5 тавсия барои муваффақияти касбӣ

0

Ҳар як инсон дар зиндагӣ касберо дӯст медорад.  Ҳар кас вобаста ба табъу завқи худ дар ҳар соҳаи зиндагӣ фаъолият кардан мехоҳад. Аксарияти одамон дар интихоби касб душворӣ мекашанд. Мехоҳанд, аз ӯҳдаи ҳама касб бароянд, аммо як касбро дуруст интихоб намудану муваффақ шудан ва роҳи зиндагиро пайдо кардан на барои ҳамагон  муяссар мегардад. Чаро? Намедонед магар? Донистан мехоҳед?  Пас, ба чанд тавсияи зер, ки Шуморо ба муваффақият мерасонанд, таваҷҷӯҳ кунед.


1. Аввалин коре, ки бояд кунед, завқу ҳавасатонро ба инобат гирифтан аст. Яъне чи тавр? Шумо аз хурдӣ чӣ орзу доштед? Дар оянда аз пушти кадом касб зиндагиатонро пеш бурданӣ ҳастед? Бояд аз он замон интихоб кунеду аз пайи амалаш шавед. Нақши падару модаратонро низ дар интихоби дурусти касбатон хеле муҳим аст. Агар  онҳо аз хурдӣ завқу ҳаваси Шуморо ба назар гиранду  тамоми шароитҳоро барои муваффақ шуданатон муҳайё созанд, пас Шумо, албатта, ин зинаи фаъолиятро бомуваффақ паси сар хоҳед кард ва дар оянда низ роҳи дурустеро интихоб карда метавонед,


2. Вақте як касбро интихоб кардед, ба он  ошиқ шавед. Аз он дил наканед. Ин ҳам боиси муваффақ шуданатон буда метавонад. Нозукиҳои касбатонро аз худ кунед. Аз дигарон ҷиҳатҳои мусбату манфии касбатонро пурсон шавед. Аз пайи ҷиҳатҳои хубаш роҳ паймоед, зеро муваффақиятро бисёриҳо аз ин роҳ пайдо мекунанд.


3.“Ҷангал бе рӯбоҳи маккор нест”- мегӯянд дар урфият. Бисёриҳо касбатонро паст мезананд. “Аз пушти ин касб зиндагӣ як тараф, худатро пеш бурда наметавонӣ” – гуён Шуморо ноумед месозанд. Аммо иродаатонро қавӣ нигоҳ доред. Ноумед машавед, зеро ноумедӣ роҳи муваффақиятҳоятонро мебандад. Аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоед то ба муваффақият бирасед.

2 роҳи асосӣ сӯи муваффақият


4.“Аз пайи ину он шуд, дасти холӣ равон шуд”- беҳуда намегӯянд. Нашавад, ки боз касбатон ба Шумо душворӣ кунаду аз паси дигар касб гардед. Хуб фикр кунед, зеро баромадани қулла кори осон нест. Бисёриҳо касберо интихоб мекунанду ҳатто 4-5 сол меҳнат мекунанд, аммо муваффақ намегарданд. Медонед барои чӣ?  Барои он кӣ  агар касбро мо қулла гӯем, онҳо 90%-и қулларо тай мекунанду дар 10%-и боқимонда душворӣ мекашанду муваффақ нашуда, аз паси касби дигар мегарданд. Ҳол он ки фикр намекунанд, ки  он касби интихобнамудаашон низ оқибат ҳамин хел душвориҳоро ба онҳо рӯ ба рӯ месозад. Ана баъд онҳо дар зиндагӣ мисли шиори дар боло зикршуда муаллақ мемонанд.  Анҷоми ҳама кор мушкил, аммо оқибати хубе ба бор меорад.


5.Ҳурмату эҳтироми касбатонро фаромӯш накунед, зеро аз пушти он нон мехуред. Чи хеле ки падару модаратонро ҳурмат мекунед, касбатонро низ эҳтиром намоед. Қадру қиммати касбатонро танҳо худатон ва ҳамкасбонатон дарк мекунанд. Нагӯзоред, то дигарон касбатонро паст зананд. Барои боз ҳам рушд намудани касбатон барномаҳо тартиб дода, аз рӯйи онҳо амал намоед!


Ин 5 маслиҳатро аз хотир набароред. Ҳатман дар зиндагиатон тағйирот ворид месозанд. Гоҳо  дар вақти мутолиаи зиёд монда мешавед. Барои бартараф кардани хастагӣ метавонед, аз панду андарз ва мақолаҳои ҷолиби сомонаи DONISH.SU истифода намоед!  Орзу кардан хуб аст, аммо амал кардан дигар аст. Пас, хоҳед, ки дар касби интихобнамудаатон муваффақ шавед, ҳоло ҳам дер нашудааст, амал кунед, амал!!!

Стив Ҷобс ва сирри муваффақиятҳои ӯ


Муваффакият, 5 тавсия барои муваффакияти касби, чи тавр мувафак шавем, гуфтахо дар бораи мувафакият, бо забони точики, donish su суйи дониш, donish tj.

Мақолаи қаблӣНазаре ба теннис
Мақолаи баъдӣ4 қадам барои банақшагирии вақт

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед