1. Аз ҳама бохти калонтарини Реал Мадрид дар Ла Лига ин мағлубияти ӯ аз дастаи Эспаниол буд, ки дар ин дидор бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст хурда буд. Ин вохӯрӣ дар мавсими солҳои 1929-1930 байни дастаҳо сурат гирифта буд.
2. Дар аввали таъсисёбӣ ин даста аз соли 1895 то соли 1900 номи «FC Sky» ро дошт. Баъдан президенти ин бошгоҳ ба хулосае омад, ки номи дастаашро дигар кунад. 6 марти соли 1906 ин даста ба худ номи Реал Мадридро гирифт.
3. Аввалин ҷоми ба даст овардаи ин даста соли 1905 дар финали Ҷоми шоҳона бар зидди дастаи Атлетик Билбао буд, ки дар ин дидор Реал Мадрид пирӯз гардида, соҳиби аввалин ҷом дар фаъолияташ гардид.

4. Аз ҳама ғалабаи калонтарини ин даста бошад, бо ҳисоби бузурги 11:2 бар зидди дастаи Элче ба ҳисоб меравад, ки 7-феврали 1960 сурат гирифта буд. Дар тамоми фаъолияти даста бошад, Реал Мадрид тавонистааст дастаи Барселонаро дар даври ½ ниҳоии Ҷоми шоҳона бо ҳисоби ҳангомавори 11:1 шикаст диҳад.
5. Реал Мадрид 29-июни соли 1920 аз тарафи шоҳаншоҳ Алфонсои XIII ҳамчун дастаи шоҳона номгузорӣ шуд. Аз он сол иборатан ин даста то ҳол ин номро дорад.
6. Реал Мадрид дар 80 мавсими фаъолияташ дар Ла Лига 2534 вохӯрӣ анҷом додаст, ки дар ин вохуриҳо бозингарони даста 5285 гол ба дарвозаи ҳарифон зада, 2915 гол ба дарвозаи худ сар додаанд.
7. Эл Классико – ин бозӣ миёни дастаи Барселона ва Реал Мадрид мебошад. Аввалин Эл Классико дар таърихи футбол 13-майи соли 1902 сурат гирифта бо ҳисоби 3:1 бар фоидаи дастаи Барселона ба анҷом расидааст. Дар 163 бозии Эл Классико Реал Мадрид ҳамагӣ 68 маротиба пирӯз, 64 маротиба мағлуб гардида, 31 бозии худро мусовӣ анҷом додаст.
Реал мадрид бо забони точики, маълумот дар бораи Реал Мадрид


