Матни муқаддима
Он, ки лутфи хешро изҳор кард
Бар Халилаш норро гулзор кард.
Шарҳи матн
1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло зотест, ки барои дӯстонаш лутфу таваҷҷуҳ дорад ва барояшон ғамхорию меҳрубонӣ мекунад ва дар ду олам аз онҳо дифоъ ва пуштибонӣ мекунад.
2-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аз лутфу карамаш оташи алангазанандаро, ки мушрикон банда ва пайғамбараш ҳазрати Иброҳимро дар он андохта буданд сарду безарар кард ва ӯро наҷот дод.
Далелҳои матн
1- Маънои халил. Маънои халил дӯсти хос аст ва маънои халилуллоҳ дӯсти хоси Аллоҳ таолост ва бо ин лақаб пайғамбари Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ҳазрати Иброҳим (а) маъруф аст.
2-Насаби ҳазрати Иброҳим. Иброҳим ибни Озар , яъне Ториҳ ибни Ноҳур ибни Арғӯ ибни Сориҳ ибни Фолиҳ ибни Обир ибни Шолиҳ ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанъон ибни Шис ибни Одам алайҳимуссалом аст.
3-Таваллуд ва вафот. Ҳазрати Иброҳим 1081 сол баъд аз туфони ҳазрати Нӯҳ (а) дар Аҳвоз ё дар Бобули Ироқ ба дунё омадааст ва дар 175 солагияш дар Фаластин аз дунё гузаштааст ва қабраш дар шаҳри Халили Фаластин аст.
4- Оғози даъват. Ҳазрати Иброҳим даъвати худро аз падараш Озар ва қавмаш оғоз кардааст, вале падараш даъвати ӯро напазируфтааст ва баъзе афроди қавмаш пазируфтанд ва мусулмон шудаанд. Бо ин даъвати ӯ ба яктопарастӣ подшоҳи замонаш Намруд ибни Куш мухолифати шадид нишон додааст ва барои хомуш кардани нури даъвати тавҳид, ҳазрати Иброҳимро зинда ба оташи бузурги афрухтааш андохтааст, ки Аллоҳ таоло аз он оташи сӯзон халили худро наҷот додааст. Дар ин мавзӯъ дар оятҳои 60-70 сураи “Анбиё” чунин омадааст:
{قَالُوا حَرِّقُوهُ وَانْصُرُوا آلِهَتَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ فَاعِلِينَ . قُلْنَا يَا نَارُ كُونِي بَرْدًا وَسَلَامًا عَلَى إِبْرَاهِيمَ . وَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَخْسَرِينَ } (الأنبياء: 68 – 70)
“Гуфтанд:Агар коре кардани бошед, ӯро бисузонед ва худоёнатонро ёрӣ диҳед. Гуфтем: Эй Оташ! Бар Иброҳим сард ва саломат бош! Хостанд бар ӯ найранге бикунанд ва мо ононро аз зиёнкортаринҳо гардонидем”.
5-Ҳиҷрати ҳазрати Иброҳим. Ҳазрати Иброҳим ҳамроҳи ҳамсараш Соро ва афроди ба вай имоноварда аввалан ба шаҳри Ҳаррон, ки дар замони мо Аврафа ном дорад ва яке аз шаҳрҳои Туркия мебошад ҳиҷрат кард ва аз онҷо ба Миср рафт. Дар Миср Фиръавн бо ҳамсари ҳазрати Иброҳим майли издивоҷ кард, вале ҳар боре мехост бо вай наздик шавад фалаҷ мегардид. Дар натиҷа аз издивоҷ сарфи назар кард ва барои Соро ғуломзанеро бо номи Ҳоҷар ҳадя кард.
Ҳазрати Иброҳим Мисрро ба қасди Фаластин тарк кард ва дар инҷо Соро ғуломзани ходимаш бударо, яъне Ҳоҷарро ба ҳазрати Иброҳим ҳадя кард ва он ҳазрат дар 86 солагияш аз Ҳоҷар аввалин бор фарзандор гардид ва фарзанди нахусташ ҳазрати Исмоъил буд.
6-Фарзандони ҳазрати Иброҳим. Чуноне гузашт фарзанди бузурги ҳазрати Иброҳим ҳазрати Исмоъил дар 86 солагияш аз Ҳоҷар ба дунё омадааст ва фарзанди дигараш ҳазрати Исҳоқ дар 90 солагияш аз Сора таваллуд шудааст. Мутобиқи баъзе ривоятҳо ҳазрати Иброҳим баъд аз вафоти Сора аз канъониҳо издивоҷ кардааст ва аз он зани канъонӣ шаш писари дигар дорад, ки дар маҷмуъ фарзандонаш ҳашт писар мешаванд.
7-Бунёди хонаи Каъба. Ҳазрати Иброҳим, Ҳоҷар ва писараш ҳазрати Исмоилро ба Макка овард ва ин маконро барояшон ватан ихтиёр кард ва худаш ба Фаластин баргашт. Дар яке аз сафарҳояш ба Макка ҳазрати Иброҳим ҳамроҳи писараш ҳазрати Исмоил Хонаи Каъбаро бунёд кардаанд. Дар бораи бунёд ва таърихи Хонаи Каъба бояд чанд нуктаро дониста шавад:
1-Ҳазрати Иброҳим (а) Хонаи Каъбаро тахминан чаҳор ҳазор сол қабл ҳангоми садсола буданаш бунёд кардааст. Ин бинои ҳазрати Иброҳим деворҳояш баробари қомат буда бом надоштааст ва бо чунин ҳол то соли 605 милодӣ, яъне то панҷ сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом тахминан 2775 сол боқӣ мондааст.
2-Дар 35 солагии Муҳаммад (с), ки мутобиқи солшумории қамарӣ бо соли 605 ё 606 милодӣ рост меояд, қурайшиҳо Хонаи Каъбаро аз нав бунёд кардаанд ва дар сабаби даст ба чунин кор заданашон се иллатро зикр кардаанд:
1 – Дар асари омадани сел вайрон шуда буд ва зарурат ба дубора бино карданаш пеш омада буд.
2 – Дар асари оташ задан ҳароб шуда буд ва зарурат ба дубора бино карданаш пеш омада буд.
3 – Ҳазрати Иброҳим (а-с) деворҳои Хонаи Каъбаро баробари қомати инсонҳо баланд карда буд ва дар он замон Хонаи Каъба бом надошт ва дар асари гузашти ҳазорон сол деворҳояш куҳна ва фарсуда шуда буданд ва назрҳои дар дохилаш бударо дуздида мешуд. Аз ҳамин ҷиҳат дубора аз нав бардоштани деворҳо ва сохтани бом дар болояш зарурат дошт.
Ғайр аз сохтани бом барои Хонаи Каъба пойдеворҳои ҷадиди Хонаи Каъба аз пойдеворҳои қадимаш, аз як ҷонибаш камтар карда шудааст ва дар асари он як миқдоре аз масоҳати дохили Хонаи Каъба аз ончи ҳазрати Иброҳим (а-с) бино карда буд, камтар мебошад.
Аммо он пойдевори аз бинои ҳазрати Иброҳим (а-с) бино карда то ҳанӯз боқист ва онро “Ҳатим” меноманд ва соҳаи байни “Ҳатим” ва девори Каъбаи имрӯза аз соҳаи дохили Хонаи Каъбаи ҳазрати Иброҳим (а-с) бино карда мебошад.
Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (2/146/1583) Пайғамбар (с) ба модари муъминон ҳазрати Оиша (р) чунин гуфтааст:
“وفي صحيح البخاري – 2 / 146 1583 – :عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ، زَوْجِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ لَهَا:أَلَمْ تَرَيْ أَنَّ قَوْمَكِ لَمَّا بَنَوْا الكَعْبَةَ اقْتَصَرُواعَنْ قَوَاعِدِ إِبْرَاهِيمَ؟» فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَلاَ تَرُدُّهَا عَلَى قَوَاعِدِ إِبْرَاهِيمَ؟ قَالَ: «لَوْلاَ حِدْثَانُ قَوْمِكِ بِالكُفْرِ لَفَعَلْتُ”.
“Оё хабардорӣ, ки қавмат ҳангоме Хонаи Каъбаро бино кардаанд, асоси бинои ҷадиди онро аз ончи ҳазрати Иброҳим асос гузошта буд, камтар кардаанд? Ҳазрати Оиша мегӯяд: Ба Пайғамбар (с) гуфтам: Оё дубора онро мисли бинои ҳазрати Иброҳим бунёд накунем? Пайғамбар (с) гуфт: Агар қавми ту мусулмонони ҷадиди нав аз куфр ба ислом рӯ оварда намебуданд, чунин мекардам”.
Таърихнависон сабаби аз як тараф камтар кардани масоҳати Хонаи Каъбаро ва дар натиҷаи он тағйир ёфтани пойдевори бунёдкардаи ҳазрати Иброҳимро дар натиҷаи нарасидани пули ҳалоли барои бинои ҷадид ҷамъшуда гуфтаанд.
3- Дар соли 64 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 684 милодӣ аҳли Ҳиҷоз, яъне Макка, Мадина, Ҷидда ва ғайра саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Зубайр (1-73 ҳиҷрӣ= 622-693 милодӣ)-ро амири худ интихоб мекунанд. Амирии Ибни Зубайр нуҳ сол (аз 64-73 ҳиҷрӣ = 684-693 милодӣ) идома мекунад ва қаламрави амириаш дар Миср, Яман, Хуросон, Ироқ ва аксари манотиқи Шом доман меафканад ва Мадинаро пойтахташ қарор медиҳад.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аз холааш ҳазрати Оиша (р) орзуи Пайғамбар (с)-ро дар бораи васеъ кардани Хонаи Каъба бар асоси бинои ҳазрати Иброҳим бино кардани он бо изофа кардани он масоҳате, ки аз вай кам карда шудааст шунида буд ва дар аснои хилофаташ онро амалӣ кард.
4- Дар соли 65 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 685 милодӣ ҳукумати уммавиҳо ба дасти Абдулмалик ибни Марвон (26-86 ҳиҷрӣ =646-705 милодӣ) меафтад ва ҳашт сол баъди амир шудан ва ҳукуматашро неруманд карданаш дар соли 73 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 692милодӣ амири маъруфаш Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Тоифии Сақафӣ (40-95 ҳиҷрӣ = 660-714милодӣ), маъруф бо Ҳаҷҷоҷи золимро барои шикаст додани Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ва пас гирифтани ҳукумати Ҳиҷоз аз дасташ мефиристад.
Дар ин сол дар асари хиёнати волиёнаш иморати Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) заъиф гардида буд ва қаламрави имораташ танг шуда буд ва бо мушкилоти зиёди дохилӣ даст ба гиребон буд. Дар натиҷа оташи ҷанг аланга мекунад ва Ҳаҷҷоҷ барои ба ҳадаф расидан ҳеҷ эҳтироме ба Хонаи Каъба қоил намешавад ва онро бо манҷаниқ тирборон мекунад, ки дар асари он Хонаи Каъба ва Ҳаҷаруласвад осеб мебинанд.
Дар ин ҷанг саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ба шаҳодат мерасад ва ҳукумати Ҳиҷоз ба дасти Абдулмалик ибни Марвон меафтад ва бо фармони ӯ волии муқарар кардааш дар Ҳиҷоз Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф хонаи Каъбаро дубора хароб мекунад ва мувофиқи он нақшае, ки арабҳо дар ҷоҳилият дар даврони 35 солагии Муҳаммад (с) дар соли 605 милодӣ бунёд карда буданд, дубора бунёдаш мекунад.


