Матни муқаддима
Он, ки фармон кард қаҳраш бодро,
То сазое дод қавми Одро.
Шарҳи муқаддима
1- Он Худое, ки аз бутпарастии бутпарастон дар қаҳру ғазаб шуд ва бодро, ки мисли баҳру туфон ва бақияи махлуқоти олам лашкари фармонбардори Ӯст, дастур дод то онҳоро ҳалок бисозад.
2-Он қавмеро, ки бо дастуру фармони Аллоҳ таоло бод ҳалок сохтааст, қавми Од ном дорад.
Далелҳои матн
Дар бораи қавми Од, ки Аллоҳ таоло онҳоро бо фиристодани бод ҳалок кардааст, бояд чанд нуктаро дониста шавад:
1-Бо номи Од ду қавм машҳур мебошанд, ки якеро Оди уло, яъне Оди аввал ва дувумашро Оди сонӣ, яъне Оди дуввум мегӯянд. Оди аввал қавми Ҳуд (а) ва Оди сонӣ қавми Солеҳ (а) аст ва муроди Шайх Аттор аз қавми Од,қавми Оди аввал,яъне қавми Ҳуд (а) аст.
2-Қавми Од фарзандони Од ибни Авс ибни Сом ибни Нӯҳ (а) мебошанд, ки дар водии “Мағис” воқеъ дар Яман дар минтақаи дар байни салтанати Уммон ва Ҳазрамавти Яман зиндагӣ мекарданд.
3-Пайғамбари Аллоҳ таоло фиристода барои даъвати қавми Од дар китобҳо бо ду ном зикр шудааст:
1-Обир ибни Шолих ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ алайҳиссалом.
2-Ҳӯд ибни Абдуллоҳ ибни Раббоҳи Ҷоруд ибни Од ибни Авс ибни Ирам ибни Сом ибни Нӯҳ алайҳиссалом.
4- Қавми Од дар замонаш дар дарозии қомат ва бузургҷусагӣ аз тамоми башарияти гузаштаву ҳозира фарқи бисёр доштаанд ва баъди ҳалок шуданашон мисли онҳо дигар аз ҷинси башар инсонҳои нерӯманд ба вуҷуд наомад. Дар оятҳои 6,7,8 сураи “Фаҷр” Аллоҳ таоло дар мавриди онҳо чунин гуфтааст:
{أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ . إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ} )الفجر: 6 – 8(
«Оё надонисти, ки Парвардигорат бо қавми Од чигуна рафтор кард? Қавми ирам (қадим), ки соҳиби қоматҳои баланди сутунмонанд буданд. Ҳамонанди онҳо (дар бузургии ҷисм ва нерӯ) дар шаҳрҳо офарида нашудаст».
5-Баъди туфони ҳазрати Нӯҳ (а) бутпарастӣ аз байн рафт ва ба мурури замон асрҳо баъд дубора дар байни қавми Од зоҳир гардид ва интишор ёфт. Қавми Од се бутро, ки Самад, Самуд ва Ҳар ном доштанд мепарастиданд. Аллоҳ таоло барои ҳидоят ва ислоҳи ин қавм ҳазрати Ҳудро фиристодааст.Чуноне дар ояти 65 сураи «Аъроф» мефармояд:
{وَإِلَى عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ أَفَلَا تَتَّقُونَ} (الأعراف : 65)
“Ва ба сӯи қавми Од бародарашон Ҳӯдро фиристодем, ки ба онҳо гуфт:Эй қавми ман! Аллоҳро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз вай надоред, оё (аз гирифтор шудан ба ғазаби Аллоҳ) наметарсед!”
Аммо бутпарастони қавми Од даъвати Ҳӯд алайҳиссаломро рад карданд ва чуноне дар ояти 70 сураи “Аъроф” омадааст, чунин гуфтаанд:
{ قَالُوا أَجِئْتَنَا لِنَعْبُدَ اللَّهَ وَحْدَهُ وَنَذَرَمَا كَانَ يَعْبُدُ آبَاؤُنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ}(الأعراف: 70)
“Оё барои ҳамин омадаем, ки Аллоҳро ба танҳоияш ибодат бикунем ва ончиро ниёгонамон мепарастиданд тарк бисозем? Пас агар ту аз ҷумлаи ростгӯҳо бошӣ ончиро ба он моро метарсонӣ биёвар!”.
Қавми Од ба ҷои пазируфтани даъвати пайғамбарашон ва ислоҳ шудан, талаб кардаанд то азоби Аллоҳ таоло ваъдакарда барояшон нозил шавад. Дар натиҷа ба қаҳру ғазаби Аллоҳ таоло гирифтор шуданд ва Ӯ таоло шамолро барои нобуд карданашон фиристод ва аз қиссаи ҳалок шуданашон дар оятҳои 6-8 сураи “Алҳоқа” чунин хабар дод:
{وَأَمَّا عَادٌ فَأُهْلِكُوا بِرِيحٍ صَرْصَرٍ عَاتِيَةٍ . سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَى كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ خَاوِيَةٍ . فَهَلْ تَرَى لَهُمْ مِنْ بَاقِيَةٍ} (الحاقة: 6 – 8)
“Аммо қавми Од ба василаи тундбоди саркаш (шамоли бо суръати бисёр баланд вазанда) нобуд шудаанд. Аллоҳ онро ҳафт шабу ҳафт рӯз бардавом ва пай дар пай бар онҳо гумошт, ки дар асари он инсонҳоро медиди мисли дарахти хурмои пуку холӣ болои замин хобида буданд. Оё мебинӣ, ки асаре аз онҳо боқӣ монда бошад?”.
Аммо ҳазрати Ҳуд (а) ҳамроҳи касони аз вай пайравикунандаро, ҳамчуноне дар оятҳои 70-72 сураи “Аъроф” омадааст, Аллоҳ таоло наҷот додааст:
{فَأَنْجَيْنَاهُ وَالَّذِينَ مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَقَطَعْنَا دَابِرَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَمَا كَانُوا مُؤْمِنِينَ}(الأعراف : 70 – 72)
“Пас наҷот додем Ҳудро ҳамроҳи касони бо ӯ буда, бо раҳмате аз ҷониби худ, ва қатъ кардем решаи ононеро, ки оятҳои моро дурӯғ мепиндоштанд ва аз ҷумлаи муъминон набуданд.


