
1. Магас метавонад ба ҳар самт, ба поён, ба боло ва ба чапу рост парвоз намояд ва ё ба як самт парвоз кунад. Магас имкон дорад, тасмим бигирад, ки дар тӯли камтар аз даҳяки сония ба куҷо биравад, ин ба ӯ қобилияти баланди худидоракунӣ ва дифоъро медиҳад.
2. Магас суръати азими парвоз дорад, зеро дар як сония садҳо маротиба қанот мезанад, аз ин рӯ, ӯро ба даст овардан душвор аст.
3. Магас 6 пой дорад, баданаш бо пашмҳои часпак пушонида шудааст, ки ба ҳар гуна ашё, ҳатто ба ашёҳои ҳамвор, ба монанди шиша часпиданро иҷозат медиҳад.
4. Магас 38 мушак дорад, ки 20 – тои он барои ба ҳаракат даровардани болҳо ва 18 мушак барои ҳаракати сари магас ба ҳар тараф фаъол мегарданд.
5. Магас ду чашми мураккаб дорад, аммо миқдори линзаҳо дар дохили чашм тақрибан ба 4000 линза баробар аст ва ҳар як линза ба мағзисарӣ пашша пайваст мешавад, ки чашмҳо қобилияти дидани ҳама самтҳоро ба даст меорад. Чашми магас қобилият дорад дар як сония зиёда аз 100 тасвирро бубинад.
6. Вақте ки магас (пашша) хӯрок мехӯрад, қабл аз фурӯ бурдан ба ҷудо кардани ферментҳои ҳозима оғоз мекунад. Дар ҳар як сония, хӯрок ба меъдаи ҳазмӣ ӯ мерасад ва ба ин васила, барои мисол, барқарор кардани ягон хӯроки рафта ба меъда боз пас берункардани он ғайриимкон мегардад.
Худои Қодир дар китоби Қуръон сураи “Ҳаҷҷ” ояти 73 мефармояд:
“Эй мардумон, достоне падид оварда шуд пас, онро бишунавед: ҳамоно онон, ки ба ҷуз Худо мехонед, магасеро офарида натавонанд – агарчи барои он ҷамъ шаванд ва агар магас чизеро аз онҳо бирабояд, онро аз магас раҳо карда натавонанд. Ҳам толибу ҳам матлуб (яъне: обиду маъбуд – ҳар ду) нотавон шуданд”.


