Шеъри хубе бо номи «Дар чавони тоати чандон накардам вой-вой» дар шакли пурра оварда мешавад >>
Дар ҷавонӣ тоати чандон накардам вой-вой,
Тоати шоистаи Раҳмон накардам вой-вой.
Амру наҳйи Ҳақ таъолоро наёвардам ба ҷой,
Хондаму донистаму фармон накардам вой-вой.
Раҳзани имон маро аз роҳи Ҳақ гумроҳ кард,
Пушт бо феъли бади шайтон накардам вой-вой.
Умрро барбод додам бе муносиб ҳайф-ҳайф,
Хокбозӣ ҳамчӯ он тифлон накардам вой-вой.
Аз барои тушаи фардо накиштам донае,
Як гул аз боғи амал хандон накардам вой-вой.
«Иннамо амволукум авлодукум»-ро хондам,
Як назар бар ояти Қуръон накардам вой-вой.
Дар пайи некон нарафтам чун саги Асҳоби Каҳф,
Чанд рӯзе хидмати мардон накардам вой-вой.
На тавофи Каъбаву на хидмати соҳибдилон,
Ёди ҳашру тобеи мизон накардам вой-вой.
Аз қиёму аз кууду аз рукуъу аз суҷуд,
Як амал муставҷиби аркон накардам вой-вой.
Ё Илоҳӣ ҷурми моро ба лутфи худ бубахш,
З-он, ки ёд аз тавбаву эҳсон накардам вой-вой
Азизи Самарқандӣ


