҳу ва охираҳу» («Бо номи Аллоҳ дар аввал ва дар охир») бигӯяд;
  8. Агар як ё якчанд нафар аз шахсони дар сари дастархон нишаста «Бисмиллоҳ…» гӯянд, кофӣ нест. Ба ёд овардани Парвардигор вазифаи ҳар як мусулмон аст;
  9. Аз ҳар тарафи лаганд гирифтани таом мумкин нест. Бояд аз тарафи наздиктарин бигиранд. Вале, агар дар лаганд меваҷот бошад, аз кадом тараф гирифтан фарқе надорад;
  10. Агар шахси мусулмон таом хурда истода бошаду вақти намоз расад, бояд ӯ аввал хурокашро хурда шавад ва ба намозхонӣ шитоб нанамояд. Вале агар то анҷоми таомхӯрӣ хавфи гузаштани вақти намоз бошад, бояд аввал намоз гузорад. Мақсади ин тавсия он аст, ки бояд мусулмон вақти гузориши намоз фикри хурок намуда, хотирпарешон нагардад;
  11. Бояд фақат бо дасти рост чумча ва ё чангакро истифода намуда хурок хурад. Ҳангоми бе истифодаи чумчаю чангак таом хурдан ё душвор будани истифодаи онҳо бояд бо се ангушти дасти рост таомашро истеъмол намояд. Ҳеҷ гоҳ нони газидаашро ба хуроки дар коса ё лаганд буда нарасонад. Нони газидаро ба чой, ҷурғот, таоми суюк ва монанди инҳо ҳастан низ мумкин нест. Ин амал кароҳиятовар ҳисобида мешавад;
  12. Шитоб намудану ҳарисона таом хурдан ба шаъни шахси мусулмон намезебад;
  13. Агар ба шахси хурокро истеъмолкардаистода таом маъқул шуда бошад, вай метавонад таомро таърифу тавсиф кунад, вале, агар баръакс, маъқул нашуда бошад, бояд аз танқид намудану наҳ задани таом худдорӣ намуда, норозигии худро маълум нанамояд;
  14. Якҷоя хӯрдани таомҳои беҳад гарм ва беҳад хунук тавсия дода намешавад, чунки ин амал ба дандонҳо ва меъда зараровар аст;
  15. Дар сари дастархон суҳбат бояд сабук бошад, иғвоангез набошад. Инчунин баҳсу мунозира намудан ва ё ҳангоми суханронӣ истифода намудани калимаҳои қабеҳу дағал ва нафратовар манъ карда шудааст;
  16. Бо даҳони пур аз хурок сухан гуфтан одати берун аз одоб ҳисобида мешавад;
  17. Агар ҳангоми таомхӯрӣ хурок аз даҳон афтад, ҳаддалимкон онро тоза карда хурдан зарур аст, чунки дар шариат исроф манъ гаштааст. Дар устухон мондани пораҳои калони гушт низ исрофкорӣ ҳисоб меёбад;
  18. Дар сари дастархон ҳангоми таомхӯрӣ салом додану ба салом ҷавоб гардонидан мумкин аст, вале даст фишурда вохӯрӣ намудан нишонаи беҳурматӣ нисбат ба нишастагон ва беодобист;
  19. Фарди мусулмон бояд пурхӯру баднафс набошад. Хурокхӯриро меъда пур нашуда анҷом дадан зарур аст. Ин одат боиси тандурустӣ низ мебошад;
  20. Пас аз истеъмоли таом дарҳол хобидан хуб нест;
  21. Хуроки истеъмолнашуда дар коса ё лаганде, ки дар онҳо он таомро истеъмол кардаанд, инчунин дар дег набояд бимонад. Шустани дегу табақи истифодашуда ҳатмист;
  22. Таомхӯриро анҷом дода ҳар як мусулмон бояд шукри Аллоҳ таъоло намуда, гуяд: «Алҳамду лиллоҳил лази, атъамано ва сақано ва ҷаъалано минал муслимин» («Шукри Аллоҳ, ки ба мо хӯрданию нӯшидани дод ва моро аз ҷумлаи мусалмонон намуд»). Инчунин, метавонад илова намояд: «Аллоҳумма борик лано фиҳи та атъимна хайран минҳу» («Кулли ҳамду сано ба Аллоҳ, ки фаровонӣ додааст. Таоми накуро насибамон гардон ва баракат ато кун!»);
  23. Пас аз таомхӯрӣ дастон ва даҳонро бояд шуст. Дандонҳоро бо чуб ё шёткаи дандоншӯӣ аз боқимондаҳои хурок тоза намудан зарур аст. Ин амалҳо барои нигаҳдории саломатӣ мусоидат менамоянд;
  24. Ҳурмату эҳтироми падару модарро фарзандон ҳатман бояд нигоҳ доранд ва бо ин мақсад аз онҳо набояд таомхӯриро пештар оғоз намоянд. Иззат намудани калонсолон низ яке аз талаботҳои асосии Ислом аст. Инчунин, мизбон ва аҳли оилааш набояд аз меҳмон пештар ба хурокхурӣ сар кунанд;
  25. Бояд ҳар як мусулмон барои бовари ҳосил намудан ба он, ки тамоми хӯроквории берун аз хонааш истеъмол менамудааш низ ҳалол аст (Яъне барои истеъмолаш шариат иҷозат додааст), кушиш намояд;
  26. Ҳангоми хурокхӯрӣ мутоилаи рузномаву маҷаллаҳо ва ё маводи дигар, агар ин амал муҳлати таомхӯриро кашол диҳад, нашояд;
  27. Ҳангоми таомхӯрӣ хоксориро набояд фаромӯш кард;
  28. Шахси мусулмон хобида, рост истода ва ё ҳангоми роҳгардӣ набояд хурок хурад. Бояд дуруст нишаста ба болишт ё чизи дигаре такя накарда таом хӯрад;
  29. Аз хуроки зиёдатӣ ва сарфи вақти зиёд барои таомхӯрӣ бояд парҳез кард. Ҳангоми вохуриҳо бо дӯстону наздикон соатҳои дароз назди дастархон нишастан ва ё бе зарурати таомхӯрӣ густурдани дастархон, ё ба рӯи дастархон барои намоиш гузоштани ҳар гуна хурокаҳо бемаданиятист;
  30. Ба ононе, ки ҳангоми таомхӯрӣ нодуруст рафтор мекунанд, масалан, бо дасти чап хурок мегиранд, дандон ё биниашонро мекобанд, ягон узвашонро мехоранд, даст меафшонанд, ба тарафи бегонаи лаганд даст мебаранд, суханони бемавриду қабеҳ мегӯянд ва монанди инҳо, кушоду равшан ва бетаъхир (вале боэҳтиром ва бе ранҷонидану таҳқир кардану паст задани шаъну шарафи инсониашон) ишора намудан, вазифаи ҳар як мусулмон аст ва ин амал аз доираи одоби ҳамидаи мусулмон берун нест.

Дуои ДАСТАРХОН

Мақолаи қаблӣЧи чизро набояд ба дигарон гуфт? (сирҳои махфии ҳар шахс)
Мақолаи баъдӣДуои муолиҷаи захм ва дона

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед