Асбобҳои “боақл”-и техникии рӯзгор

0

Олимон барои беҳтар кардани зиндагии одамон техникаҳои «боақл ё доно»-ро ихтироъ кардаанд. Магар техника ҳам «доно» мешавад? Бале, техника ҳам доно мешавад. Техникаеро, ки бо воситаи смс-паёмак ба соҳибхона дар бораи кори худ хабар мерасонад, техникаи «доно» мегӯянд.

Чӣ тавр асбобҳои техникии рӯзгорро «доно» мекунанд?

Ба асбобҳои техникии рӯзгор асбоби махсуси сенсорӣ насб мекунанд. Сенсорҳо монанди аъзои ҳисси одам буда, ба воситаи рамзҳои махсус кор мекунанд ва онҳо бо смартфон идора мешаванд.

Асбобҳои техникии донои рӯзгор ба мо дар кори хона ёрӣ мерасонанд. Мо ин асбобҳоро дар ҳама ҷо истифода мебарем. Барои ин танҳо зер кардани як тугмача басанда аст.

Саҳарӣ ҳангоми ба кор рафтан модари шумо ба даруни тафдон гӯшт, картошка ё дигар маҳсулотро тоза карда, меандозад. Пеш аз ба хона омадан ба воситаи смартфон ба он фармон медиҳад. Чун ба хона меояд, хӯрок аллакай омода аст.

Яхдонҳои насли нав имкон доранд, ки хунукиро ба тамоми камераҳои яхдон баробар тақсим намуда, маҳсулотро тару тоза нигоҳ доранд. Маҳсулоти гуногун шароити гуногуни нигаҳдорӣ доранд. Дар ин гуна яхдонҳо бе яхкунонӣ ба ҳар як қисм хунукӣ баробар тақсим карда мешавад. Яхдонҳои «доно» маҳсулотро дар ҳарорати муайян нигоҳ дошта, дар бораи вайрон шудани ягон маҳсулот ё тамом шудани муҳлати истеъмоли он хабар медиҳанд. Масалан, агар тухм вайрон шуда бошад ё муҳлати истеъмоли дору гузашта бошад, зуд ба смартфони шумо ба воситаи смс – паёмак хабар мерасонад.

Мошинҳои ҷомашӯйии «доно» либосҳоро шуста, хушк карда, дар бораи анҷоми кор ба воситаи рамзҳои махсус хабар медиҳанд. Мошинаҳои ҷомашӯйии «доно» ҷараёни шустушӯйро беҳтар мекунанд ва аслан каммасрафанд. Буғи махсусе, ки он истихроҷ мекунад, бо об омехта шуда, ҳал шудани хокаи ҷомашӯйиро метезонад ва ба дохили риштаҳои матоъ ворид шуда, онро эҳтиёт мекунад ва ифлосиҳоро мебарорад.

Чангкашаки худкори беноқил аз паси соҳибхона аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар ҳаракат карда, чангу ғуборро ҷаббида мегирад. Бо ин навъи чангкашак дар муддати кӯтоҳ хонаҳоро рӯбучин кардан хеле осон аст.

Тафдонҳои «доно» дар муддати кӯтоҳ барои одамон таомҳои лазиз тайёр мекунанд.

Чунонки медонем, маҳсулоти ғизоӣ аз витаминҳо бой аст. Ҳангоми дар дег пухтани хӯрок қисме аз ин витаминҳо нобуд мешаванд. Аммо тафдонҳои «доно» тарзе сохта шудаанд, ки витаминҳои маҳсулотро бештар нигоҳ медоранд. Тафдонҳои доно инчунин дар бораи пухта шудани хӯрок ба смартфони соҳибхона паёмак мефиристанд. Тафдонҳои навин то 30% истеъмоли қувваи барқро кам мекунанд.

Барномаҳои рамзшикан чӣ гуна кор мекунанд?

Мақолаи қаблӣДуои махсуси вақти хоб
Мақолаи баъдӣҲавопаймо. Дастовардҳои илму техника дар ин замина